АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ҲАМОИШИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

Вақте мехоҳем доир ба нишасти панҷуми МҲТБО андешаҳои хешро иброз намоем, пеш аз ҳама, як савол ба назар ҷилвагар мешавад, ки аз кадом ҷиҳат ин ҳамоиш муҳим ва хотирмон мебошад. Барои посух ба саволи мазкур ва қайд намудани аҳамияту хотирмон будани ҳамоиш моро зарур аст, ки муҳити сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Осиёро пеши назар оварем. Бидуни шубҳа имрўз қитъаи Осиё як вазъияти бисёр мушкилро паси сар менамояд. Аз як тараф, нооромии бардавом дар Афѓонистон ва манотиқи Шому Ироқ, таҳримҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳдидҳо аз ҷониби баъзе абарқудратҳо нисбат ба кишварҳои алоҳидаи минтақа, аз тарафи дигар, нобаробариҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, камсаводӣ, мушкилоти экологӣ ва демографӣ ва ѓайра аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки зарурати баҳамойии сарони давлатҳои минтақа ва тақвияти боварии ҳамдигариро беш аз пеш муҳим мегардонад. 
Хотирмон будани ҳамоиш дар он ифода меёбад, ки роҳбарон ва намояндагони 27 давлати Осиё ва 13 ташкилоти байналмилалӣ дар он ширкат варзида, суханронӣ намуданд ва ҳар яке сипосу миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати  меҳмондўсти тоҷик барои сатҳи баланди такшкилӣ ва баргузории ин чорабинии муҳими минтақавӣ иброз намуданд. Воқеан ҳам ҳар як шунаванда аз муҳтавои суханрониҳо ба хубӣ эҳсос менамуд, ки тамоми меҳмонон аз пазироии самимии тоҷикон хеле қаноатманданд ва гўё муҳити сулҳу дўстӣ қалби онҳоро нисбат ба ҳамдигар боз ҳам гармтар ва барои ҳалли мушкилот боз ҳам фаъолтар намуда буд. Аз ин нуқтаи назар, саммити панҷуми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои МҲТБО дар Душанбе барпошуда дар таъмини сулҳу субот ва тақвияти ҳамкорӣ байни  кишварҳои минтақа як қадами муҳим маҳсуб меёбад.
Ҳамоиши  Душанбе  барои кишвари мо низ дорои аҳамияти бузург  буд. Он бори дигар амалан аз баланд гардидани обрўю нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак дод. Ба Душанбе ташриф овардани роҳбарони сатҳи аввали Россияю Чин, Эрону Туркия ва суханронӣ намудани онҳо афзудани нақш ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масоили мубрами минтақа собит менамояд.  
Мо мутмаинем, ки дар солҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳоди навтаъсиси қитъаи Осиё ниҳодҳои масъули таъмини сулҳу рушди ҳамкорӣ ба даствардҳои нав ноил хоҳанд гардид.
 
Кароматулло Абдулҳаев
сардори Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  
Яндекс.Метрика