«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Файзулло Баротзода – директори Марказ

Соли 1985 шӯъбаи забони арабии факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон­ро бо дипломи аъло хатм намуд ва моҳи июни ҳамон сол ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Хидмати ҳарбиро дар Маркази таълимии Ситоди Генералии Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Красноводски Туркманистон оғоз намуда, сипас барои сафари хидматӣ ба Сурия фиристода шуд ва дар он ҷо то соли 1989 ба ҳайси тарҷумони калони ҳарбии забони арабӣ фаъолият намуд. Баъди бозгашт аз Сурия моҳи апрели соли 1989 дар Институти шарқшиносии АИ РСС Тоҷикистон ба фаъолияти илмӣ ба ҳайси лаборанти калон шурӯъ кард. Минбаъд ҳамчун ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва ходими пешбари илмӣ дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ машғули тадқиқоти илмӣ будааст. Соли 1995 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таърихномаи Балъамӣ ҳамчун сарчашмаи адабӣ» дифоъ намуд. Аз соли 2004 то соли 2007 ба ҳайси котиби илмии Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии раёсати АИ ҶТ кор кардааст. Солҳои 2007-2009 докторанти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва солҳои 2009-2011 муовини директори ҳамин Институт оид ба илм буд. Моҳҳои феврал-апрели соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ таъйин гардид. Моҳҳои апрел-сентябри ҳамин сол ба сифати ҷонишини директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ оид ба илм кор кардааст. Аз моҳи октябри соли 2011 то 13 феврали соли 2015 дар вазифаи ёвари президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Тадқиқоти илмии Баротзода Ф. ба омӯзиши асари «Таърихи Табарӣ» бахшида шуда, дар ин бобат бештар аз 30 мақолаи илмӣ ва 40 мақолаи илмӣ-оммавӣ чоп намудааст. Ӯ ҳамчунин доир ба масъалаҳои омӯзиши муқоисавии адабиёти араб ва тоҷик, фарҳанги исломӣ, Қуръон ва ҳадисшиносӣ тадқиқот анҷом дода, ба тарҷумаи ду сарчашмаи асосии ислом – Қуръону ҳадис низ машғул шудааст. Ӯ бо гузоришҳои илмӣ дар бештар аз 45 конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ ширкат ва суханронӣ кардааст. Дар таҳия, тарҷума ва омодаи чоп намудани асарҳои зерин саҳми арзанда гузоштааст: «Таърихи Табарӣ» дар 2 ҷилд. – Теҳрон, «Замон», 2001. – 1632 с.; «Саҳеҳи ал-Бухорӣ» дар 4 ҷилд. – Душанбе, «Эр-граф», 2004-2012. – 2120 с.; «Қуръони карим». – Душанбе, «Ирфон», 2007. – 602 с.; «Қуръони карим». – Душанбе, «Эр-граф», 2011. – 602 с.  

Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ менависанд. 

13 феврали соли 2015 тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 365 директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шуд, ки то ҳол дар ҳамин вазифа фаъолият менамояд.

Баротзода Ф. бо ифтихорнома ва медали АИ ҶТ сарфароз гардонида шудаст. Ӯ ҳамчунин бо ордени «Шарафи ҳарбӣ»-и Сурия (1988) ва медали «290-солагии Махтумқулӣ»-и Туркманистон» (2014) мукофотонида шудааст.