Аз Паём то Паём

 

ДОИР БА ХУСУСИЯТИ МИЛЛӢ ДОДАН 

БА САРУЛИБОСҲОИ ДИНӢ

 

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии масъалаи баланд бардоштани мақому эътибори занон дар татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар Пешвои миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар бораи амалисозии як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои фаъолияти самараноки занон ёдовар шуданд. Дар баробари ин, Роҳбари давлат доир ба риояи қонунҳои миллӣ ва таълиму тарбияи фарзандон аз ҷониби модарону бонувон чунин муроҷиат карданд: "Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд".

Дар партави чунин таъкидҳо эҳтиром гузоштан ва риоя кардани сарулибоси миллӣ низ ба мавқеи ватанхоҳию меҳанпарастӣ зоҳир намудани модарон пайванди ногусастанӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд. Дар воқеъ, рафтори номатлуби як идда занону духтарони мо, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъйиноти пероҳанҳои гуногун нишон медиҳад.    

Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рӯйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибос ва намудҳои он баҳогузорӣ мекарданд.  Пӯшида нест, ки дар шароити пайдоиш ва ташаккули динҳои ҷаҳонӣ нерӯҳои низомӣ дар корномаҳои динию сиёсӣ, ба мисли кишваркушоӣ барои густариши ойини нав, ғазавоти исломӣ ва ҷангҳои салибӣ сафарбар мешуданд. Дар ин замина андешаи сарулибоси ягонаи низомӣ ба зарурати фикр карда баромадани сарулибоси худвежаи динию мазҳабӣ сироят кард. Имрӯз аз рӯйи сарулибос рӯҳониёни пайрави динҳои гуногунро ба осонӣ шинохтан мумкин аст. Яъне, сипоҳиёну диндорон моҳиятан пештозони ифроту ҳадгузорӣ дар масъалаи сарулибос будаанд. 

Истилоҳи сарулибоси исломӣ бошад, маҷмӯи талаботу муқаррароти муайянро ба пероҳани мусулмонон дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ислом ба занону мардони мусулмон иҷозат медиҳад ҳар гуна либосеро бипӯшанд, ки бе зиёдаравӣ ва халали ҳадду ҳудуд пӯшиши ҷисми онҳоро вобаста ба аҷзои муайяни бадан адо кунад ва иффати онҳоро таъмин намояд. Мувофиқи он мардон бояд баданҳои худро аз зонувон боло то ноф пӯшида нигоҳ доранд, ҳамчунин аз пӯшидани либосҳои абрешимӣ ва истифодаи маҳсулоти тилловорӣ худдорӣ намоянд. Аммо барои занон ба ғайр аз кушода будани рӯй ва панҷаи дастон аҷзои боқимондаи баданашон аврат маҳсуб мешавад. Ин матлаб дар сураи Нур, ояти 31 ва сураи Аҳзоб, ояти 59 бо тафсилоти равшан омадааст.   

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала на танҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқкунандаи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бороҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад.  

Сазовори гуфтан аст, ки бо сабаби ҷузъи назокат ва зинати занон будани мӯйи сар дар оятҳои зикршуда ва аҳодиси марбут ба ин мавзӯъ ишораи бевоситаи пӯшонидан ё пинҳон кардани мӯйҳо вуҷуд дорад ва тамоми фақеҳони исломӣ зарурати пӯшонидани тамоми бадан, ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастонро таъкид кардаанд. Ҳамчунин як ҷиҳати дигари масъаларо ба инобат гирифтан ба мантиқ мувофиқ аст, ки шаклу навъҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳои мусулмоннишин аз ҳам тафовути калон доранд. Вале ба ҳар бобат талаботи динии либоспӯшӣ аз рӯйи мазмун ва муҳтаво бо назардошти вежагиҳои анъанаҳои фарҳанги миллӣ мутобиқ гардонида мешуд. Масалан, пероҳанҳои Машриқи исломӣ бо шароити табиию ҷуғрофӣ ва гармои ҷонкоҳи Мағриби арабӣ созгор намеафтоданд. Пӯшиши либосҳои газворашон пахтагин ва ғафс хоси минтақаҳои кӯҳистон буд, вале бо истифодаи ин қабил газвору пероҳан баданро сахт печонидан дар шароити Африқои Шимолӣ боиси дар муддати чанд рӯз ба касалиҳои пӯстии гуногун гирифтор шудани ҳиҷобпӯшон мегардид. Дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан миллидоштаро ба бар мекарданд. Ин сарули-бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳияҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯшиданд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳвонӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси рангоранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.    

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар пазируфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо истилоҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Бритониёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гардидааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад ва дар ҳолати риоя накардани он чораҳои ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкории ҷумҳурии мо бо кишварҳои арабию мусулмонӣ дар масъалаи шаклу намуд ва тарзи либоспӯшии миллии мо таъсири ҳалкунанда расонида истодааст. Ин таъсир бештар дар мӯди муосири сатри исломии занону бонувони мо ба мушоҳида мерасад. Бояд эътироф кард, ки пешниҳоди дизайн ва тарҳи сарулибоси исломӣ асосан аз ҷониби тарроҳони кишварҳои аврупоии узви G7 (ҳафтгона) ба амал баро-варда мешавад. Ҳатто Туркия дар масъалаи пӯшиши исломӣ нусхабардори тарроҳони аврупоӣ мебошад.  

Пас дар вазъияти кунунӣ чӣ бояд кард? Ба андешаи мо, ба эътибор гирифтани ҷиҳатҳои зерин мувофиқи мақсад менамоянд: 

1. Маросими ҳаҷ ҷойгоҳи муносиб барои ба маъраз баровардани тарҳҳои нави фарҳанги муосири сарулибоси динӣ ба шумор меравад ва табиист, ки ҳоҷиёни кишвари мо низ аз ин намоишгоҳ мутаассир мешаванд. Ба хотири ҳифзи амнияти фарҳанги миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ қавми ба ҳаҷ рафтаи моро ба таври шоиставу боиста зарур меояд, ки аз тақлидкорона пӯшидану ворид кардани ҳар гуна либосҳои қавму миллатҳои дигар ба қаламрави ҷумҳурӣ худдорӣ кунанд. Баръакс, бояд ҳоҷиёни ҷумҳурии мо ҳангоми адои маносики ҳаҷ сарулибоси динии миллӣ ба бар кунанд ва онро муаррифӣ намоянд.           

2. Бояд эътироф намуд, ки талабот ба сарулибоси динӣ ва сатри исломӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳсулоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабил либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани онҳоро гирифта метавонад. Зарурати ҳифзи амнияти давлатӣ ва фарҳанги миллӣ тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайни пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ҳам ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро қонеъ гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва ҳам таваҷҷӯҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд.  

3. Дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои порснажод анъанаи сиёҳ пӯшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надоштааст. Ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекардаанд, ки то имрӯз пайгирона идома дорад. Сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеал-ҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.    

4. Дуруст аст, ки нозил шудани ояти ҳиҷоб сатр кардан, яъне пӯшонидани баъзе аъзои бадани занонро воҷиб гардонид. Вале дар фарҳанги тоҷикӣ сатр ба маънои “сару гарданро бо рӯймол пӯшонидан” тибқи муқаррароти суннату анъанаҳои миллӣ ва шароити табиию ҷуғрофӣ навсозӣ карда шуд. Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармонаю ношоиста ва таблиғи сатру ҳиҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз нигоҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб карда мешаванд. Ин қабил бесатрону сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобастагие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест. Дар паҳнкунии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва кинофилмҳои маҳворавӣ низ бисёр қавӣ аст. Боло рафтани рӯҳияи бесобиқаи диндории мардум, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии онҳо ба мураккаб шудани вазъият таъсири манфӣ гузошта истодааст. 

 

 

Файзулло Баротзода  -  Маркази исломшиносӣ дар назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон