Аз таҷрибаи мубориза бо ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар вилояти Хатлон

Сайқадам Зоирзода
Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои ав-валиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил гардидааст. Бе сабаб нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқта, яъне ба хатарҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтани терроризм ва экстремизмро иброз медоранд.
Дар Паёми имсола 22 декабри соли 2017 Президенти мамлакат дар бораи ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд доштани зуҳуроти терроризм ишора карда, ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа доданро талаб намуданд.
Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки сол ба сол дар ҳудуди вилояти Хатлон низ содир гардидани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ҷиноятҳо вобаста ба фаъолияти экстремистӣ сатҳи болоравиро дошта, он боиси нигаронии ҷиддӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст. Барои мисол, агар дар соли 2016 ҳамагӣ дар ҳудуди вилоят 235 ин қабил ҷиноятҳо ба қайд гирифта шуда бошанд, пас дар соли 2017 адади ин ҷиноятҳо ба 255 ҷиноят расидааст, ки 20 ҷиноят зиёд мебошад.
Содиршавии ин ҷиноятҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ ҷой дошта, ҳамагӣ дар ин давра 85 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба қайд гирифта шудаанд. Ҷой доштани ин ҷиноятҳо ва зиёдшавии онҳо, пеш аз ҳама, ба амнияти миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа таҳдид ва хатари ҷиддӣ дорад. Албатта ҳамаи ин сабаб ва омилҳои худро доранд.
Яке аз сабабҳо ин фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим, таблиғи ғояҳои ин зуҳурот ва сафарбар гардидани шаҳрвандон ба марказҳои экстремистию террористӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мафҳумҳои «экстре-мизм» ва «терроризм» дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷи-кистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ва «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ба пуррагӣ оварда шудаанд.
Экстремизм ин зиёдаравӣ намудан, изҳори фаъ-олияти ифротии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳо-кимият, ангезонидани миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Терроризм тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷум-ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», яъне зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтани ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён овардани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти хокимият қабул намудани қарори барои тер-рористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиат-ҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва ё дигар манфиатҳои онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти констутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯйқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста ба фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаҳои нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошад.
Дар ҳар дуи ин мафҳумҳо содир намудани амалҳо аз қабили ноором сохтани вазъият, амнияти давлатӣ, даъвати нооромӣ, барангехтани ҷанг, дигаркунии сохти конститутсионӣ дида мешавад ва мақсади ниҳоии ин амалҳо ё кирдорҳо ғасби ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
Бояд қайд кард, ки имрӯз бо мақсади ҳимояи сохти конутситутсионӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаҳои даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва сиёсӣ ғайриқонунӣ дониста шуда, амали онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Аз ҷумла, дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” (29.09.2015), “Ҳизбу-т-Таҳрир” (11.03. 2008), “Ҳизби Исломии Туркистон” (30.03.2006); ҳаракатҳои “ал-Қоида”, “Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари-е-Тайиба”, “Даъват ба Ислом”, “Тоҷикистони Озод” (30.03 соли 2006) ва “Гурӯҳи 24” (09.10.2014); ташкилотҳои “Давлати Исломӣ” (ДИИШ), “Ҷабҳату-н-Нусра” (14.04.2015), ташкилоти динии миссионерии “Созмони Таблиғот”; ҷамъиятҳои “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” (03.05.2012), “Ҷамъияти Таблиғ” (30.03. 2006), “Ҷамияти Исломии Покистон”(30.03.2006); ра-вияи динии “Салафия” (8.12.2014) ҳамчун иттиҳод ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гар-дида, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудаанд.
Нашри рӯзномаи онҳо қатъ карда шуда, сомонаҳои интернетии ин ташкилотҳои террористӣ-эктремистӣ баста шуданд, воридот, паҳн намудани аудио ва ви-деосабтҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ин ҳизбу ташкилотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Фаъолият дар сохтори ин ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тарафдорӣ кардани мақсаду ғояҳои онҳо ва содир кардани дигар амалҳо ба манфиати онҳо ҳамчун ҷиноятҳои муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат эътироф карда мешавад.
Дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназар-дошти ин ҳолатҳо бобҳои алоҳида оид ба ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат амал карда истодаанд. Хотирнишон бояд кард, ки боби 29 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13 моддаро дарбар мегирад, бевосита ба ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат бахшида шудаааст. Бо дарназардошти хусусият ва дараҷаи хавфнокияшон аксарияти онҳо ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил шуда, раводиди ин моддаҳои КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 25 сол ва ҳатто ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Масалан, дар қ.2, моддаи 305 КҶ, яъне хиёнат ба давлат чазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ 15 то 25 сол, ё ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ кардааст. Ба ҳамин монанд моддаи 3073, қ.2 КҶ ҶТ иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол пешбинӣ гардидааст.
Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа бояд донад, ки ягон амали ғайриқонунӣ ва ҷинояткорона бе ҷавобгарӣ ва ҷозо нахоҳад монд.
Дар соли 2017 аз тарафи суди вилоят ва шаҳру но-ҳияҳо 72 парвандаи ҷиноятӣ, нисбат ба 88 нафар мар-бут ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ дошта бо боровардани ҳукми айбдоркунӣ баррасӣ гардидааст. Бо ҳамаи парвандаи ҷиноятии баррасишуда 88 нафар судшавандагон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
Чунончи Раҷабов Сайфулло Амонович, зода ва ис-тиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, худ дар масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Айнии ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳайси имомхатиб фаъолият карда истода дар амри маъруфи худ ақидаҳои ҷараёни «Салафия»-ро тарғибу ташвиқ намудааст, ин амалҳои ӯ миёни намозгузорон боиси барангехтани кинаю адовати динӣ гардида, норозигии намозгузоронро ба вуҷуд овард.
Илова бар ин, Раҷабов С.А. аз фаъолияти тарғи-ботии худ дар масҷидҳои ноҳия қонеъ нагашта, 12-уми январи соли 2017 дар ҷанозаи яке аз сокинони ҳамин ноҳия иштирок карда, дар вақти ба хок супоридан китоби «Маҳмуду-л-фатово»-ро далел оварда гуфтааст, ки баъди фавти шахс гузаронидани хатм ва дуо кардан дуруст набуда, «бидъат» мебошад, ки бо ин кирдорҳояш норозигии иштирокчиёни ин маъракаро ба вуҷуд овардааст.
Аз рӯйи ин ҳолатҳо санаи 04 марти соли 2017 аз ҷо-ниби ШТ РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, нисбат ба Раҷабов С.А. бо моддаи 307 (3) қис-ми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи Суди вилояти Хатлон баррасӣ гардида, номубрда бо ҳукми суд ба мӯҳлати 6,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз хатари ҷиддии ин падидаи номатлуб дар он ифода меёбад, ки аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ бештар ҷавонон ҷалб карда шуда истодаанд. Таҷриба нишон дод, ки ҷалб намудани ҷавонони Тоҷикистон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар чун қоида яке аз марҳилаҳои ибтидоии шомил намудани онҳо ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ мебошад.
Ҷавонон сараввал барои гирифтани таълимоти динӣ ба кишварҳои хориҷӣ, ба хусус давлатҳои Ховари Миёна сафар намуда, баъдан аз ҷониби эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ ба таълим дар марказҳои таълимии ҳарбӣ ҷалб гардида, ба амалиётҳои ҷангӣ дар сафҳои ташкилотҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳату-н-Нусра», “Толибон” ва ғайра сафарбар карда мешаванд.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда то 01 апрели соли 2018 1532 нафар сокинони вилоят дар давлатҳои хориҷӣ ба таҳсили ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шуда буданд, ки 1388 нафари онҳо баргардонида шудаанд.
Бояд қайд кард, ки бевосита дар ҷараёни санҷишҳои прокурории гузаронидашуда ба 63 нафар волидон ва хешовандони наздики толибилмоне, ки тариқи ғайрирасмӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, огоҳиҳои расмӣ супорида шуд. Ба ин васила соли 2017 31 нафар ва дар 3 моҳ 4 нафар ба Ватан баргаштанд.
Новобаста аз ин ҳоло дар хориҷи кишвар 145 нафар боқӣ мондаанд. Дар хориҷа боқӣ мондани онҳо, чӣ тавре қайд гардид, хатар дорад, зеро онҳо, пеш аз ҳама, хилофи қонунгузории амалкунанда бо таҳсили динӣ фаро гирифта шудаанд ва зиёда аз ин зимни санҷишҳо муайян гардид, ки 43 нафари онҳо аллакай ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аъзо гаштаанд ва нисбаташон парвандаҳои ҷиноятии дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ оғоз карда шуда, кофтукови онҳо эълон гардидааст. Инчунин ҳоло 101 нафар дар хориҷа боқӣ мондаанд, ки барои ба Ватан бозпас овардани онҳо мо бояд дар якҷоягӣ чораандешӣ намоем.
Бо мақсади пешгирӣ кардани иштироки шаҳрван-дони ҷумҳурӣ ва шахсони бешаҳрванд ба ҳайати во-ҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ба КҶ моддаи 401 иловаи 1 ворид гардид, ки санксияи ин модда ҷазоро дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол пешбинӣ кардааст.
Бояд қайд кард, ки даҳҳо нафар ҷовонони тоҷик барои ҷалб ва иштироки ғарйиқонунӣ дар воҳиди му-саллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд.
Ҳамзамон аз истифода аз фурсати муносиб хотир-нишон карданием, ки тибқи эзоҳи ин моддаи КҶ шахсе, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар амалҳои зикршуда даст мекашад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Ба ҳамин монанд тибқи эзоҳи моддаҳои 3072 (ташкил ва иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 3073 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, аз иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Дар таҷриба ҳам аллакай як чанд нафар сокинони шаҳри Душанбе, вилояти Суғду Хатлон, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ буданд, ҳатто бархе аз онҳо дар давлати Сурия таълимоти ҳарбӣ гирифтаанд, ихтиёран ба мақомоти дахлдор ҳозир шуда, дар ин бора иттилоъ доданд, онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо дастрасии эзоҳи моддаҳои зикргардида бинобар дар кирдорашон набудани аломати таркиби ҷиноят аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуда, қисми парвандаҳои ҷиноятӣ нисбаташон қатъ карда шуданд.
Тавре ки Президенти мамлакат дар вохӯрияшон бо кормандони мақомоти прокуратура санаи 13 марти соли 2018 қайд намуданд “мақсади муқаррароти зикршуда аз он иборат аст, ки шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвар аз иштирок дар амалиёти мусаллаҳона дар қаламрави дигар давлати хориҷа даст кашида, ба Ватани худ ба назди пайвандонашон баргарданд, фарзандони хешро ятим накунанд, ба заҳмати созанда машғул шаванд ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бадном накунанд”.
Дигар проблемаи ташвишовар дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар он мебошад, ки доираи муайяни насли наврас ва ҷавонон саводи динию дунявии заруриро надоранд. Аъзоёни ҳизбу харакатҳои мамнӯи экстремистӣ ва террористӣ ин қабил шаҳрвандонро ба доми худ дароварда, барои ба амал баровардани мақсадҳои ғаразноки худ онҳоро истифода бурда истодаанд.
Кормандони прокуратураи вилоят ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ, ба хусус ноболиғон ва ҷавонон, тарбияи ҳуқуқии онҳо дар рӯҳияи созандагӣ ва ватанпарастӣ ва бо мақсади боло бурдани дониши ҳуқуқӣ ва худшиносии миллии онҳо, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав чораҳои судмандро андешида истодааст.
Танҳо дар соли 2017 аз тарафи прокуророн 413 ма-ротиба ва дар се моҳ 190 вохӯрию суҳбатҳо дар байни аҳолӣ ва коллективҳои меҳнатӣ, донишҷӯёну мактаб-бачогон доир намуда, тариқи васоити ахбори омма дар ин давра 165 маротиба баромадҳо анҷом додаанд.
Чорабиниҳо, корҳои умумипрофилактикӣ ва фардии кормандони прокуратураи вилоят, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ то андозае дар пешгирии шомилшавии сокинони вилоят ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ таъсири мусбати худро расонидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шомилшавии сокинони вилоят ба созмони терро-ристии “ДИИШ” солҳои охир то андозае коҳиш ёфта-аст. Вале ин ҳолат набояд мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеаро ором гузорад, зеро моҳи феврали соли 2018 як гурӯҳ тарафдорони ин ташкилоти террористӣ дар ноҳияи Фархор бо роҳи афрохтани байрақи ДИИШ даъвати оммавиро ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварданд.
Бо андешидани чорабиниҳои фаврӣ ва тафтишотӣ саркардагони ин амали ҷинояткорона муайян карда шуданд, як гурӯҳи онҳо дастгир карда шуда, тафтишоти пешакии ин парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Дар охир ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт аз номи прокуратураи вилоят таклифҳои зеринро пешниҳод карданием:
1. Фаъолияти кории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар самти мубориза бар зидди паҳншавии ҳаракат ва ҷараёни экстремистӣ пурзӯр карда шуда, бо мақсади солим гардонидани вазъи маънавию ахлоқии ҷомеа, фаҳмондани мақсаду мароми ғаразноки ҷараёну ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳии зидди онҳо боз ҳам ҷоннок карда, вохӯриву суҳбатҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои осебпазир ва миёни наврасону мактаббачагон гузаронида шавад.
2. Ба мактаббачагон ва донишҷӯён бештар фанҳое, ки онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба волидон, инсон ҳамчун шахсият, новобаста аз мансубияти миллӣ ё мазҳабии ӯ, худшиносии миллӣ, эхтиром ба Ватан тарбия намояд, омӯзонда шаванд.
3. Дар барномаҳои таҳлилии барои ноболиғону ҷавонон тариқи телевизион таҳияшаванда бештар тарғибу ташвиқ намудани оилаҳои намунавӣ, наврасону ҷавонони комёб, тарғиби дастовардҳои илмӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва амсоли инҳо ба роҳ монда шаванд.
4. Судҳои сайёр бо ин категорияҳои парвандаҳои ҷиноятии дар суд баррасишаванда бештар гузаронида шаванд.
5. Бо мақсади боз ҳам пурсамар ба роҳ мондани чорабиниҳои пешгирикунанда фаъолияти тарғиботӣ оид ба пешгирии аъмоли ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ бо роҳи нашру паҳн намудани адабиёту брошюраҳои маҳкумкунанда, роҳандозии барномаҳои фаҳмондадиҳӣ ва роликҳои тарғиботӣ аз тариқи васоити ахбори омма, ба тасвиб расонидани фат-воҳои манъкунанда аз тарафи Шӯрои уламо тақвият бахшида шавад.
6. Дар сомонаҳои интернетӣ аксуламали тарғиботии ба ифротгароӣ ва терроризм баранда ташкил карда шаванд.
Маҷмӯаи мақолаҳои
конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии
«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои
амалии пешгирии он дар маҳалҳо»
ш. Бохтар – 2018, саҳ. 65-74
Яндекс.Метрика