Аз инҳо (ҲНИ) дӯстӣ нашояд ҷуст

Чуноне ки ҳамаи мову шумо шоҳид ҳастем низои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ бунёди ақидатӣ дошт.  Маҳз бо кӯшиши ҲНИ амну суботу  ҷомеа хароб гардида, истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери хатар гузошта шуд. Ин гурӯҳ тавассути сӯиистифодаи шиорҳои динӣ дар байни мардум тафриқа андохта бародарро бо бародар, хоҳарро бо хоҳар душман сохт. ҲНИ бо пуштибонии «дӯстони хориҷиаш» кӯшиш ба харҷ дод, ки исломи суннатӣ (ҳанафия)-ро дар кишвар ба исломи бунёдгароӣ табдил диҳад ва тамоми масоили ҷамъиятию сиёсиро на дар асоси ақидаи исломи ҳанафӣ, балки тибқи талаботи исломи бунёдгароии сиёсикунонидашуда ҳаллу фасл намояд. Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ бо сабаби мавқеи зиддимиллӣ ишғол кардани ҲНИ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон  низои динӣ-сиёсӣ на танҳо дар байни ақидаи исломию дунявӣ (коммунистӣ), балки инчунин дар байни ақидаи исломи бунёдгарои аз хориҷ таҳмилшуда ва исломи суннатӣ (ҳанафия) ба вуҷуд омад. 

Дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва озодии виҷдон муайян кардани муносибати давлат ба дин фаҳмиши дурустро дар масъалаи табодули тарафайни давлату дин ташаккул дод. Маҳаки чунин фаҳмишро чунин ғоя ташкил медиҳад, ки ҷудоии дин аз давлат маънои ҷудоии мутлақро надошта, танҳо маънои ҷудоии дин аз сиёсат, яъне аз дастгоҳу мақомоти давлатиро дорад, то ки ягон гурӯҳ натавонад аз тариқи дастгоҳҳои давлатӣ, дин ва  эътиқоди мардумро барои мақсадҳои муғризонаи худ ва вайрон кардани амну суботи ҷомеа истифода барад. Вале идеологҳои  ҲНИ дунявиятро ҳамчун яке аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ инкор намуда, онро ба мардум ба таври дигар фаҳмонидан мехостанд ва дар баромаду мақолаҳои худ, ки дар рӯзномаҳои давриашон ба нашр мерасид дунявиятро чунон шарҳ медоданд, ки гӯё он бо дин комилан мухолиф ва оштинопазир буда, лиҳозо маънои бединиро дошта бошад. Ҳол он ки дунявият ҳамчун присип дар ягон ҳолат озодиии диниро маҳдуд наменамояд ва ягон идеологияро ба ҳайси идеологияи расмӣ қабул надорад.  

Дар айни замон бояд ёдрас шуд, ки сарфи назар аз он дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои динӣ дар замони истиқлолият ба даст овардаанд, баъзан душманони ғоявии мо барои афрӯхтани низоъҳои сиёсию динӣ кӯшиш менамоянд бе ягон асосу далел сиёсати давлати дунявии моро нисбат ба дин нодуруст баҳогузорӣ намоянд. Вале дар асл дар зери шиори озодии эътиқоди динӣ ин душманони ғоявии мо кӯшиши озодона паҳн кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротии диниро, ба мисли ақидаҳои салафигароӣ, ҳизбуттаҳрирӣ, ихвонӣ, ансоруллоҳӣ ва ғайра мефаҳманд, ки ба вайрон кардани назму субот ва амнияти ҷомеаи мо нигаронида шудаанд.

Оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобиовари фаъолияти сиёсӣ-динии ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидаанд. Ҳодисае, ки шаби 4 сентябри соли 2015 ба амал омад,  ҳеҷ фарди миллатдӯсту ватанхоҳ  ва инсонгароро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодиса бори дигар ба мардуми дар тӯли таърих аз дасти ба ном «ҳомиён»-и дини ислому мусулмонон азияткашидаи тоҷик нишон дод, ки пайванди дину сиёсат  ба ин миллати фарҳангсози ситамдида ҳамеша бо оқибатҳои сангин анҷом ёфтааст. 

Чуноне ки аз иқрори пайравони ин гурӯҳ бармеояд ҲНИ соли 1973 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта буд ва аз ҷониби Fарб ва ИМА пинҳонкорона бо мақсади аз дохил вайрон кардани низоми Шӯравӣ таъсис ёфта буд. Нерӯҳои беруна ҳизби мазкурро ҳамчун василаи вайрон намудани Иттиҳоди Шӯравӣ то андозае истифода намудаанд ва имрӯз низ дар амалисозии нақшаи геостратегии қувваҳои манфиатҷӯи минтақавӣ дар Осиёи Миёна метавонад нақши бориз дошта бошад. Ба ин робитаи хеле наздики ҲНИ бо созмону ташкилотҳои «байналмилалӣ» шаҳодат медиҳад. Далели ихтилоф доштани ҲНИ ба низоми давлатдории миллӣ ин аст, ки оинномаи ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад.  Яъне оинномаи ҲНИ дар асоси ақидаҳои фундаменталистӣ эҷод гардида, манфиатҳои миллӣ дар мадди дуюм қарор доранд. Дар чунин ҳолат ҳокимияти теократӣ ба вуҷуд омада ҳуқуқи пайравони дину мазҳабҳои дигар поймол мегардад ва таҳаммулпазирии динӣ дар ин ҷомеаҳо аз байн меравад.

Хулоса, ҲНИ мисли аксарияти  ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии динву сиёсӣ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геостратегии онҳо дар кишварҳои мусалмоннишин табдил ёфтанд ва қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамин давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуктаҳои низоъ дар байни мусулмонон ва сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи геостратегии худ истифода мебаранд. Бинобар ин ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин созмонҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтаанд. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мушоҳида мекунем.

Ногуфта намонад, ки барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқ аст, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд дошта бошанд ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё созанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд  нороҳат мешаванд ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ сӯйистифода намоянд. 

Айни замон моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва вазифаи ҳар як фарди ватанпараст, миллатдӯст ва мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мерававанд, аз он иборат аст, ки фирефтаи макрҳои сиёсиву идологии он гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, нашаванд ва аз гароиш ба онҳо худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафар шахсони бегуноҳи дигар мегарданд. Ҳар як сокини мамлакат бояд барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Фақат дар фазои амну субот, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирии динӣ, садоқату вафодорӣ ба давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ  имконияти ба дастоварҳои назаррас ноил гаштан вуҷуд дорад. Фақат бо чунин услуби давлатдорӣ мо метавонем кишвари азизи худро ба яке аз давлатҳои мутамаддин ва муттарақии ҷаҳон мубаддал созем.