БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ 5-УМИ МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ (CICA) ДАР ДУШАНБЕ

Рузи 14 июни соли 2019  ҷиҳати иштирок дар Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) меҳмонони олимақом аз 27 давлати дунё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Чорабинии мазкур 15 июни соли ҷорӣ дар комплекси Кохи Наврӯз баргузор гардид, ки дар он  сарони 9 кишвар - Руссия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Хитой, Туркия, Эрон, Шри Ланка, инчунин сарвазирон ва  вазирони корҳои хориҷии 18 кишвари дигари аъзои CICA ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё форуми байналхалқии муттаҳидкунандаи кишварҳои қаламрави Осиё ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он мустаҳкам гардонидани муносибатҳо ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои Осиё бо мақсади таъмини субот ва амният дар минтақа мебошад.

Ҷаласаи навбатии  CICA-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуда, иброз доштанд, ки ҳамоиши навбатӣ ба чораҳои бехатарӣ дар Осиё бахшида мешавад. Роҳбари давлат диққати ҳозиринро ба хатари экологӣ дар минтақа ҷалб сохта, зикр намуданд, ки дар кишвари мо дар давоми 40 соли охир аз сабаби тағйирёбии иқлим зиёда аз ҳазор пиряхҳо аз байн рафтанд, ки дар навбати худ ба самтҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла гидроэнергетика, хоҷагии деҳқонӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. 

Мавзӯи дигари ин ҳамоиш, ки бисёр ҳассос ва меҳварӣ ба ҳисоб меравад, вазъ дар қаламрави Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Нимҷазираи Корея мебошад. Зимни шарҳи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъияти душвори ҳамсоякишварамон Афғонистонро махсус таъкид намуда, иброз доштан ки бӯҳрони Афғонистон имрӯз  низ чун пештара боиси нигарониҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин, татбиқи тадбирҳои самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои узви CICA, дар ин самт метавонанд дар ҳалли мушкилоти Афғонистон кӯмак расонанд. Дар ин замина, иштироки Афғонистон дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ дар чаҳорчӯбаи панҷ марҳалаи конфронс метавонад нақши муҳим бозад.

Мавзӯи мазкурро Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин идома дода, дар тақвияти суханони Ҷаноби Олӣ иброз доштанд, ки воқеан ҳам вазъият дар Афғонистон нигаронкунанда аст. Имрӯз фаъолияти гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро, ки қаблан фаъолияташон дар Шарқи Наздик маҳдуд карда шуда буданд, аз нав авҷ гирифта истодаанд. Аз ин рӯ, кишварҳои узви  CICA  ба ин масъала бояд диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. 

Инчунин 15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳа миёни Тоҷикистону Эрон гуфтугӯ сурат гирифт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки фаъоли сарони давлатҳои аъзо баҳри тавсеаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад. Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар идомаи ин гуфтугӯйи судманд сарварони ду кишвари ҳамзабон доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ изҳори назар карданд.

Дар рафти сафари корӣ меҳмонон аз кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулу гулзорҳои пойтахти кишвари биҳиштосоямон Душанбе дидан намуда, ба кори раис шаҳр мухтарам Рустами Эмомалӣ баҳои баланд доданд. Дар ниҳоят Президенти Федератсия Руссия Владимир Владимирович Путин ва дигарон ба Роҳбари давлат муҳтарам Ҷаноби Олӣ барои дар сатҳи бисёр баланд истиқбол ва пазироӣ шуданашон изҳори ташаккур намуда, дар рушду нумӯи минбаъдаи кишвар барору комёбӣ хостанд.   

Хоҷаев Камолиддин - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

Яндекс.Метрика