«Хизмати Имоми Аъзам дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он бузург аст…»

26 феврали соли равон ба Конференсияи илмию амалӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» ва суханронии таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он расо даҳ сол пур мешавад.

Ҳамоиши мазкур, ки «конференсияи ҷумҳуриявӣ» номгузорӣ шуда буд, аз ҷиҳати теъдоди ширкаткунандагонаш аз кишварҳои хориҷӣ, аҳамият ва доманаи мавзӯъҳои дар он баррасишуда ба конференсияи боҳашамати сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт.

15 сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллӣ соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда шуд. Давоми соли 2009 бо мақсади шинохти бештару беҳтари Нуъмон ибни Собит Абӯҳанифа, яъне Имоми Аъзам, таълимоти ҷовидонаи ӯ ва болобарии ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз фарҳангу таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик дар қаламрави Тоҷикистон як қатор конфронсу семинарҳои зиёди илмию амалӣ, маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ, озмунҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ гузаронида шуданд, ки конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳангӣ миллӣ» бахшида ба 1310 — солагии ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва шахсияти барҷастаи олами ислом 26 феврали соли 2009 нахустчорабинӣ аз тадбирҳои сершумори Соли Имоми Аъзам буд.

Дар ин конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» суханронӣ намуда, доир ба паҳлӯҳои мухталифи шахсияти Имоми Аъзам, хизматҳои шоистаи ӯ дар матраҳ намудани гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар дохили уммати исломӣ, шинохти миллӣ ва забони тоҷикӣ, вазъи дин дар Тоҷикистон, хурофоту таассуб ва амсоли инҳо муфассал изҳори ақида намуданд.

Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Бекназари АБӮБАКР бо Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА суҳбат анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: 26 феврал аз санаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси ҷумҳурия­вӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам дар мавзӯи «Моҳияти таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» 10 сол сипарӣ мешавад…

Файзулло Баротзода: Воқеан дар кори ин конфронси муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ намояндагони қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа, фаъолон ва ходимони дин аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар даъват шуда буданд. Баргузории Конфронси мазкур аслан ба Соли бузургдошти фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва шахсияти барҷастаи олами ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшид. Таъкид гардид. ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ густариши ҳамкории ҳамаҷониба барои муайян кардани ҷойгоҳи андешаи миллии тоҷикон дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ имконпазир гардид. Пешвои миллат зикр намуда буданд, ки дар фазои иттилоотии  ҷаҳони имрӯза гуфтугӯи тамаддунҳо барои осоиши фарҳангҳои гуногун ва тақвияти худшиносии миллӣ ва динии халқҳо, аз ҷумла миллати тоҷик мусоидат карда метавонад. Зеро таърихи ташаккули фарҳангии тоҷикон аз ду сарчашмаи бузург — тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Сарвари давлат зимни суханронӣ дар конфронс гуфта буданд: «Аввалин шахсе, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд». Яъне чӣ?

 Файзулло Баротзода: Зикр намудани консепсияи гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар баробари шахсияти Имоми Аъзам аз ҷониби Сарвари тоҷикони ҷаҳон далолат бар он мекунад, ки марзу буми ниёгони мо ҳамчун ҷойгоҳи ташаккули давлату давлатдорӣ ва фарҳанги асилу пешрафтаи куҳан ҷиҳати пазируфтани арзишҳои гаронбаҳои  тамаддунҳои дигар, аз ҷумла дини ислом амалкардҳои шоистаи таҳсин зоҳир намудааст. Омӯзаҳои ахлоқии дини мубини ислом тадриҷан бо урфу анъанаҳои миллии мо омезиши накӯ пайдо намуда, дар айни замон барои бунёди фарҳанги мусулмонӣ ғизои маънавии бузург пешниҳод намудаанд. Мазҳаби фиқҳие, ки Имоми Аъзам поягузорӣ карда буд, платформаи таҳаммулпазирӣ байни фарҳангҳоро дар меҳвари масъалагузориҳо қарор дод, ки аз ҷониби аксарияти мусулмонон пуштибонӣ ва пайравӣ пайдо кард. Чунин эътирофи умумиисломӣ собит менамояд, ки Имоми Аъзам аз тамаддуни гузаштагони худ огоҳии комил дошта, ба арзишҳои он эҳтирому арҷгузории бузург қоил буд. Ӯ тавонист суннатҳои мондагори ниёгони худро барои пайванди устувори пояҳои фарҳанги мусалмонӣ сафарбар намояд. Бояд гӯем, ки дар шароити асримиёнагӣ ҷойгузин намудани ақидаҳои таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангҳои дигар дар матни таълимоти яккахудоӣ кори осон набуд, балки машаққати сангине буд, ки муқовимату душманиҳои зиёд ба дунбол дошт.

АМИТ «Ховар»: Сарвари давлат аз он, ки дар мавъизаву суханрониҳои баъзе воизон ба ҷои тарбияи шаҳрвандон суханони таҳқиромез ва пур аз мазмуни таассубу хурофот роҳ меёбанд, изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, ки «чунин рафтор ба аҳкоми писандидаи дини мубини ислом ва фиқҳи ҳанафӣ комилан мухолиф аст». Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

Файзулло Баротзода: Бояд ёдовар шавем, ки дар Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва солҳои баъдӣ вазъи ҷаҳони ислом ниҳоят ташвишовар гардида буд ва маҷмӯи масъалаҳои дар суханронии Ҷаноби Олӣ баёнгардида ва пешниҳоди роҳҳалҳои онҳо иқдоми саривақтӣ будани худро дар ояндаи наздик ошкор кард. Ин масъалаҳои мубрамро чунин табақабандӣ кардан мумкин аст:

Якум, эътирофи ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ аз ҷумлаи арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ ва кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои динии инсон дар асоси Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон;

Дуюм, зарурати такмил додани сиёсати давлат оид ба дину диёнат ва қабули санадҳои меъёрии нав дар ин соҳаи ҳаётан муҳими кишвар вобаста ба талаботи давру замон. Дар иртибот ба ин масъала ошкор гардид, ки   зарурати таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Консепсияи сиёсати давлатӣ оид ба дин» ва  қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо ҷалби доираи васеи коршиносон пеш омадааст.

Сеюм, вусъати баръалои равандҳои худшиносии динӣ ва афзоиши таваҷҷуҳи ҳам ниҳодҳову созмонҳои мухталифи дохиливу хориҷӣ ва ҳам ҷомеа ба масъалаҳои диниву эътиқодоти динӣ ва таъсири манфии густариши шуури динии баъзе гурӯҳҳо ба ҷараёни таҳкими ваҳдати миллӣ. Дар ин росто, Сардори давлат зикр намуданд, ки «арзишҳои динӣ бо шаклҳои ба миллати мо хос бояд дар ҳамбастагӣ бо фарҳанги миллӣ ҳамчун як қисми таркибии он арзёбӣ карда шаванд». Ҳангоми баҳогузории  чунин масъалаи нозук ба ҷавҳари таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам диққат додан зарур дониста шуд.

Чаҳорум, муаррифии ислом ҳамчун як ҷараёни сирф сиёсӣ, харобкор ва мактаби маънавии хушку холӣ. Дар суханронии Пешвои миллат, баръакс, ду ҷанбаи муҳими ин дини ҷаҳонӣ равшан баён гардид: «дини ислом дар зоти худ ягон айб надорад ва ба сарчашмаи хушунат нисбат додани он куллан бепоя аст» ва «ислом ҳамчун фарҳанги волои инсонӣ ва манбаи бузурги ахлоқӣ хушунату зӯровариро бо тамоми шаклҳои зуҳуроти онҳо маҳкум мекунад».

Панҷум, таъсиси ниҳодҳои зарурӣ оид ба омӯзишу таҳқиқи воқеъбинона, таҳлили амиқи илмии таърихи дини мубини ислом ва нақшу мақоми он дар ҷаҳони муосир, ба мисли Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи эътиқодии мардум ва омода кардани мутахассисони соҳаи дин Донишкадаи исломии Тоҷикистон махсус таъкид гардид. Зарурати ин ниҳодҳо барои рафъи ноогоҳии мардум аз арзишҳои умумиинсонии дини мубини ислом ва нодида гирифтани осори шахсиятҳои бузурги динии халқи худ, аз ҷумла Имоми Аъзам, ки метавонад барои ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва экстремизму радикализми динӣ замина фароҳам созад, муҳим дониста шуд. Аз ин нуқтаи назар, дар ҳамин суханронӣ ҳам барои роҳ надодан ба таъсири  равандҳои ифротӣ зарурати аз худ кардани илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои замонавӣ ва обод кардани Ватани азиз махсус таъкид гардид. Ҳамчунин таълими динӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва аз назорат берун мондани он ташвиқу тарғиби мазҳабу равияҳои исломии барои ҷомеаи мо бегона ва ифротиву экстремистӣ аз ҷониби онҳо, бо ҷалби  коршиносони варзидаи соҳа таълиф ва таҳрири адабиёт ва барномаҳои таълимӣ оид ба  мероси динӣ ва диншиносӣ барин масъалаҳои муҳим дар меҳвари суханронии Президенти муҳтарами кишвар қарор доштанд.

АМИТ «Ховар»: Президенти мамлакат дар ин Конфронс доир ба моҳияти ғояҳои таҳаммулпазирии мактаби эътиқодӣ ва фиқҳи Имоми Аъзам муфассал андешаронӣ карданд. Таҳаммулпазирӣ аз нигоҳи ислом ва дунявият чӣ бартарӣ дорад?

Файзулло Баротзода: Мафҳуми «толерантиа»-и лотинӣ, ки дар забони тоҷи­кӣ бо вожаҳои таҳаммулпазирӣ, дар арабӣ – «тасо­муҳ», дар русӣ – «толерантность» машҳур гаштааст, маъ­нои «пур­саб­рӣ, шикебо будан ва қабул доштан»-ро дорад. Ҳам­чун истилоҳи ҷомеашиносӣ он пазируфтор будан ба ҷа­ҳон­бинӣ, тарзи ҳаёт, рафтор ва анъанаҳои дигарон аст. Та­ҳаммулпазирӣ ҳеҷ гоҳ муодили бета­фо­ву­тӣ ё беэътиноӣ нест. Он ҳамчунин маънои пазируфтани ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти дигаронро надорад, балки ҳамон аст, ки бар дигарон ҳам ҳуқуқи зиндагӣ кар­дан аз рӯйи ҷаҳонбинии худро медиҳад. Дар ин замина, моҳияти таҳаммулпазирии диниро ба таври зерин ифода кардан мумкин аст: «Таҳаммулпазирии динӣ изҳори муносибати хушоянд, гуворо ва писандида аз ҷониби пайравони як дин ба пайравони динҳои дигар ва баръакс аст. Ҳар яке аз онҳо ба бовару эътиқодоти худ пайравӣ мекунанд ва дар айни замон ҳуқуқи якнавохти дигаронро эъти­роф менамоянд». Дар тасаввури мусбати худ таҳаммулпазирии динӣ маънои пазируфтани фарҳангу маърифат, эҳтироми ар­зиш­ҳо ва ақидаҳои динию мазҳабии пайравони динҳои дигарро ифода менамояд. Аз ин дидгоҳ дар суханронии Пешвои миллат даҳ сол пеш зикр гардид, ки «имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 259 масҷиди ҷомеъ, 2983 масҷиди панҷвақта, 87 ҷамоатхонаи исмоилиён, 18 мадрасаи таҳсилоти миёнаи динӣ, Донишкадаи исломӣ ва як силсила ташкилоту созмонҳои динии ғайриисломӣ фаъолият доранд». Ҳамаи онҳо озодона амал мекунанд ва ниёзҳои пайравони худро қонеъ мегардонанд. Дар байни пайравони динҳои мухта­лифи мамлакат дар заминаи эътиқоди динӣ ҳеҷ гуна низоъ ё зиддияте мушоҳида нашудааст ва дар мамлакат фазои таҳаммулпазирии динӣ таъмин гардидааст. Дар фарҳанги миллии тоҷикон таҳаммулпа­зирӣ ва одоби ҳамзистӣ ба таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Барои ҳифз намудани ҳамин фазои ором ва муносибати мусолиматомези пайравони динҳои гуногун “дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам мулоқоту суҳбатҳои роҳбарони мақомоти давлатиро бо намояндагони динҳо баргузор намудан, масъалаҳои марбут ба фаъолияти динӣ, риояи қонунгузориро оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ мавриди муҳокима қарор додан» зарур дониста шуд.

АМИТ «Ховар»: Дар маҷмӯъ, мазҳаби Имоми Аъзам дар мавриди таҳаммулпазирӣ мушаххасан чӣ назар дорад?

Файзулло Баротзода: Маълумоти оморӣ ва таъмини фазои болидарӯҳӣ дар байни пайравони динҳои гуногун, ки дар матни суханронии Сарвари давлат таъкид гардиданд, аслан татбиқи таълимоти таҳаммулпа­зирии мазҳаби ҳанафии Имоми Аъзам аст, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон меросбари бевоситаи он мебошад. Усулҳои фиқҳии мактаби таъсисдодаи Абӯҳанифа дар олами ислом ҳамзистӣ ва ҳамдилии фарҳангҳои гуногунро таъмин карда тавонист.

АМИТ «Ховар»: Ин иқтибос ҳам аз суханронии Сарвари давлат дар он конфронс: «Хизмати Имоми Аъзам дар ҳифзи забони тоҷикӣ, таҳкими мавқеъ ва густариши он бузург аст. Агар ҷаҳду талоши фарзанди донишманди тоҷик намебуд, дар ибтидои пайдоиши ислом доираи истифодаи забони тоҷикӣ метавонист хеле маҳдуд шавад».Имоми Аъзам дар ин самт чӣ корҳо карда буд ва чӣ назар дошт?

Файзулло Баротзода: Бояд бо ифтихор ёдовар шуд, ки маҳз ба шарофати мақому манзалат ва кӯшишу талошҳои Нуъмон ибни Собит ва дигарон барои фарҳанги ниёгон дар матни тамаддуни исломӣ имконият фароҳам омад, ки бисёр масъалаҳои давлату давлатдорӣ ва тиҷорату муомилот аз фарҳанги тоҷикон тавассути аҳкоми фиқҳӣ муаррифӣ шаванд. Ин ҳолат таваҷҷуҳи фақеҳони мусулмонро ба фарҳанги порситаборон афзун кард. Нахуст мусулмонони порснажод ба забони арабӣ асарҳо таълиф намуданд ва наслҳои оянда ҳамин истеъдоди худро бо забони тоҷикӣ амалӣ намуданд. Маҳз имоми Аъзам буд, ки адо намудани баъзе фармудаҳои диниро ба забони тоҷикӣ ҷоиз донист. Ин иқдомҳо минбаъд ба он оварда расонид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони дуюми фарҳанги ислом пазируфта шавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар мавриди фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони порсии тоҷикӣ ҳангоми гузаронидан ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим чӣ гуфта метавонед? Сарвари давлатамон ба ин нукта низ дар суханрониашон таъкид карданд ва гуфтанд, ки ин фатво «мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ гаштани он роҳи васеъ кушод».

Файзулло Баротзода: Дуруст аст, то имрӯз дар олами ислом аслан дуову фотеҳа ба забонҳои арабию тоҷикӣ хонда мешаванд. Бояд махсус таъкид кард, ки нахустин тарҷумаи пурраи Қуръон ба забони хориҷӣ дар замони ҳукмронии амирони сомонӣ ба забони тоҷикӣ таҳаққуқ пазируфтааст. Ин иқдоми бузурги фарҳангӣ дар ташаккули давлатдории миллии тоҷикон такони бузург ворид кардааст ва мақому манзалати забони тоҷикиро дар Осиёи Марказӣ ҳамчун забони расмии давлатӣ то ибтидои асри ХХ нигоҳ доштааст. Шарқшиноси франсузи асри ХХ Анри Корбен дуруст таъкид кардааст, ки маҳз таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилия забони тоҷикиро ба забони дуюми кории ислом табдил дод.

АМИТ «Ховар»: Кадом дигаргуниҳоро тайи ин даҳ сол дар ин масъала Шумо мушоҳида намудед? Тайи ин даҳсола мо дар самти татбиқи ин ақидаи Пешвои миллат то чӣ андоза муваффақ шудем?

Файзулло Баротзода: Метавон гуфт, ки фишурдаи масъалаҳои мубраме, ки дар суханронии Пешвои миллат даҳ сол пеш зикр шуда буданд, ҳамчун барномаи кории ниҳодҳои дахлдор пазируфта шуд. Ин дастуру супоришҳо имкон доданд, ки мо дар масъалаи пешгирии равандҳои номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешем, зиракии сиёсиро баланд бардорем ва ба ҳамаи таҳдиду хатарҳо ҷавобҳои сазовор пешниҳод намоем. Дар натиҷа, новобаста ба нооромиҳои Ховари Миёна роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоиро таъмин намояд.

АМИТ «Ховар»: Чун сухан дар мавзӯи таассуб ва хурофот меравад, нақши зиёиёнро дар мубориза бо таассубу хурофот ва ҳифзи насли наврасу ҷавон аз бегонагароӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? 

Файзулло Баротзода: Ба андешаи мо, зиёиёни мамлакат дар пешбурди фазои солими иттилоотӣ ва фарҳангӣ дар саросари кишвари азизамон нақши муассир доранд. Дар тӯли даҳ соли сипаришуда таълифи асарҳои зиёди дорои хусусияти таърихӣ, динӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ бисёр табъу нашр шуданд. Илова бар ин, шоирону нависандагон тавассути эҷоди асарҳои насрию назмии муосир, олимону коршиносон аз тариқи тарғибу ташвиқи дастовардҳои истиқлолият дар ҷараёни мулоқоту суҳбатҳо ҷиҳати пешгирии таассубу хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ аз мавқеи ватандӯстӣ ширкати фаъолона варзиданд.

АМИТ «Ховар»: Дар хусуси вазъияти динӣ дар Тоҷикистон нигоҳи Шумо чӣ гуна аст?

Файзулло Баротзода: Вазъияти динӣ, ба андешаи мо, муътадил арзёбӣ мегардад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пайравони дину конфессияҳои гуногун мебошанд, барои бе мамониат адо намудани ҳуқуқу озодиҳои худ аз тамоми имкониятҳои зарурӣ бархурдор ҳастанд. Дар ҷомеа ҳеҷ гуна нофаҳмӣ дар заминаи низоъ ва бадбинии динӣ вуҷуд надорад, ки ин дастоварди бузурги даврони истиқлолият мебошад.

АМИТ «Ховар»: Ин ҷо, ки сухан дар бораи озодии дин ва иттиҳодияи динӣ рафт,  суханони Пешвои миллатро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Тоҷикистон кишвари дунявист ва арзишҳои умумиинсонии эътирофшуда ҷавҳари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон аст. Имрӯз мавқеи Тоҷикистонро дар ин самт дар арсаи байналмилалӣ дар кадом сатҳ арзёбӣ мекунед?

Файзулло Баротзода: Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқ­ло­лияти худ дар муқобили даъвоҳои бебунёди исломгароёни наҳзатӣ дастгирии худро аз принсипи дунявият ва таҳам­мулпазирӣ эълон намуд. Ва ин асл дар моддаи якуми Конститутсия дарҷ ёфтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Принсипҳои усулии дар ин модда баёншуда дар тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, бахусус дар самти сиёсати дав­латӣ дар бахши дин пайгирона риоя мегарданд. Дар пеш­гуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи озо­дии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баёни возеҳи фар­ҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷ­дон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эъти­қод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дуня­вӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину маз­ҳаб­ҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон Қонуни мазкур қабул карда мешавад».

Дар ин ҷо бозгӯ намудани чаҳор принсипҳои асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳам­мул­пазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр му­ҳим аст:

Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Бояд гуфт, ки ин принсип метавонад тан­ҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ тат­биқи амалӣ пайдо кунад. Ва ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намуда­анд ва ҳизбҳое, ки ба худ сифати исломӣ гирифтаанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳа­мин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аст.

Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дун­явият мумкин аст, ки бароба­рии пайравони дину маз­ҳаб­ҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷти­мои­ву судӣ имконпазир гардад. Дар давлатҳои теократии хоҳ масеҳӣ, хоҳ мусулмонӣ ва хоҳ динҳои дигар меъёрҳои воқеии таъмини адолат барои ҳамагон вуҷуд надорад. Масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субъекти комили му­носибатҳои ҳуқуқӣ нестанд. Мусулмон ғайримусулмонро «наҷас» ва масеҳӣ ғайримасеҳиро «поганный» (палид) мегуфтанд. Наҳза­тиён касонеро, ки бо онҳо ҳамақида набошанд, ғайримусулмон ва киш­вари Тоҷикистонро бидуни роҳбарияти худ «дору-л-куфр» меномиданд.

Сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо». Бояд гуфт, ки фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намоянда­гони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.

Чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маъ­навии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маъ­навӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи То­ҷи­кистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин мат­лаб ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равия­ҳои дигари дини ислом, бахусус исмоилия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабии форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад.

Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ ва дастуру су­по­риш­ҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмома­лӣ Раҳмон ҳамеша аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад.

Манбаъ:http://khovar.tj/2019/02/hizmati-imomi-azam-dar-ifzi-zaboni-to-ik-ta-kim...

Яндекс.Метрика