«Мавқеъ»: Барномаи таҳлилии Хуршеди Ховар дар радиои «FM Ховар» (нашри ҳаштум)

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Низомиддини Зоҳидӣ, муовини якуми Вазири корҳои хориҷии ҶТ дар нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ширкат намуд.  Соли 2016 ҳайти Ҳукумати Тоҷикистон бинобар иштироки намояндагони ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ», ки дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, нишасти мазкурро тарк карда буд. Аммо ба ин нигоҳ накарда САҲА имсол низ роҳбарон ва намояндагони ТЭТ «Ҳизби наҳзати исломӣ»-ро ба нишасти худ даъват намуданд ва барояшон минбару сухан доданд.
 
Суоли маврди назар низ иин аст, ки Ҳизби дар Тоҷикстон мамнуи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон расман ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудааст ва ин ба чӣ маънист? Чаро САҲА чунин мавқееро дорост?
 
Барои посух ба ин ва дигар суолот ба студияи Радиои Ховар даъват кардем:
 
Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии назди Преиденти Тоҷикистон, ки дар нишасти САҲА дар Варшава иштирок дошт.
 
Абураҳим Капримов, декани факултаи филологияи Шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ӯ низ дар нишасти Варшава ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон ширкат дошт ва Зубайдулло Давлатов, намояндаи Маркази Таҳқиқиоти Стратегии  назди Президенти Тоҷикистон ва коршиноси масоили сиёсӣ.

Видео: