«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ

Шуъба дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ анҷомдодани корҳои

илмӣ-таҳқиқотии зеринро ба нақша гирифтааст:

- омӯзиш ва таҳқиқи урфу одатҳо, анъанаву маросимҳои миллӣ ва динӣ дар кишвар;

-муайян намудани унсурҳои муттаҳидсозанда ва ба пешрафту инкишофи ҷомеа мусоидаткунандаи анъанаҳо ва маросимҳо;

-пешгирӣ намудани воридшавии анъанаву маросимҳои ғайрисуннатӣ дар байни мардум;

-таҳлили муқоисавии нақши анъанаву маросимҳои миллӣ ва динӣ дар раванди бархӯрд ва муколамаи тамаддунҳо;

- тавсифи умумии анъанаву маросимҳои динии тоҷикон;

-вежагиҳои раванди мутобиқшавии маросимҳои динӣ ба шароит ва талаботи замони муосир;

-эҳёи ҷанбаҳои этнофарҳангии анъанаву маросимҳои динии тоҷикон дар замони истиқлолият;

-зарурият ва аҳамияти иҷтимоиву иқтисодии танзими анъанаву маросимҳои диниву миллӣ;

-равандҳои хурофотӣ дар низоми анъанаву маросимҳо ва роҳҳои бартараф кардани онҳо;

-таҳияи феҳристи анъанаву маросимҳои миллӣ ва динӣ.