АНДЕШАҲО ДОИР БА ДУНЯВИЯТ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ (дар ҳошияи 10-солагии қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ) ҚИСМАТИ ЯКУМ

Дин аз замони қадим ҳамчун омили муттаҳидкунанда ва ҳам ҷудоиафкан буд ва то ҳанӯз боқӣ мондааст. Аммо риоя накардани таҳаммулпазирӣ дар ифодаи динию мазҳабии он ҳатто дар ҷомеаҳои муосир сабаби ҷангу фоҷиа ва харобию нооромӣ мегардад. Эътироф накардан ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба эҳсосот ва арзишҳои эътиқодии пайравони динҳои дигар боиси сар задани ҷангҳои хунин, пора-пора шудани давлатҳо ва ба мушкилот мувоҷеҳ шудани миллатҳо гардидааст.

Дар айни замон ҳузури таҳаммулнопазирӣ ё таассуби динӣ дар дохили ҷомеа метавонад ҳамчун абзори таъсиргузор дар дасти давлатҳои манфиатдор барои тафриқаандозӣ истифода шавад. Ба ҳамин хотир, аз даврони қадим рафтори ношояме ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти гу¬рӯҳҳои таблиғотӣ бо номи мубашширон барои паҳн кардани меъёрҳои динӣ ва арзишҳои миллии худ роҳандозӣ мешуд, ки ҳатман ҳадафҳои пинҳони сиёсиро низ пайгирӣ мекарданд. Дар собиқаи куҳани таърихи башарият нишонаҳои нахустини ҷаҳоникунӣ дар ҳавзаи фарҳанги баҳри Миёназамин тавассути андешарониҳои Искандари Мақдунӣ ва ташаккули фарҳанги ҳеллинистӣ зуҳур карда буд. Ба ин васила империяи Рим гегемонияи худро дар ҳавзаи баҳри Миёназамин устувор кард, омезиши амиқи фарҳангҳои гуногун ва тақсимоти минтақавии меҳнат, муҳоҷират ва муомилотро ба роҳ монд, ки нақши кори он то имрӯз по¬барҷост. Ҳамин гуна кӯшишҳои муаррифӣ ва интишори намудҳои гуногуни ҷунбишҳои мазҳабию тоифавӣ дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ низ авҷ гирифт, ки онҳо асосан ба заиф гардонидани ҷомеа аз дохил равона гардида буданд. Бо сабаби он ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати атеистӣ дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ мешуд, дар оғози раванди расидан ба истиқлолият ҳама гуна таблиғоти хусусияти динӣ доштаро бе таҳлилу баррасӣ қабул кардан ва сахт динзада шудани шаҳрвандон дар байни пайравони ҳамаи динҳо хусусияти буҳронӣ касб намуд. Ва Тоҷи¬кистон, мутаассифона, аз ин рӯйхат истисно набуд.

Мафҳуми «толерантиа»-и лотинӣ, ки дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои таҳаммулпазирӣ, дар арабӣ – «тасомуҳ», дар русӣ – «толерантность» машҳур гаштааст, маънои «пурсабрӣ, шикебо будан ва қабул доштан»-ро дорад. Ҳамчун истилоҳи ҷомеашиносӣ он пазируфтор будан ба ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёт, рафтор ва анъанаҳои дигарон аст. Та¬ҳаммулпазирӣ ҳеҷ гоҳ муодили бетафовутӣ ё беэътиноӣ нест. Он ҳамчунин маънои пазируфтани ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти дигаронро надорад, балки ҳамон аст, ки бар дигарон ҳам ҳуқуқи зиндагӣ кардан аз рӯйи ҷаҳонбинии худро медиҳад [13, 196].

Ин ҷо барои муайян кардани аҳамияти фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа як руҷӯи таърихӣ кардан ба оғози бархӯрдҳои фарҳангҳои миллию динӣ мувофиқи мақсад менамояд. Пӯшида нест, ки оғози манфиатҷӯӣ дар ҷаҳон бархӯрди масеҳият ва исломро рӯйи кор овард. Масеҳият тавассути тарҷумаи «Септуагинта» (70 тарҷума) [1, 243] вориди қитъаи Аврупо гардид ва калисои католикиро дар Ватикан бунёд гузошт. Таълимоти яккахудоии динӣ дар Аврупо абзори қавие барои маҳдуд кардани ойинҳои бутпарастӣ ва мактабҳои нигилистӣ гардид. Ба қавли дигар, дини нав барои бартараф кардани ҳама гуна унсури халалрасони рушди ҷомеа ва дав¬латдории Аврупо омили муттаҳид¬ку¬¬нанда гардид. Ило¬ва бар ин, як идда давлатҳои миллии аврупоӣ дар асоси мансубияти динӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ҳампаймон шуданд. Дар минтақаи фарҳангии Чину Ҳинд ва Осиёи Марказӣ низ андешаи монанд ба ягонагӣ пайдо шуд, ки онро истилоҳи ҷуғрофии тамоми рӯйи Замин (Поднебесная – зери Чархи кабуд) ҳамчун ҷамъияти умумиинсонӣ ифода мекард. Вале дар ин ҷо ҳампаймонӣ дар асоси динӣ ба вуҷуд наомад.

