Афзалияти тафаккури дунявӣ бар тафаккури динӣ

Қобили зикр аст, ки ифодаҳои тафаккури динӣ ва дунявӣ дар сарчашмаҳо гоҳ-гоҳ ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин яке аз муаллифон тафаккурҳои устуравӣ, динӣ ва илмиро мавриди таҳқиқ қарор дода, онҳоро ба сатҳи пешрафти ҷомеа ва рушди кӯдак алоқаманд намудааст . Дар забони русӣ ифодаи «тафаккури дунявӣ» дар шакли «светское мышление» вомехӯрад.   

    Таснифи тафаккур ба дунявӣ ва динӣ ва шарҳу тафсири он барои аҳли ҷомеа, хусусан насли ҷавон аз  аҳамияти бузурги маърифатӣ ва методологӣ бархурдор аст. Комилан равшан аст,  ки тафаккур фаъолияти маѓзи сари инсон буда, аз инъикоси бавосита ва ҷамъбастии воқеият иборат аст. Ба қавли дигар, тафаккур фаъолияти маърифатии инсон маҳсуб меёбад. Аммо барои  таҳлилу баррасии матлаби баёнгардида муайян намудани мавзӯи тафаккур, ба кадом самт нигаронида шудани раванди тафаккур, барои дарёфти дониши саҳеҳу муфид шомили кадом сифатҳо будани тафаккур хеле муҳим мебошад. Андеша ва тааммули ҷиддӣ дар болои масъалаҳои гузошташуда бар тафовути тафаккури дунявӣ аз динӣ ва афзалияти аввалӣ бар дуюмӣ ишора менамояд. Аввалан, мавзӯи тафаккури дунявӣ олами заминиро бо тамоми аҷзоъ ва хусусиятҳояш фаро мегирад. Дар ҳоле ки мавзӯи тафаккури динӣ аслан олами фавқуттабиа, Худо ва аҳкоми он маҳсуб меёбад. Бояд  гуфт, ки олами заминӣ низ мавзӯи тафаккури динӣ қарор мегирад,  аммо он ҷавҳарӣ набуда аразист. Яъне дар дин ва тафаккури динӣ унсури асосӣ Худо, аҳкоми он ва олами фавқуттабиа ба ҳисоб меравад. Бидуни унсурҳои фавқуззикр тасаввури  дин душвор аст. Дар дин олами заминӣ ба сифати унсури тобеъ хидмат менамояд… (идома дорад). 

    Ҳамчунин самти тафаккури дунявӣ барои кашфи асрори олами заминӣ ба хотири таъмини зиндагии хуб, гуворо ва осуда барои инсон дар ҳаёти заминӣ нигаронида шудааст. Маърифати Худо ва аҳкоми он, хусусиятҳои ҳаёти ондунёӣ, омодагии инсон барои зиндагии ҷовид дар он дунё  маҳз самти тафаккури диниро ташкил менамояд.  Аз ҳамин мавқеъ вақте ба маҳсули ҳар ду навъи тафаккур назар меандозем, мебинем, ки маҳсули тафаккури дунявӣ ҷомеаи муосири пешрафта бо технологияи муосир, шароити хуби накӯаҳволии мардум, сатҳи баланди хидматрасонии тиббӣ, низоми хуби маориф ва ѓайра  маҳсуб меёбад. Вақте баҳри дарёфти маҳсули тафаккури динӣ саъй менамоем, мутаассифона имрӯз ҷуз таассубу хурофот ва ҷангу ҷидолҳои мазҳабӣ чизи дигаре пайдо карда  наметавонем. Албатта, дар қуруни вусто дар доираи тафаккури динӣ осори манзуми ахлоқии зиёде офарида шуда буданд,  аммо бояд ёдовар шуд, ки талаботҳои моддӣ ва маънавии қарни XXI тамоман дигаргу шудаанд. Рақобатҳои пуршиддати илмӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва сиёсӣ на танҳо дар баёни қишрҳои алоҳидаи ҷомеа, балки ҳатто кишварҳои мухталиф мақоми аввалиндараҷа ва афзалиятноки тафаккури дунявиро бар тафаккури динӣ дар ҳаёти ҷомеа таъкид менамоянд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шахсиятҳо, гурӯҳҳо ва ҳатто кишварҳои дар интихоби самти тафаккур ба хатогӣ роҳ дода, ё дар интихоби самти тафаккур саҳлангорӣ намуда,  ва ҳатто дар ин самт ба таъхир роҳ дода мубталои мушкилоти азими иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоӣ гардидаанд…(Идома дорад) 

    Вижагиҳои ду навъи тафаккури матраҳшавандаро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид менамоем, ки дар ин ҷода низ онҳо аз ҳам тафовут доранд. Аз ҷумла, қобили зикр аст,  ки шакли асосии тафаккури дунявӣ тафаккури илмист. Зеро табиати ҳаёти дунявӣ маърифати амиқи қонунҳои пайдоишу инкишофи ҳаётро бо тамоми асрори он дар назар дорад. Бинобар ин, вижагии махсуси тафаккури илмӣ ҳадафнокӣ, мунтазамӣ, беинтиҳоӣ, сарнобастагӣ ва новобастагӣ маҳсуб меёбад. Яъне, то дарёфти ҳақиқати илмӣ раванди тафаккур ба сӯи ҳадафи хеш новобаста аз ҳар гуна омилҳо  пайваста ҷараён мегирад. 

   Вижагиҳои зикршударо дар муносибат ба  тафаккури динӣ иқрор намудан душвор аст. Зеро омили муайянкунандаи мавзӯъ, самт ва аҳдофи тафаккури динӣ фармудаҳои китобҳои муқаддас ба ҳисоб мераванд. Яъне, тафаккури динӣ  то ба ҳамон андозае амал мекунад, ки ба онро китобҳои муқаддас ҷоиз медонанд. Ба қавли дигар, тафаккури динӣ сарбаста буда, нуқтаи интиҳоии он чорчӯбаи китобҳои муқаддас маҳсуб меёбад. Дар нуқтаи китобҳои муқаддас муайяннамуда тафаккур қатъ мегардаду эътиқод оѓоз мегардад. Мисоли равшани гуфтаҳои мазкур баҳси Имом Ашъарӣ бо аҳли муътазила дар хусуси сифатҳои Худо мебошад, ки ахиран Ашъарӣ дар мавзӯи зикршуда андешаҳои худро бо ифодаи «било кайфа» (бе чуну чаро) ба анҷом мерасонад. Бояд ёдовар шуд, ки хусусиятҳои зикршудаи тафаккури динӣ имрӯз низ дар баъзе баҳсу мунозираҳо аз ҷониби чалласаводони динӣ равшан ба мушоҳида мерасад. Эътиқоди кӯр-кӯронаи онҳо зимни масъалаҳои бунёдӣ одатан дар шакли зерин  асоснок  мешавад: «Ақли инсонӣ барои дарки ин масъалаҳо қодир нест».

   Хулоса, дар асоси муқоисаи дастовардҳои тафаккури дунявӣ ва динӣ дар тӯли таърих ва мушоҳидаи воқеияти имрӯза метавон ба осонӣ дарк намуд, ки аз ҳама ҷониб тафаккури дунявӣ бар тафаккури динӣ афзалият дорад ва ҳар шахси назди виҷдонаш масъул бояд ҳақиқати мазкурро бидуни тардид иқрор намояд.    

 Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ            Абдулҳаев К.А.   

Яндекс.Метрика