«Ихвону-у-муслимин» ва хусусиятҳои зидимусалмонии он

«Ихвону-л-муслимин» (минбаъд «Бародарони мусалмон») созмони сиёсӣ-диниест, ки соли 1928 дар Миср аз ҷониби муаллим Ҳасан ал-Банно таъсис ёфтааст. «Бародарони мусалмон» як равияи идеологии навъи нав дар ислом буда, дар баъзе сарчашмаҳо илмӣ ҳамчун «парастиши дини нав» ва «бунёдгароии исломӣ» шинохта мешавад. Сарчашмаи ақидавии онро асосан идеяҳои панисломистӣ (исломгароӣ) ташкил медиҳад. Вале ақидаҳои панисломистӣ дар идеология ва амалияи «Бародарони мусалмон» хусусияти ифротӣ касб намудаанд, ба хусус андешаи панисломистӣ доир ба таъсиси хилофат ва роҳҳои барқарор кардани он. Ҳарчанд «Бародарони мусалмон» худро як ҳаракати зиддиғарбӣ ва «озодихоҳии мусалмонон» ба қалам медиҳанд, аммо дар асл он хусусияти зиддимусалмонӣ, ҳатто зиддиисломӣ дошта, аз ҷониби Ғарби дунявӣ ба хотири ҳифзи манофеи геосиёсиаш дар ҷаҳони ислом ва аз ҳисоби захираҳои табиии ҷаҳони ислом ҷуброн сохтани костагиҳои иқтисодии худ таъсис ёфтааст ва пуштибони он Ғарби дунявӣ мебошад.

Ҳифзи манфиатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодии Ғарб дар ҷаҳони ислом онро водор сохт, ки андешаҳои хилофати исломиро аз нав эҳё ва дар асоси таҷрибаи теократияи асримиёнагии масеҳӣ, ки ифротитарин шакли теократия буд, таҷдид намояд. Теократияи масеҳӣ, ки бунёди идеологиашро андешаҳои динӣ-сиёсии ниҳоят ифротишудаи калисои католикӣ ташкил медод, баъди рукути илму фалсафаи Юнон қадим ва зуҳури дини масеҳӣ тӯли садсолаҳо Ғарбро дар ҳолати карахтӣ ва бозмондагӣ нигоҳ дошта буд, ки мислашро дигар минтақаҳои асримиёнагӣ намедонист, ҳарчанд ки дини илоҳиёт идеологияи расмии асримиёнагӣ буд. Имрӯз маҳз ҳамин шакли теократияи масеҳиро бо андешаҳои исломи сиёсӣ синтез карда, онро дар либоси исломӣ эҳёву таҷдид намудан, барои пиёда сохтани манфиатҳои геосиёсии Ғарб дар Шарқи исломӣ созгор мебошад.

Зеро барои дар асоси таҷрибаи теократияи масеҳӣ таъсис додани ифротитарин шакли хилофати исломӣ, ақидаҳои динӣ-сиёсии ислом, ба хусус андешаҳо дар мавриди «куфр» хондани ҳама гуна ақидаҳои ғайриисломӣ ва «ҷиҳод», ки бештар хоси исломи бунёдӣ аст, дар ҳифзи манофеи геосиёсии Ғарб дар ҷаҳони ислом хубтар мусоидат менамояд. Ғарб тавонист, ки табиати сиёсии исломи бунёдиро бо теократияи масеҳӣ дар симои «Бародарони мусалмон» бо ҳам омезиш диҳад, то ки ҷаҳони ислом чун Ғарби масеҳии асримиёнагӣ дар ҳолати рукут ва бозмондагӣ қарор дошта бошад.

Ҳамин тариқ, созмони «Бародарони мусалмон» имрӯз таҷассумгари хилофати исломии дар асоси таҷрибаи теократияи масеҳӣ бунёдшаванда мебошад, ки намунаашро мо дар мисоли давлати теократии «вилояти фақеҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон бараъло мушоҳида мекунем. Маҳз ҳамон Ғарб буд, ки Эрони дар замони Ризошоҳ Пҳлавӣ аз нигоҳи илмӣ-технологӣ бо суръати баланд модернизатсия шуда истодаро бо дасти рӯҳонияти  мутаассиби Эрон шикаст дода, низоми асримиёнагиро дар ин кишвар эҳё намуд, ки дар он саҳми «Бародарони мусалмон» низ калон аст. Беҳуда нест, ки «Бародарони мусалмон» бо поягузории ҶИЭ Имом Ҳумайнӣ ҳамкории наздик дошт ва ҳоло ин ҳамкориро бо Ҳукумати исломии ҶИЭ ва ТЭТ ҲНИ идома медиҳад.

Бинобар он мувофиқи барномаи сиёсии аз и барномаи сиёсии аз Ғарб иқтибоскардаи худ барои таъсиси хилофати исломӣ «Бродарони мусалмон» бояд пеш аз ҳама аз роҳи ҷиҳоди идеологӣ (таълимоти Ҳасан ал-Банно) ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии халқҳои мусалмонро дар зери парчами «миллати ислом» шикаста, ҳама гуна низоми дунявиро ҳамчун низоми зиддиисломӣдар зеҳни мусалмонон ҷойгузин созанд, то ки заминаи ақидавӣ-идеологӣ барои бунёди давлату хилофати теократӣ омода гардад. Барои пиёда сохтани ин барномаи худ созмон мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки нахуст зиёиёну донишҷӯёнро ба сафи худ ҷалб созад. Аз ин ҷост, ки намояндагони ин созмон дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуданд.

Давраи ниҳоии фаъолияти «Ихвониҳо»-ро амали «ҷиҳод» ташкил медиҳад, ки онро созмони мазкур дар фаъолиятҳои террористӣ, табаддулоти давлатӣ дар Миср соли 2011 ва дар бунёди «Давлати исломӣ»-и Ироқу Сурия ба намоиш гузошт. Ҳамин тариқ, созмони «Бародарони мусалмон» яке аз ифротитарин ҳаракатҳо дар ҷаҳони ислом буда, аз ҷониби Ғарби дунявӣ бо мақсади дар ҳолати рукуту бозмондагӣ нигоҳ доштани ҷаҳони ислом ва пиёда сохтани манофеи геосиёсии он пуштибонӣ карда мешавад.

                                                      

                                                               Нурулҳақ Қамар

Яндекс.Метрика