Пас аз ин, зуҳури ислом мансубияти динии миллату давлатҳоро ҳамчун меҳвари асосӣ ба омили тавонои муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил дод. Ҷавҳари матлаб дар он аст, ки сипоҳи исломиён ба кишварҳои масеҳитабор ва минтақаи густариши фарҳангҳои қадим – қибтиён, бобулиён, сурёниён ва порсиён ҳам футӯҳот анҷом дода, онҳоро мусулмон карданд ва таъсиргузории фарҳангиашонро хира гардониданд. Афзун бар ин, онҳо як қисмати умдаи минтақаи густариши фарҳанги ҳеллинистиро ба таври доимӣ тасарруф намуда, аз тариқи вилояти Андалуси Испания ба амнияти умумии Аврупо хатари ҷиддӣ ворид кардан гирифтанд. Ислом дар зоти худ хусусияти бунёдгароии динии тавсеапазир нишон дод. Ҳамин воқеият нахустин иттиҳоди кишварҳои Аврупоро дар пояи ҳамгироии иқтисодӣ ва динию сиёсӣ бо номи «ҷангҳои салибӣ» (Cruzada) [6, 138] ҳамчун муқовимат бар муқобили тавсеаи мусулмонӣ ва озод кардани Замини муқаддас ба вуҷуд овард.

Дар шароити қурунивустоӣ империяҳои теократии мусулмонӣ тақвият ёфтан гирифтанд ва муқовимати олами масеҳият ва ислом дар ҳавзаи баҳри Миёназамин хусусияти доимӣ касб кард. Ва ҳар ду ҷониб зимни масъалагузориҳо аз мавқеи бунёдӣ корбарӣ мекарданд. Барои собит кардани даъвоҳои худ онҳо ба матнҳои муқаддас такя мекарданд, ки ин равиши бунёдгароӣ (фундаментализм)-ро дар динҳо ба вуҷуд овард. Ҳар ҷониб мехост ҳаққу ҳуқуқи худро дар асоси қудсияти китобҳои осмонӣ талаб намояд.

Арабҳо дар навбати худ падидаи зуҳури пайғамбари ислом (с), фарҳанги мусулмонӣ ва Қуръону суннатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекарданд. Дар баробари ин забони арабӣ низ нерӯи қавии глобалӣ шуд. Аз ҷониби дигар, қабилаҳои арабитабори нимҷазира ба ҷуз ҳамин каш¬фиёт дар таърихи мавҷудияташон чизе дигаре ҳамчун дастовез надоштанд ва дар атрофи ҳамин идеяи динӣ ва миллӣ муттаҳид шуданд.

Ин рафтори онҳо навгонӣ набуд, чунин рафтор дар анъанаи бунёдгузории динҳои дигар низ ҷой дошт. Дар ҳамаи динҳо мафҳуми сегонаи таълимоти динӣ (герменевтическая триада) [12, 146] – матни муқаддас, таъвил ва татбиқ вуҷуд дорад. Равиши бунёдгароӣ саъй мекунад, ки дар ҳолатҳои буҳронӣ масъалагузориро қасдан аз мавқеи баёни матлаб дар матни китобҳои муқаддас баҳогузорӣ намояд. Дар ин сурат вариантҳои таъвил, яъне тафсиру шарҳи масъала вобаста ба мавқеи мазҳабҳои гуногун ва татбиқи амалии он дар шароитҳои ҷуғрофии гуногун кам ба эътибор гирифта мешавад.

Аз ин мавқеъ, мувофиқ омадани андешаҳои бунёдгароии динӣ бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳамчун абзори сиёсӣ барои мавҷудияти андешаи таҳаммулпазирӣ хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ба бор оварда метавонад. Бад¬тар аз ин, давлатҳои пешрафта мехоҳанд ба сари арзишҳои мусулмонӣ кулоҳи технологияи сиёсӣ (политтехнология) бипӯшонанд, ки вазъияти ногувори сиёсию амниятӣ дар Ховари Миёна мисоли равшани он аст. Таъсири манҳуси ин раванд дар шакли анҷом додани амалиётҳои терро¬ристӣ акнун ба кишварҳои ғайримусулмонӣ низ сироят карда истодааст.

Матлабҳои баёншуда нишон медиҳанд, ки масъалаи риояи таҳам-мулпазирӣ дар шакли динии он барои таъмини амнияти ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим аст. Таҳаммулпазирии динӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ғаразҳои сиёсии не¬рӯҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ бозида метавонад. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳаммулпазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва мазҳабҳо метавонад мӯҷиби аз дохил заиф гардидани иқтидори давлатҳо ва хурӯҷи нооромиҳо шавад.

Дар ин замина, моҳияти таҳаммулпазирии диниро ба таври зерин ифода кардан мумкин аст: «Таҳаммулпазирии динӣ изҳори муносибати хушоянд, гуворо ва писандида аз ҷониби пайравони як дин ба пайравони динҳои дигар ва баръакс аст. Ҳар яке аз онҳо ба бовару эътиқодоти худ пайравӣ мекунанд ва дар айни замон ҳуқуқи якнавохти дигаронро эъти¬роф менамоянд» [3, 23]. Бо вуҷуди ин, таҳаммулпазирии динӣ падидаи бисёрҷанба ва қобили таваҷҷуҳи бузург буда, дорои шарҳу баён ва тавсифҳои гуногун аст. Аз ҳамин ҷост, ки ин мафҳум баҳогузорӣ ва ид¬року ифодаҳои мухталиф дорад. Бе зикри тафсилоти зиёд танҳо ишора карданӣ ҳастем, ки таҳаммулпазирии динӣ ба ду намуди асосӣ – мусбат ва манфӣ ҷудо мешавад.

Дар тасаввури мусбати худ таҳаммулпазирии динӣ маънои пазируфтани фарҳангу маърифат, эҳтироми арзишҳо ва ақидаҳои динию мазҳабии пайравони динҳои дигарро ифода менамояд.

Дар тасаввури манфии худ бошад таҳаммулпазирии динӣ маънои беэътиноӣ зоҳир намудан ба дидгоҳҳои динию мазҳабӣ ва маҷмӯи арзишҳои дигаронро ифода менамояд, ки дар натиҷаи чунин муносибат зуҳури бадбинӣ ва бархӯрдҳои номатлуб дар заминаҳои динию мазҳабӣ номумкин мегардад.

Дар ҳар ду ҳолат ҳам новобаста аз он ки таҳаммулпазирии динӣ нисбат ба пайравони динҳои дигар аз мавқеи арҷгузорӣ ё бетафовутӣ зоҳир мегардад, он истиқрору устувории иҷтимоӣ ва ҳамзисти гурӯҳҳои динию конфессияҳои гуногунро таъмин менамояд. Бо вуҷуди ин, аз ду намуди дар боло зикршудаи таҳаммулпазирии динӣ аввалӣ, яъне эътироф ва эҳтироми арзишҳо ва ақидаҳои динию мазҳабии пайравони динҳои дигар авлотар аст, зеро бетафовутӣ, ки мазмуни ноогоҳиро дорад, дер ё зудтар метавонад ба зуҳуроти таҳаммулнопазирӣ оварда расонад. Дар ин маврид ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ва маъри¬фатию фаҳмондадиҳӣ бисёр муҳим аст, то ки ҷаҳолату ноогоҳӣ сабаби ташаккули равандҳои бадбинӣ ва беэҳтиромӣ нагардад. Илова бар ин, таҳаммулпазирии динӣ вобаста ба муҳтавои ҷомеаҳои муосир чанд намуд мешавад:

Якум, таҳаммулпазирӣ дар муносибат ба пайравони динҳои дигар (масеҳӣ-мусулмон, мусулмон-будоӣ, масеҳӣ-буддоӣ ва ғ.).

Дуюм, таҳаммулпазирӣ дар робита байни намояндагони конфессия, равия ва мазҳабҳои динҳои гуногун, аз ҷумла, байни калисоҳои католикӣ, протестантӣ ва православӣ дар масеҳият, байни суннӣ ва шиа дар ислом ва ғ.

Сеюм, таҳаммулпазирӣ нисбат ба ҳаракати тоифавии динӣ (инчунин таҳаммулпазирии ҳаракатҳои тоифавӣ байни ҳамдигар).

Чаҳорум, таҳаммулпазирӣ дар байни имондорон ба Худо ва беимонон (муъмин-мулҳид).

Яндекс.Метрика