Андешае чанд перомуни муноқишаи ҳомиёни олмонии ислом

 Чӣ хеле ки хонанда аз номи матн дарк кард, зимни унвонгузории мо аз  зикри миллати тарафҳои муноқиша (сухан дар хусуси муноқишаи Абдураҳмон ва «Борода ТҶ» меравад) худдорӣ намудем, зеро ин тоифаи ҳомиёни дини ислом дар Тоҷикистон бо бефарҳангӣ, бадахлоқӣ ва зишткории худ миллатро бадном намуданд, ва мутаассифона ин аъмоли пасти худро онҳо дар Аврупо низ ба намоиш гузоштанд. Албатта, хеле таассуфовар  аст, ки  тарафҳои муноқиша дар суханронии худ зимни худро бегуноҳ муаррифӣ намудан ба забони тоҷикӣ сухан меронанд ва ҳатто аз миллати худ  ёдовар мешаванд. Аммо ҳақиқати ҳол ин аст, ки миллият дар гуфтору рафтори онҳо аз худ асаре нагузоштааст, зеро пайгирии пайваста аз арзишҳои  бунёдгароёнаи динӣ унсури миллиро аз сиришти онҳо дур намудааст. Аз ин нигоҳ дуруст мегӯянд, ки террорист дину мазҳаб надорад.   

     Ҳамзамсон боиси таассуфи бузург аст, ки ҳар ду тарафи муноқиша симои мусулмонӣ доранд, зеро чун суннати пайғамбар риш гузошта, пайваста аз Худо ёд мекунанд. Агарчанде онҳо номи Худоро бисёр ба забон меронанд, такроран ба Худо ҳамд мефиристанд, аммо рафтору кирдорашон тибқи фармудаи Худо нест. Қуръон мусулмононро бародари ҳамдигар эълом доштааст, канӣ бародарии онҳо? Онҳо дар Тоҷикистон гуфтаҳои Худоро тарк  намуда, тибқи фармудаи ҳавою  ҳаваси хеш  амал карданд ва барои ин  аъмоли хеш сиёсати ҳукуматро баҳона пеш оварданд, аммо дар Олмон чӣ? Сиришти нопок дар он  ҷо  низ аз худ дарак дод. Ба ҷои ақлро ба роҳбарӣ гирифта, таҳаммул намудан тарафҳои муноқиша бандаи нафс гардиданд. Маҳз дар нисбати рафтори чунин ашхоси мусулмонсимо Қуръон фармудааст: «Оё касеро дидӣ, ки хоҳиши нафси худро маъбуди худ гирифтааст; ва Худо ӯро – бо вуҷуди дониш – гумроҳ кард ва бар гӯшу дилаш муҳр ниҳод ва бар чашмаш парда пайдо кард?» (Сураи «Ҷосия, ояти 23). Ду тарафи муноқиша пайваста Худоро ёд мекунанд, аммо фармудаи зерини Қуръонро ба инобат намегиранд: «Ва ба хислате, ки нек аст, бадиро дафъ кун»(сураи «Муъминун, ояти 96), яъне ба ҷои дар ғарибӣ таҳаммул пеша намудану ба гардани ғазаби хеш завлона задан онҳо бандаи ҳавою ҳаваси хеш гардида, аз тирпаронӣ кор гирифтанд ва бо ин амали худ бори дигар сирати ифротии худро ба ҷаҳониён ба намоиш гузоштанд. Гуфтору рафтори зишти ду мусулмонсимо дар Олмон суханони зерини Ангела Меркелро ба ёд меорад: «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ, 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар Сулҳ зиндагӣ мекунанд.  Мусулмонон як Худо, як паёмбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон ба хуни ҳамдигар сурх шудааст!». Савол пайдо мешавад, ки сабаб дар чист? Эҳтимол сабаб дар он бошад, ки тарафҳои муноқиша дини исломро аз доираи ҷаҳонбинии маҳдуди худ шарҳу эзоҳ медиҳанд. Ҳамин аст, ки Абдураҳмони пайваста бо оҳанги ғайритоҷикӣ ба Худо ҳамд фиристанда дар суханронии дигари худ  иддае аз аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро бо калимаи «Мунофиқ» ном бурда,  иловатан мегӯяд, «Намедонам дар охират ҷойи мо куҷо бошад, ҷойи ин қисмати мардуми Тоҷикистон ҷаҳаннам аст». Хонанда худ қазоват намояд,  ки аз нигоҳи динӣ дар биҳишт ё ҷаҳаннам маъво гирифтани шахс магар дар дасти Худо нест? Кӣ ба Абдураҳмон чунин қудрат ё фолбиниро додааст? Магар фолбинии ӯ аз нигоҳи ислом дуруст аст? Магар чунин амали ӯ худро ба Худо анбоз ё ҳамто шумурдан нест? Барои  чунин гуфтору рафтор ҷойи ӯ, ки худро анбози Худо, яъне муайянкунандаи ҷойи муъмин дар охират медонад, куҷо бошад? Магар ҳукми ояти 229 аз сураи «Бақара» «Ва ҳар ки аз ҳудуди Худо берун равад, ситамкор  аст» ин ду ҷавони мусулмонсимои аз ҳудудҳои Худо берунравандаро фаро намегирад?  

     Хулоса, огоҳӣ аз муноқишаи бадахлоқонаи ду шахси тоҷиксимою мусулмонсурат ин ҷонибро ба чунин хулоса овард, ки барои онҳо ҳам миллат  ва ҳам дин бегона аст. Чун онҳо миллату дини худро дар ватани худ бадном карданд, пас, ба ҳар куҷое нараванд, ин аъмоли зишти худро идома медиҳанд. Аз ин нигоҳ, ба онҳо тавсия дода мешавад, ки ба хотири хурдтарин эҳтиром ба дину миллати худ дар оянда дар ҳар куҷое набошанд, аз дину миллати худ ёд накунанд, ки ҳамдину ҳаммиллатони худро дар тамоми ҷаҳон шарманда хоҳанд намуд.

АБДУХАЛИЛЗОДА Кароматулло

Яндекс.Метрика