Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза ба истиқлол расида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд. Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидовар касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахнаи ноҷо ворид намояд. Аз ҳамин сабаб буд, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон моҳиятан “як раванди ташвишовар” баҳогузорӣ карда шуд: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидко­рӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”. Дар воқеъ, ин рафтори номатлуби як идда занону духтарони мо, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъйиноти пероҳанҳои гуногун нишон медиҳад.   

Сазовори мухтасар ёдовар шудан аст, ки ин ҷанбаи муҳими фарҳанги мардумӣ ва намуди зоҳирии пӯшиши одамон баробари пайдоиши муносибатҳои синфӣ ва давлатҳои нахустин дар умқи таърихи бостон ҳамрадифи кору зиндагонии банӣ башар будааст. Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рӯйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибос ва намудҳои он баҳогузорӣ мекардаанд. Пешрафти баъдинаи тарҳи либос ва анвои он ба таъсиси давлату империяҳои муқтадир ва кишвар­кушои­ҳои онҳо вобаста будааст. Забткорию ҷангҷӯӣ иловатан тақозо мекард, ки сипоҳиён нисбат ба мардуми дигар аз ҷиҳати сарулибос бештару беҳтар таъмин бошанд. Сипас, муқаррар кардани либоси ягонаи низомӣ (униформа) ба ҳукми қонун даромад. Сипоҳиёни кишварҳои гуногун бад-ин васила ҳангоми муҳорибаҳо худиро аз бегона фарқ мекарданд. Дар таърихи илми ҳарбӣ пайдоиши нахустин сарулибоси ягонаро ба Спартаи Юнон ва сипоҳи шоҳони давлати Ҳахоманишиниён мансуб медонанд. Шигифтовар ин аст, ки дар шароити пайдоиш ва ташаккули динҳои ҷаҳонӣ нерӯҳои низомӣ дар корномаҳои динию сиёсӣ, ба мисли густариши ойини нав, ҷангҳои салибӣ ва ғазавоти исломӣ ҳамаҷониба сафарбар мешуданд. Дар ин замина андешаи сарулибоси ягонаи низомӣ ба зарурати фикр карда баромадани сарулибоси худвежаи динию мазҳабӣ сироят кард. Имрӯз вақеият чунон аст, ки аз рӯйи сарулибос рӯҳониёни пайрави динҳои гуногунро ба осонӣ шинохтан мумкин аст. Зиёда аз ин, дар шароити бӯҳронию сиёсии ҷаҳони муосир аз нигоҳи риояи меъёрҳои сарулибос артишҳои пешрафтаи дунё талаботро ҷиҳати тафсило­ти ҷузъии он ба шиддати авло расонидаанд. Аслан дар шакли такмилёф­таи сарулибоси ягона (униформа)-и онҳо имкони дидани ягон ҷойи узви бадани сипоҳиён вуҷуд надорад. Намуди якнавохти сарулибос ва дар пушти худ ҳамеша гардо­нидани борхалтаи аслиҳаву лавозимот хусусияти маҳдудкунии ҳуқуқӣ касб карда истодааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки сарварони сипоҳу дин моҳиятан пештозони ифроту ҳадгузорӣ дар масъалаи сарулибос будаанд.

Истилоҳи сарулибоси исломӣ бошад, маҷмӯи талаботу муқарра­роти муайянро ба пероҳани мусулмонон дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ислом ба занону мардони мусулмон иҷозат медиҳад ҳар гуна либосеро бипӯшанд, ки бе зиёдаравӣ ва халали ҳадду ҳудуд пӯшиши ҷисми онҳоро вобаста ба аҷзои муайяни бадан адо кунад ва иффати онҳоро таъмин намояд. Мувофиқи он мардон бояд баданҳои худро аз зонувон боло то ноф пӯшида нигоҳ доранд, ҳамчунин аз пӯши­да­ни либосҳои абрешимӣ ва истифодаи маҳсулоти тилловорӣ худдорӣ намоянд. Аммо барои занон ба ғайр аз кушода будани рӯй ва панҷаи дастон аҷзои боқимондаи баданашон аврат маҳсуб мешавад. Ин матлаб дар сураи Нур, ояти 31 бо тафсилоти равшан омадааст. Дар ояти дигаре аз сураи Аҳзоб, ояти 59 бевосита чунин фармуда шудааст: “Эй пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзан­даи Меҳрубон аст”.

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала натанҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқку­нан­даи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бороҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад. 

Сазовори гуфтан аст, ки бо сабаби ҷузъи назокат ва зинати занон будани мӯйи сар дар оятҳои зикршуда ва аҳодиси марбут ба ин мавзӯъ ишораи бевоситаи пӯшонидан ё пинҳон кардани мӯйҳо вуҷуд дорад ва тамоми фақеҳони исломӣ зарурати пӯшонидани тамоми бадан, ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастонро таъкид кардаанд. Ҳамчунин як ҷиҳати дигари масъаларо ба инобат гирифтан ба мантиқ мувофиқ аст, ки шаклу навъ­ҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳои мусулмоннишин аз ҳам тафовути калон доранд. Вале ба ҳар бобат талаботи динии либоспӯшӣ аз рӯйи мазмун ва муҳтаво бо назардошти вежагиҳои анъанаҳои фарҳанги миллӣ мутобиқ гардонида мешуд. Масалан, пероҳанҳои Машриқи исломӣ бо шароити табиию ҷуғрофӣ ва гармои ҷонкоҳи Мағриби арабӣ созгор намеафтоданд. Пӯшиши либосҳои газворашон пахтагин ва ғафс хоси минтақаҳои кӯҳистон буд, вале бо истифодаи ин қабил газвору пероҳан баданро сахт печонидан дар шароити Африқои Шимолӣ боиси дар муддати чанд рӯз ба касалиҳои пӯстии гуногун гирифтор шудани ҳиҷобпӯшон мегардид. Ба ҳамин сабаб риши паҳну дароз мондани мардон ҳам дар ин минтақа тавсия дода намешуд. Дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан милли­доштаро ба бар мекарданд. Ин сарули­бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳия­ҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯши­данд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳво­нӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси ранго­ранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.   

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар па­зи­руфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо исти­ло­­ҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Брито­ниёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкило­ту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гар­ди­дааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад ва дар ҳолати риоя накарда­ни он чораҳои ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Ҷойи шубҳа нест, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкори­ҳои бисёрҷонибаи ҷумҳурии мо бо тамоми давлатҳои дунё, ба хусус кишварҳои арабию мусулмонӣ дар масъалаи шаклу намуд ва тарзи ли­боспӯшии миллии мо таъсири носозгор ва ташвишовар расонида истодааст. Ин таъсири онҳо аз ҳама бештар дар шакли имрӯзаи сатри исломии занону бонувони мо ба мушоҳида мерасад. Бояд гуфт, ки дар аксари кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоиашон нақши калидӣ мебозад, тарзи либоспӯшии исломӣ баробари сарулибоси миллӣ ва стандарти аврупоӣ иштироки омехта доранд. Бархе аз кишвару ҳукуматҳо, ки дар ҳаёти онҳо ислом нақши сиёсӣ дорад, сатру ҳиҷобро ҷонибдорӣ намуда, пӯшидани либоси диниро барои занон зарур медо­нанд, баъзеи дигар, баръакс, онро манъ мекунанд. Масалан, дар Арабис­то­ни Саудӣ, Эрон, Яман ва Афғонистон ҳиҷоб маҷбурӣ аст. Дар Қазо­қис­тон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбой­ҷон ва Туркия, ки ҳарчанд аксарияти сокинонашон мусулмо­нанд, ҳиҷоб пӯшидан дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо манъ карда шудааст. Туркия инчунин нахустин давлатест, ки соли 1925 расман ҳи­ҷоб пӯшидани занонро манъ карда буд. Дар Туркия, ки оид ба татбиқи исломи сиёсӣ таҷрибаи калон андӯхта шудааст, соли 2008 Суди консти­тут­си­онӣ пешниҳоди ҳукумати Раҷаб Эрдуғонро дар бораи бекор карда­ни манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо қабул накард. Аксари дав­лат­ҳои арабӣ ҳам роҳи бунёди давлати дунявиро интихоб намуда, дар масъа­лаи пӯшидани ҳиҷоб ба муносибати фардии бонувон бартарӣ додаанд.

