Андар зуҳури ҷашни Сада

Андар зуҳури  ҷашни Сада

Сада – ҷашни қадимаи мардумони эронитабор мебошад, ки дар шаби даҳуми баҳманмоҳ бо афрӯхтани оташи бузург баргузор мешуд Манучеҳрии Домғонӣ дар васфи ин ҷашн чунин сурудааст: В-инак биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш, Ҷашни Сада талояи Наврӯзи Навбаҳор Аз ин байт натиҷа гирифтан мумкин аст, ки ҷашни Сада мутобиқи тақвими григорианӣ  дар охирин шаби моҳи январ  ё нахустин шаби моҳи феврал фаро  мерасидааст. Ба андешаи муҳаққиқони муосири эронӣ, Ҷашни Сада – бузургтарин ҷашне мебошад, ки он ба хотири бузургдошти оташ – яке аз нахустунсурҳои чоргонаи офариниши олами моддӣ (бод, об, оташ, хок) баргузор карда мешавад. Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ таърихи пайдоиши ҷашни Садаро ба давраи шоҳони пешдодӣ, аниқтараш ба замони ҳукмронии Ҳушанг иртибот дода, дар ин маврид ривоятеро ба риштаи назм кашидааст, ки мазмунаш чунин аст: Рӯзе Ҳушанг шоҳи пешдодӣ бо гурӯҳе ба шикори нахчир  баромада буд. Ӯ дар аснои шикор нохост мори сиёҳеро аз дур мебинад ва сангеро ба тарафи он мор мепартояд. Дар натиҷаи расиши санг бар санг оташ ба вуҷуд омада, хасу хошоки атроф месӯзад ва мор (мазҳари торикӣ ва марг) мегурезад. Шоҳ ва ҳамроҳонаш то нимашаб дар гирди оташ (мазҳари рӯшноӣ ва ҳаёт) ба ҷашну сурур мепардозанд ва намегузоранд, ки оташ хомӯш шавад. Сабаби “Сада” ном гирифтани ин ҷашнро дар суннатҳои қадимаи солшумориву гоҳшумории мардуми эронитабор ҷустан лозим аст. Дар давраҳои қадим  порснажодон солро ба ду фасл тақсим мекарданд: якум, тобистони бузург, ки ҳафт моҳ буд, аз оғози фарвардин то оғози меҳрмоҳро дар бар мегирифт; ва дуввум, зимистони бузург, аз аввали моҳи обон шурӯъ шуда, то поёни испандмоҳ идома меёфт. Ба ҳамин тариқ, ниёгони мо, чун сад рӯз аз зимистони бузург сипарӣ мешуд, ҷашни Садаро барпо мекарданд. Зеро  бар он назар буданд, ки сипарӣ шудани авҷи шиддати сармо баёнгари заволи нерӯ ва тавони Аҳриман мебошад. Дар гузашта ин ҷашн дар  рӯзи даҳуми баҳманмоҳ  баргузор мегардид. Мардум ҳангоми таҷлили ин ҷашн тибқи боварҳои қадимаи худ оташи бузургеро меафрӯхтанд, то ин ки  нерӯҳои аҳриманӣ заиф гарданд.  Яке аз мушаххасот ва вижагиҳои ҷашни Сада – дӯстӣ ва ҳамкории мардум аст. Ин ҷашн мардумро бо ҳам муттаҳид менамуд. Дар гузашта гирдоварии ҳезум ва хасу хошок барои ҷашни Сада фарзияи динӣ ва кори савоб маҳсуб мешуд. Мардум муътақид буданд, ки бо ин амали худ дар пирӯзии қувваҳои некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот,  гармӣ бар сардӣ саҳм мегузоранд.

Ин ҷашни пурифтихори ниёгон дар замони истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси фарҳангсолории Пешвои миллат эҳёи тоза касб кард.   

Шоев Зиёвиддин – сардори Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон