Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Шуъба дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ таҳқиқи масъалаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- хусусиятҳои тазоҳури масоили мубрами фиқҳи исломӣ дар ҷомеаи муосир ва усули пажӯҳиши он;

- омӯзиш ва таҳлили омилҳои пайдоиши мактабҳои фиқҳӣ ва таъсири онҳо дар раванди ташаккули ҳуқуқи исломӣ;

- низоми ҳуқуқии ҶТ дар масъалаи таъмини озодии виҷдон ва танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ;

- омӯзиши таълимоти фиқҳи ҳанафӣ оид ба масоили муносибати давлат ба дин;

- омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи дин;

- таҳқиқи илмии мероси фиқҳи ҳанафӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ;

- омӯзиши меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ дар рушди давлатдории миллӣ;

- баррасии меъёрҳои муносибатҳои оилавӣ дар ҳуқуқи исломӣ ва қонунгузории муосир.