«Рисола дар баёни имон»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ

Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад, маъруф ба Ҳакими Самарқандӣ (ваф. 953) яке аз чеҳраҳои дурахшон дар таърихи фиқҳ ва каломи ҳанафиёни Хуросон ва Мовароуннаҳр ба шумор рафта, дар густариши мактаби ҳанафӣ нақши муҳиме дорад. Ӯ аз худ якчанд китоб ва рисола, аз қабили китоби «Саводи аъзам» ва «Рисола дар баёни имон» ба мерос мондааст, ки дар баъзе сарчашмаҳо бо номи «Мишкоту-л-анвор фӣ баҳси-л-имон ва-л-ислом» низ ёд мешавад. Рисолаи мазкур ҳамчун замима дар охири матни арабии «Китобу-с-саводу-л-аъзам» соли 1896 дар Истамбул ба чоп расидааст.