Пас дар вазъияти баамаломада ҷумҳурии мо барои ҳифзи асолати сару­либоси миллӣ ва динию эътиқодии худ бояд чӣ гуна рафтор намояд ва кадом тадбирҳои заруриро анҷом диҳад? Ба назари мо, дар иртибот ба ин мавзӯъ ба эътибор гирифтани андешаҳои зерин муҳим менамоянд:

1. Маросими ҳаҷ яке аз ҷамъомадҳои бузурги мусулмонони ҷаҳон дар як фосилаи замонии муайян маҳсуб мешавад ва дар он ба маъраз баровардани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва динии қавму миллатҳои гуногун таҳаққуқ мепазирад. Барои омодагӣ ва баргузории мавсими ҳар­со­лаи ҳаҷ ниҳодҳои гуногуни истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва бонкию молиявӣ ширкат менамоянд, ки онҳо то андозае дар тарғиб ва бозоргузар кардани молу ашёи гуногун, аз ҷумла либосҳои динӣ манфиатдоранд. Ба хотири ҳифзи амнияти фарҳанги миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ қавми ба ҳаҷ рафтаи моро ба таври шоиставу боиста зарур меояд, ки аз тақлидкорона пӯшидану ворид кардани ҳар гуна либосҳои қавму миллатҳои дигар ба қаламрави ҷумҳурӣ худдорӣ ва иҷтиноб кунанд. Баръакс, бояд ҳоҷиёни ҷумҳурии мо дар лаҳзаҳои нодири аз эҳром берун омадан, савор шудан ва фуруд омадан аз ҳавопаймо либосҳои динии хусусияти миллидоштаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи онҳо табаррукан ба бар кунанд, то ки баъди бозгашти онҳо истифодаи ин сарулибос дар байни занону бонувон ба ваҷҳи некӯ пайравӣ пайдо кунад.       

2. Бояд эътироф намуд, ки талабот ба сарулибоси динӣ ва сатри исломӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳсулоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабилҳо либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани онҳоро гирифта метавонад. Анъанаи аз чашми каси бегона пинҳон доштани баъзе аъзои занону бонувон дар суннати тоисломии тоҷикон вуҷуд доштааст, ки дар он ҳеҷ ифроту қаҷравӣ набуд. Хуб мешуд, ки дар баробари либоси ягонаи ҳоҷиён истеҳсоли либоси сафеди карбосӣ ва ҷелаки тоҷикӣ, ҷойнамоз, сарпӯшҳои сирф миллӣ, тасбеҳ ва хушбӯиҳо ба роҳ монда шавад ва ҷойи маҳсулоти бесифати чиниро иваз кунад. Ба мушоҳидаи мо то имрӯз аз ҷониби тарроҳони ватанӣ дарёфти намунаи беҳтарини либоси ягонаи миллие рӯйи кор наомадааст, ки ҳам ба анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва ҳам андешаи исломӣ комилан созгор бошанд. Зарурати ҳифзи амнияти миллӣ шадидан тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайнҳои “тоза ба тоза, нав ба нав”-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро баровардаи хайр гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва таваҷҷӯҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд. 

3. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии молҳои дар боло ёдшуда метавонад воридшавии либосҳои динӣ ва сатру рӯсариҳоро комилан коҳиш диҳад. Дар сурати барориши миқдори зарурии ин қабил маҳсулот пешниҳод ва фурӯши онҳоро ҳангоми мавсими адои ҳаҷ дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ташкил кар­дан муяссар мегардад. Ҳама медо­нем, ки ҳоҷиён миқдори ками тӯҳ­фа-армуғонҳои худро аз Ара­бис­тони Саудӣ меоранд ва 90 фисади онро фарзандонашон аз растаи фурӯши молҳои сохти чинӣ дар бозорҳои пойтахт пеш аз ома­да­ни онҳо харида захира ме­намоянд ва “ҳамчун савғот аз ҷойҳои муқад­дас” ба меҳмонон тақдим ме­кунанд. Агар мо дар замири ҳоҷиён ҳисси ватандориро бедор карда таво­нем, онҳо ҳатман аз нигоҳи бартарият додан ба сарулибоси миллию динӣ харидани тӯҳфа-армуғонҳои истеҳсо­ли худиро ҷонибдорӣ мекунанд.

4. Дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои порс­на­жод анъанаи сиёҳ пӯшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надошта­аст. Ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекардаанд, ки то имрӯз пайгирона идома дорад. Дар пӯшидани либоси сиёҳ дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ се бидъати пуртаассуб вуҷуд дорад. Пайравони шиаи дувоздаҳимома ба хотири ҳамдардии куштани фарзан­до­ни аҳли байти пайғамбар либоси сиёҳ пӯшида мотам гирифтаанд ва то ҳақро ба ҳақдор додан аз он берун омаданӣ нестанд. Пешвоёни калисои масеҳии қибтӣ баробари паҳн шудани ислом дар сарзамини Миср ба худ назр додаанд, ки то комилан аз нав масеҳӣ шудани кишвари Қибт анда­ру­ни либоси сиёҳ кору пайкор хоҳанд кард. Ҳамчунин тибқи таълимоти буддоӣ чиниён чунин мепиндоранд, ки пайдо шудани сафедӣ дар мӯйи сар нишонаи марг аст. Аз ин рӯ, онҳо ба муҷарради дар мӯйи сарашон дидани сафедӣ онро ҳамеша сиёҳ мекунанд.

Анъанаи сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.   

5. Дуруст аст, ки нозил шудани ояти ҳиҷоб сатр кардан, яъне пӯшо­ни­дани баъзе аъзои бадани занонро воҷиб гардонид. Вале аз оғози ислом дар фазои тақлиди анъанаҳои умумиарабӣ пӯшидани сарандозҳо, ба мисли ниқоб, бурқуъ, химор ва ҷилбоб бо назардошти вежагиҳои табиати биёбон хусусияти ифротӣ касб кардан гирифт. Дар фарҳанги тоҷикӣ сатр ба маънои “сару гарданро бо рӯймол пӯшонидан” тибқи муқаррароти суннату анъанаҳои миллӣ ва шароити табиию ҷуғрофӣ навсозӣ карда шуд. Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармо­наю ношоиста ва таблиғи сатру ҳи­ҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз ни­го­ҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб карда меша­ванд. Ин қабил бесатрону сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас­та­гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест. Дар паҳнку­нии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвора низ бисёр қавӣ аст. Боло рафтани рӯҳияи бесобиқаи диндории мардум, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маъри­фа­ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии онҳо ба мураккаб шудани вазъият таъсири манфӣ гузошта истодааст.

6. Дар пешгирӣ намудани раванди нохушоянди либоспӯшӣ нашри ма­води илмӣ оид ба заруриёти динӣ ва тартиби анҷом додани фарзи ҳаҷ, ин­чу­нин тарғиби тарзи солими ҳаёти ҷамъиятию дунявӣ аз тариқи во­си­таҳои ахбори умум омили таъсиргузор маҳсуб меёбад. Дар татбиқи ама­лии ин ҳадафҳо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории ниҳодҳои дахлдор нақши муайян дошта метавонад.

Файзулло БАРОТЗОДА – директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика