Аз сулҳи ҳасанӣ то ҷангҳои ҳусайнӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замони истиқлолият ду раванди асосии қудратхоҳ рўи кор омад: яке нерўи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рўҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд. Ин ду нерўи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо карданд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хидмат” омода будани худро бо ниҳоду нерўҳои беруна танҳо барои расидан ба қудрати сиёсӣ эълон намуданд. Исломгароён бо ин рафтори худ ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои таърихии миллати тоҷик латмаи чонкоҳ ворид намуданд. Ин раванд ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина омода карда, фаъолияти ҳизби пинҳонӣ дар даврони шўравӣ таъсисёфтаро бо номи ҲНИ сахт ба таҳрик даровард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. 
Дар муборизаи ошкорои ҲНИ барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ таъсиргузории назариявӣ-идеологии низоми давлатдории эронӣ ба сабаби ҳамзабон будан ва изи манҳуси фаъолиятҳои амалӣ-ҷиҳодии афғонӣ ба хотири ҳаммарз будан баръало эҳсос мешуд. Наҳзатиҳо аслан зимоми идоракунии ИНОТ-ро комилан ғасб намуданд, аз тариқи таблиғот дар байни мардум мағзшўии мафкуравӣ анҷом дода, муборизаи худро аз майдоншинӣ ва даъвати мардум аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар шурўъ карданд. Рафти мубориза ни-шон медод, ки онҳо дар асоси барнома ва нақшаву қолабҳои сиёсии қаблан тарҳрезишуда амал мекунанд. Тарафдорони онҳо асосан оммаи мардуми бесавод буданд, ки ба ивази дастмузди ночиз ва ваъдаву таҳдидҳо онҳоро ба майдонҳои муборизаи сиёсӣ ҷалб мекарданд. Тибқи мушоҳидаҳои собитшуда баъзе даъватҳо ва шиорҳои замони инқилоби эронӣ дар майдонҳои исломгароёни тоҷик низ садо медоданд, ки аз таъсири нерўҳои берунаи манфиатҷў ва ҳавохоҳони нооромии Тоҷикистон дарак медоданд. 
Вале гуноҳи бузурги нобахшудании наҳзатиён мардумро фиреб дода, ба ҳудуди Афғонистон гурезаву муҳоҷир кардан буд, ки боиси коҳиши обрўву эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣгардид. Ҳамин рафтори ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо то имрўз ҳамчунон норавшан боқӣ мондааст, “ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо”.Дар он даврони пурталотум тасаввур кардан номумкин буд, ки нооромӣ дар давлати Афғонистон ва таъсиргузории он ба вазъияти ҷумҳуриҳои минтақато дараҷае боло меравад, ки ҳатто боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардад. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи рўзгор чунин баҳра дод, ки буриши Амударё ҳамчун ҳарими фарҳангсолорӣ барои Мовароуннаҳр (Трансоксиана) танҳо ҷудошавии марзии мардумон набудааст, балки бо гузашти айём ҷаҳонбинӣ, тафаккур, андешаронӣ, баҳодиҳии арзишҳои миллию динӣ, тарзи зисту рўзгор ва умуман зеҳният (менталитет)-и одамон низ аз ҳам сахт дуру бегона шудаанд. Ва дубора ба ҳам овардани ин парешониҳо кори бисёр мушкил аст ва аслан орзуи ношуданист. Палид будани чунин рафторро Саъдии бузургвор тақрибан 800 сол пеш баён кардааст, ки хондани як қитъаи машҳураш инсонро ба ҳайрат меоварад: наход онро маҳз дар мазаммати наҳзатиён пешгўӣ карда бошад?!
Ҳар ки машҳур шуд ба беадабӣ, 
Дигар аз вай умеди хайр мадор.
Об, к-аз сар гузашт дар Ҷайҳун, 
Чӣ ба дасте, чӣ найзае, чӣ ҳазор.    
 
Шоир таъкид мекунад, ки риоя накардани ҳама гуна таҳримот камоли беадабист ва моҳирона дарёи Ҷайҳун (Амударё)-ро ҳамчун унсури муайянкунандаи ҳамин ҳудудташбеҳ дода, ҳушдор медиҳад, ки ҳолати бадани худро бо оби он тар кардан – хоҳ ба як ҷуръа ва хоҳ ба миқдори зиёд – ба хайри он шахс умед бастанро барбод медиҳад. Пешвоёни ин ҳизби ба ном “худоҷў” бар пояи поймолкунии ҳаримҳо ҳукумати муросои миллӣ ташкил намуданд. Вале гузашти айём нишон дод, ки ҳеҷ кишваре намехост бо онҳо сару кор гирад. Дар муддати кўтоҳи фаъолияти ин ҳукумат ҷангҳои бародаркушӣ қисмати зиёди  ҷумҳуриро фаро гирифт. Кишвар ба вазъияте монанд ба Афғонистони гирифтори ҷанг шабеҳ мешуд. Моликиятидавлатӣбатороҷрафтва ба кишвардаҳҳо миллиард доллар зараримолиюҷонӣмерасид. Танҳомоҳи ноябри соли 1992 иҷлосияитаърихииXVIШўроиОлӣсаддироҳи ин хатаримиллаткушукишварсўзшудатавонист. Баъдибарқароршуданисохтиконститутсионӣ низ таҷрибасобитсохт, китухминизоикоштаи ТТЭ ҲНИ баосонӣбартарафнамешавад. Наҳзатиёниранҷидатўлисолҳои 1992-1997 муборизаимусаллаҳонароидомадоданд. Шаҳрудеҳотвабоғукиштзор, муассисаҳоидавлатӣвахонаҳоишахсӣ ба коми оташкашидашудандвавайронувалангоргардиданд, мардумизиёдкуштавагурезашуданд. Таҳдиди воқеии аз харитаи сиёсӣ маҳв шудани номи Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ҳамин вазъи ҳассос Пешвои миллат новобаста аз хатару мушкилиҳо ба иқдоми наҷиби сулҳофаринӣ дар таърихи навини башарият иқдом намуданд. Баъд аз гузаронидани ҳашт давраи гуфтушунид бо мухолифин 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрорисулҳваризоиятимиллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид ва гурўҳи мухолифин 30% курсиҳои ҳукуматро соҳиб шуданд, вале ҳанўз то оромии комили сиёсӣ ва истиқрори сулҳ сухан гуфтан бармаҳал буд, вале хамирмояи фитрати азалии миллати тоҷик аз ҳамин санаи таърихӣ рў ба иқбол овард. Таҷрибаи таърихӣ ва таҳлили коршиносон собит намуд, ки дастгири молиявӣ ва таъмини мухолифин бо силоҳ ва маводи дигари мавриди ниёзи онҳо аз қаламрави Афғонистони ноором бо мадади ҳизбу ҳаракатҳои исломгаро ворид мегардид. Бояд миллати тоҷик ба хубӣ дарк кунад, ки исломгароёни мо дар шакли ТТЭ ҲНИ иҷрокунандагони лоиҳаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буданд, на чизе беш аз ин. Аз ин сабаб ворид шудани намояндагони онҳо дар ҳайати ҳукумат барои миллати тоҷик ҳеҷ суде наовард. Зиёда аз ин ҳамчун ҳизби сиёсӣ номнавис шудани ҲНИ дар фазои сиёсии кишвар пайваста омили таҳрикдиҳандаи воқеаҳои хунин ва бесарусомониҳо мегардид, зеро ин ниҳоди сиёсӣ аз оғози таъсисёбӣ бо созмонҳои ифротгаро, тундрав ва мубаллиғони ақидаҳои динии харобиовар дар ҳамкории доимӣ қарор дошт. Ба назари мо, баёни як далели воқеӣ барои дарки ниятҳои зишти ин ҳизб басанда хоҳад буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ роҳбари онвақтаи ҳизб озими шаҳри Қум гардида, дар назди гурўҳи ҳазорнафараи донишҷўёни наҳзатӣ дар бораи натиҷаи гуфтушунидҳо бо ҳукумати Тоҷикистон чунин изҳори ақида кардааст: “Мо сулҳи ҳасанӣ кардем, шумо барои ҷангҳои ҳусайнӣ дар Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон омода бошед”. Ҳамин аст то ҳанўз шиори “аъмол би-н-ниёт”-и ин ҳизб ва дигаргун ҳам нахоҳад шуд.  
Аслан имрўз дар шароити сулҳу оромӣ, рушди устувор, тақвияти бахши хусусӣ ва бунёди инфрасохтори васеи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷумҳурии азизамон барои мавҷудияти чунин нерўи сиёсӣ зарурате боқӣ намемонад ва ба таври табиӣ нопадид шудани он як амри воқеист. Ҳодисаҳои даҳшатбори кишварҳои арабӣ, ба хусус дар минтақаи Ховари Миёна гувоҳӣ медиҳанд, ки мавҷудияти созмоне мисли ТТЭ ҲНИ барои оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст. 
Имрўз боядвоқеъбинонаба насли ҷавон оид ба таърихи пайдоиш ва хиёнат-ҳои ин ҳизб маълумоти фарогир дода шавад, аҳдофи шумаш бозгў гардад, зарфият, ғунҷоиш ва ҳайсияти он ба чанд далел зери суол қарор гирад:
1. Агар ин ҳизб дар ҳақиқат аз тарафи рўҳониёни тоҷик ба нафъи мусулмонон идора мешуда бошад, пас чаро бо ниҳодҳои гуногуни хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад, дар ҳоле ки гароишҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онҳо бо арзишҳои суннатии динии миллати тоҷик созгор нест?!
2. Пас аз истиқрори сулҳ як гурўҳ намояндагони ин ҳизб ба сари қудрат расиданд. Суоле ба миён меояд, ки онҳо барои дину мазҳаб, ваҳдати эътиқодӣ ва нашри осори исломӣ бо истифода аз фурсату шароити муносиб чӣ хидмати арзишманде анҷом доданд? Танҳо сарват ҷамъ карданду суннати чанд зан доштан ва бадахлоқии носозгор бо исломро пос доштанд. Илова бар ин, наҳзатиҳо бар ин ақидаанд, ки дар бораи ислом сухан гуфтан, имоматӣ кардан ва муайян кардани арзишу муқаддасоти динӣ ҳаққу ҳуқуқи номаҳдуди аъзои як маҳалро муаррифи-кунандаи ҳизби онҳост. Васуханронию масъалагузориҳояшон ҳатман аз мавқеи “авлиёу-л-Лоҳ” буданд. 
3. Ҳар гоҳ наҳзатиҳо аз қудрат дур мешаванд, аз оҷизию нотавонӣ номи исломро барои худ сипар карда, бо услуби авомфиребона аз беадолатӣ, поймол шудани ҳуқуқҳо ва фишору тазйиқи аъзоёнашон дар тамоми ҷаҳон садо баланд мекунанд, дар ҳаққи миллату ҳукумати кишвар бадгўиҳо раво мебинанд. Аҷабо, яъне агар қудрат дар дасти онҳо нест, пас миллати тоҷик нохуб аст.
4. Рўҳониёни ба ном саршиноси ин хизб ба мазҳабҳои бегона гаравида, қишру табақаҳои гуногуни ҷомеаро низ ба ин равандҳои номатлуб ҷалб мекунанд. Ин самти хатарноки фаъолияти ҳизб метавонад моро дар ояндаи наздик ба даргириҳои сахти эътиқодӣ ва мазҳабӣ мувоҷеҳ созад.
5. Роҳбарияти ин ҳизб пайваста аз кишварҳои хориҷӣ дидан карда, бо китфбўсиҳои хоҷаҳои берунаашон аз онҳо маслиҳат мегиранд. Навор ва суратҳои тасдиқкунанда дар Интернет аз муздур будани ин ҳизб, муддаиён ва роҳбаронаш дарак медиҳад. Афзун бар ин, онҳо дар ҳар ҷое, ки бошанд, саъй мекунанд то умури идораи минбари масҷидҳо дар ихтиёрашон бошад. Масалан, моҳи апрели соли 2018 дар яке аз намозхонаҳои шаҳри Варшава (prayer room), ки дар ихтиёри салафиёни такфирӣ ва ҷиҳодии аз Россия фироркардаи Осиёи Марказӣ қарор дошт, байни салафиҳо ва наҳзатиҳои тоза воридшуда барои имомхатибӣ задухўрд ба вуҷуд омад. Нерўҳои қудратии шаҳр ва исломиёни чеченӣ ба ин ҳодиса дахолат карда вазъиятро ором карданд ва ба наҳзатиҳо оид ба рафтори хашмгинашон ҳушдори ҷиддӣ доданд.  
6. Мусохиба ва гузоришҳои пайвастаи пешвоёни ин ҳизб аз мутею вобаста ва қудратхоҳ будани он дарак медиҳад. Ба хотири некбин намудани хориҷиён нисбат ба ҳизби худ онҳо дар сафарҳои пайваста ба Амрикову Аврупо ва Осиё ҳизбашонро демократию таҳаммулпазир ва ҷабрдида нишон медиҳанд. Вале акнун дар ҳама ҷо аз воқеияти хосторҳои ин ташкилоти тундрав огоҳии комил ёфтаанд.
7. Дар таҷрибаи сиёсии ҷаҳонӣ ҳизбҳое буданд, ки бо роҳи мусаллаҳ ва тах-рибкорӣ барои қудрати сиёсӣ мубориза мебурданд. Вале ҳар гоҳ аз платформаи ифротӣ даст кашида, мехостанд вориди рақобати созандаи сулҳомез шаванд, нахуст аз ҷинояту тахрибкориҳои содирнамудаи худ ба таври ошкоро изҳори пушаймонӣ карда, аз ҳамватанон узрхоҳӣ менамуданд ва талаби омурзиш мехостанд. Дуюм, андешаҳои ифротии идеологияеро, ки дар ойиннома, стратеги-яи фаъолият, суханрониҳо ва маводи нашрӣ иброз шуда буданд, қатъан мавриди накўҳиш қарор дода, аз инчунин андешаҳо даст мекашиданд. Вале таърих то ҳанўз чунин изҳоротро аз наҳзатиёни собиқадор ва навин гувоҳ нест. 
Мисолҳои овардашуда баёнгари онанд, ки ТТЭ ҲНИ арзишҳои динӣ ва миллиро қоил нест ва ба хотири расидан ба аҳдофи сиёсияш аз ягон роҳу усули мубориза рўй намегардонад. Ин ҳизб худро дар зоҳир масъулиятшинос ва хайрхоҳу ғамхори мардуми кишвар медонад, вале дар асл ин ҳама даъвоҳои дурўғин буда, ба ҷуз аз назари мардум пинҳон доштани тавқи муздурии солҳои сол бар гарданашон овезон чизи дигаре беш нест. Бегумон ҳар раванду ҷараёни дурўғин, риёкорӣ ва чоплусӣ оқибат ошкор хоҳад шуд ва он рўзҳо дур нест, ки чеҳраи воқеии ТТЭ ҲНИ ва хоҷагону пуштибонони хориҷиашон шаръан ва моҳиятан ошкор хоҳад шуд. Албатта, хуб мешуд, ки агар роҳбарияти ҳизб бо назардошти вазъи кунунӣ иқрор шавад, ки имрўз дар кишвар ниёзе ба будани чунин ҳизби хусусияти динидошта вуҷуд надорад, ки онро Ҳофизи лисонулғайб басо барҷаста ифода намудааст: 
Эй магас, арсаи симурғғ на ҷавлонгаҳи туст, 
Ирзи худ мебарию заҳмати мо медорӣ. 
 
Файзулло Баротзода – директории Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика