БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ДОИР БА ДАРКИ ҶОЙГОҲИ АНЪАНАВУ МАРОСИМ ДАР ФАЗОИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА

 

Яке аз падидаҳои хотирмони соли 2017 дар таърихи рушди муосири кишвари тозаистиқлоли мо муҳокимаи масъалаи анъанаву маросим ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда дар сатҳи давлатӣ буд. Ин мавзӯи дар назари аввал сода, вале аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ хеле мураккаб муносибати бисёр эҳтиёткоронаро тақозо мекард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни танзим мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони аҳли ҷамоатчигии кишвар 11 июли соли 2017 баргузор гардид. Мулоқоти  мазкур бо ҷалби доираи васеи мутахассисон, ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа ва шахсони дорои касбу корҳои гуногун ҷиҳати такмили баъзе бандҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба роҳ монда шуд. Дар рафти ин муҳокимарониҳо бисёр фикру мулоҳизаҳои ҷолиб ва андешаҳои аз нигоҳи манфиатҳои иқтисо¬дии мардум сазовори дастгирӣ пешниҳод гардиданд, ки барои такмили ин санади мукаммали меъёрию ҳуқуқӣ идеяҳои тоза пешниҳод кард. Ва дар ниҳояти кор, баъди риояи расмиёти маъмулӣ ва таҳриру такмил дар сатҳу зинаҳои мухталиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳои нав рӯзи 28 августи сооли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо расид.  

Азбаски қисми умдаи расму ойинҳои мардуми тоҷик ба дини ислом ва мусулмон будани онҳо алоқаманд аст, ё бисёре аз маросимҳо маншаъ дар аҳкоми шариати исломӣ дорад, лозим медонем, ки як сайри мухтасари таърихие доир ба пайдоиш, моҳият ва ҷойгоҳи анъанаву маросим гуфта шавад. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки аксари ибодат, аркон, аҳком, усул ва фурӯи дини ислом дар тӯли бештар аз як ҳазору анд сол дар матни фарҳанги миллии тоҷикон нишемангоҳе бебозгашт устувор кардааст ва ба мисли гӯшту нохун андаруни рагу пайванди анъанаҳои суннатии мо омезиши барҷаста ёфтааст. Масалан, намоз дар назари аввал амри инфиродии ҳар шахс аст ва дар воқеъ ҳам чунин аст. Ва ҳеҷ кас ҳангоми адои ин фаризаи илоҳӣ аз нигоҳи шаръӣ ва шаҳрвандӣ ҳаққу ҳуқуқи худнамоӣ ва намоишкорӣ карданро надорад. Ба касе пӯшида нест, ки баробари адои намоз ва ба ҷо овардани фарзи Худо шахс эҳсоси қаноатмандии маънавӣ ҳосил мекунад ва таҳорату ҳаракат¬ҳои гуногун дар дохили намоз ба табъу бадани ӯ болидагию нишот ме¬бахшад. Вале Қуръон ва ҳадис исрор ба намози ҷамоат дорад, зеро дар намози боҷамоат одамон аз аҳволи ҳамдигар огоҳ мешаванд, ҳамбас¬тагию якдилии онҳо меафзояд. Бояд иқрор шуд, ки ҳоло масҷид яке аз ҷойгоҳи муҳими ҷамъ омадани одамон мебошад. Роҳбарияти олии сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳам аз мавқеи татбиқи амалии масъалаҳои марбут ба озодии виҷдон аслан ҳеҷ мушкилие надорад. Акнун моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ ба худ ҳисобот диҳем: оё дар масҷидҳое, ки имрӯз шумораашон аз 4000 адад бештар шудааст, адои мухлисонаи намози боҷамоат барпо мегардад; оё якчанд адад  масҷиде, ки дар як деҳа сохта шудаасту ҳокимияти давлатӣ барои сохтани он ба хотири эҳтиром гузоштан ба боварию эътиқоди мардум ва ба даст овардани ваҳдату ягонагӣ дар байни онҳо иҷозат додааст, дар воқеъ ҳамин рисолатро иҷро карда истодааст; оё рафтору кирдори мо дар танзими фаъолияти ин иттиҳодияҳои динӣ (масҷидҳо) ба манфиати ваҳдати эътиқодии мардум нигаронида шудааст; оё мо фаромӯш накардаем, ки рӯй ба қибла оварда ду ракъат намози нофила ба хотири сулҳу субот ва тинҷию оромии кишвар ба ҷо биёрем ва чандин «оё»-ҳои дигар.     

Рӯзаи моҳи Рамазон ҳам ҳарчанд кори инфиродӣ ба назар мена-мояд, вале он як идда манфиатҳои тарбиявӣ ва иҷтимоӣ низ дорад. Дар моҳи Рамазон мардум намозҳо, махсусан намози таровеҳро якҷоя мехонанд, аз аҳволи якдигар бохабар мешаванд, тавонмандон ифтор дода, гуруснагонро мехӯронанд, ҳама аз тифли навзод то пири барҷо-мон¬да, зану мард садақаи фитр медиҳанд, ҳар кас саъй мекунад ақаллан як бор рӯзадореро таом диҳад. Акнун вақте расидааст, ки дуруст дарк намоем: моҳи Рамазон яке аз моҳҳои муҳаррам ва дар айни замон мисли рӯзу моҳҳои дигар моҳи муқаррарист. Дар ин моҳ ҳам тақозо мешавад, ки кору фаъолият намоем ва дар фикри фаровонии ризқу рӯзии худ низ бошем. Дар таомули урфи суннатии таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ чунин мекарданд: ифтор мекарданду дуо хонда мерафтанд; таровеҳро бо тартили мураттаб адо мекарданду баракати рӯҳонии аз он пайдошударо хомӯшона бо худ ба хона мебурданд; касе ба касе эрод намегирифт, таъна намезад, фаҳмиши дигаре дар шинохти савму суҳуру салоту таровеҳ аз роҳи базлафурӯшӣ баён намекард. Ҳоло ҳам дар ҳама ҷо чунин аст, пас чаро мо ҳамеша дар фикри ҷорӣ намудани навгониҳо ҳастем. Ақли солим бар он аст, ки камбудию зиёдаравиҳо бояд рафъ карда шаванд.   

Закот комилан ибодате аст, ки баъзе хусусиятҳои иҷтимоию иқти¬со¬дӣ дорад ва ба нафъи ҷомеа равона карда шудааст: аз дороии афзун аз мояҳтоҷи мардум 2,5% гирифта мешавад ва ба нодорон тақсим мегардад. Дар кишварҳое, ки сатҳи зиндагонии аҳолӣ паст аст ва масъалаи камбизоатӣ вуҷуд дорад, он каме ҳам бошад барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии ниёзмандон ва гурӯҳи камбизоати ҷомеа мусоидат карда метавонад. Дар воқеъ, маблағи аз закоту садақот ҷамъшуда дастгирии хуби бечорагон аст. Тасаввур кунед, агар ҷанбаҳои маърифатию иҷти¬моӣ ва инсондӯстии закот аз нигоҳи риояи пайванди хешовандӣ ба амал бароварда шавад, чӣ қадар мушкилот ва эҳтиёҷоти мардум бартараф мегардад. Сазовори гуфтанист, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати фаҳмондадиҳии мақсаднок ва истифодаи дурусти садақа ва закот метавонад онро ба як механизми тавонои танзимкунан¬даи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар табдил диҳад. Дар масъалаи таъйиноти иҷ¬ти-моии садақаву закот бояд ҷаҳонбинӣ ва тафаккури мо комилан ди¬гар-гун шавад, то қи муқаррароти аҳкоми шаръӣ дар ин самт риоя гардад. 

Маросими ҳаҷ яке аз ҷамъомадҳои бузурги мусулмонони ҷаҳон ба шумор меравад, ки ҳар сол дар як фосилаи замонии муайян баргузор мешавад. Ҳаҷ ба ғайр аз ибодат ва адои фарз буданаш аз тариқи хайру садақа ва қурбонӣ кардани ҳар як ҳоҷӣ барои гурӯҳи муайяни мардум мисли кӯмаки якдафъагӣ аст. Ҳар сол дар ин форуми умумиҷаҳонӣ мусулмонон масъалаҳои мубрами динӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худро ҳал мекунанд, ё лоақал, роҳҳалҳои онҳоро меҷӯянд. Дар кори омодагӣ ва баргузор намудани мавсими ҳар¬со¬лаи ҳаҷ ниҳодҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва бонкию молиявӣ ширкат менамоянд. Бояд маносики ҳаҷ бо тамоми шаҳомату бузургӣ ва таъйиноти ибодатии худ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, вежагии назокати динӣ, тарғиби рафтори намунавии мардон ва иффату поктинатии занон баъди бозгашти онҳо ба замини муқаддаси ҷумҳурии азизамон мусоидат намояд ва ҳамчун кодекси ахлоқӣ ба ваҷҳи некӯ пайравию ҳамовозӣ пайдо кунад. Ё ба қавли маъруф, боистӣ нуру сафо ва файзу баракати рӯҳонии ин рукни муҳими дини ислом тавассути қавми баҳаҷрафта “бар сари шаҳру деҳоти Тоҷикистон рез-рез” шавад. Ин аст рисолати адои ҳаҷ ва унвони ҳоҷӣ гирифтан, на чизи дигар. Аммо дар андешаи мо шаҳрвандони қаторӣ дар муқобили ҳоҷӣ ҳеҷ арзише надоранд. Чунин тасаввур мешавад, ки шахси ҳаҷкарда гӯё мӯҷизае ё ихтирои арзандае карда бошад, ки оламу одамро дигаргун месозад. Адои маносики ҳаҷ бояд ҳамчун як падидаи муқаррарӣ пазируфта шавад. 

Аз ҷониби дигар, раванди ҳаҷ яке аз воситаҳои муассири ба муомилот даровардани маблағҳои пулии дар дасти аҳолӣ буда маҳсуб мешавад.  Илова бар ин, дар рӯзи Иди Қурбон бисёре аз мусулмонон дар ҷойҳои худ шутуре, гове, гӯсфанде, бузеро қурбонӣ мекунанд ва албатта, гӯшти онро ба хешон ва ниёзмандон тақсим кардан беҳтару авлотар аст.  

Бояд ёдовар шуд, ки дар дини ислом ба ғайр аз ибодат ва амалҳои ҳатмию маҷбурӣ (фарз, воҷиб, суннат) боз аҳкому фармоишҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо ихтиёрӣ (яъне нофила) аст, вале барои онҳо аҷру савоби зиёд ваъда шудааст. Дар ин шумор корҳои шоистаи озод кардани барда (шахси дар банд зиндон буда), таом додан ба гуруснагон, мусофирон, некӯӣ кардан ба падару модар ва нигоҳ доштани пайванди хешӣ, эҳсон ба ятимон, бенавоён ва мӯҳтоҷон, сохта ба истифодаи умум додани иншооту биноҳо – роҳу пулҳо, толору корвонсаройҳо, мактабу хонақоҳо, масҷиду мадрасаҳо ва ғайраҳо. Мардуми тоҷик аз гоҳи нахусти ислом овардани худ дар қатори ҳамаи мусулмонони ҷаҳон барои касби савобу ризои Худо, ободии охират ва рӯсурхии рӯзи қиёмат кӯшиш мекарданд, то ин қабил корҳои хайрро ба ҷо оваранд. Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки фарзандони боистеъдоди миллати тоҷик дар пешбурду пешрафти ҳамаи улуми исломӣ хидматҳои чашмгир ва босазое кардаанд.  

Аз қадимулайём мардуми тавонмард – ҳам дар сарзамини таърихию кунунии тоҷикон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон – аз ҳар як восита ва муносибати фароҳам омада – ҷашни Наврӯз, моҳи Рамазон, идҳои Фитру Қурбон, мавлуди пайғамбар (с), соли нави ҳиҷрии қамарию шамсӣ, моҳи Раҷаб, муносибатҳои шахсию хонаводагӣ – таваллуди фарзанд, хатнаи писарон, издивоҷи фарзандон, мактабу мадрасаро хатм кардани фарзандон, адои фаризаи ҳаҷ, фавти наздикон, маросими азо, ёдбуди азизони марҳум ва ғайраҳо истифода бурда, корҳои худоҷӯёнаи ёдшударо ба ҷо меоварданд. Имрӯз низ ин суннатҳои аҷдодӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии соҳибистиқлоли мо ҷойгоҳи сазовор дорад ва бо истифода аз имконияту технологияи ҳозиразамон шаклу сурати маъқул¬тар ва вусъати бештар пайдо карда истодааст.  

Ҳамчунин бояд мардонавор иқрор намоем, ки дар Осиёи Миёна бо бозмондани ҷомеа аз пешрафту тараққиёт, бо фурӯ рехтани пояҳои устувор ва солими иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, ё ба истилоҳи ҷомеашиносон – бо кризиси сохти феодалӣ (аз асри XVIII то инқилоби Октябр) ин корҳои хайр ва ҳадафу маромҳои онҳо низ сахт таҳриф ёфтанд, ё баръакс – кори хайр ба амале зиёновар мубаддал гашт. Тавре ки медонем, нимаи дуюми асри XVIII хонигарии Бухоро ба Аморати Бухоро табдил ёфт, ки асосгузори он Муҳаммад Раҳимбий (1756-1758) аз уруқи манғитҳои ӯзбек буд. Ҳамин тавр, ҳокимияти сиёсӣ баъд аз ӯ ба амакаш Дониёлбий (1758-1785) ва писараш Шоҳмурод (1785-1800) гузашт ва ниҳоят дар замони ҳукмронии Сайид Олимхон бо вожгун шудани тахти Бухоро хотима ёфт. Аз мазмуни китобу таълифоти олимону муаррихон, адибону шоирони ватании ҳамондавра ва ёддошту мақолаҳои сайёҳону ҷуғрофиядонҳои хориҷӣ медонем, ки ҷавҳари тала¬бо¬ти баргузории ойину русум чӣ гуна буданду дарвоқеъ ҷашну тӯйҳо, маросимҳои расмию ҳукуматӣ ва ғайрирасмию мардумӣ ба кадом тарз гузаронида мешуданд. Табақаи иртиҷоии ҳоким аз рӯйи фаҳмиши имрӯза ба кору фаъолияти муфиди доимӣ машғул набуданд, аз ин рӯ вақти холии зиёд доштаанд. Ва барои хуш гузаронидани вақтҳои холӣ  ҷашну маросимҳои зиёд барпо менамуданд. Аз китобҳои Аҳмади Дониш ва ашъору ҳаҷвияҳои шогирдону ҳамфикрони ӯ – Шоҳин, Савдо ва дар оғози асри XX аз ёддоштҳои устод С. Айнӣ ва шогирдону ҳаммаслакони ӯ манзараи умумии гузаронидани ин маъракаҳоро тасаввур кардан мумкин аст. Ҳузновар он аст, ки амир ба вазире, раисе, қозикалоне ё ягон мансабталабе мефармуд, ки ин ҳафта ту тӯй кун, ҳафтаи дигар фалонӣ, ҳафтаи баъдаш бисмадонӣ. Бад-ин минвол ҳафтаву моҳу солҳои умри азизи худро дар баргузории ҷашну тӯю маросимҳои яке аз дигаре дабдабаноку серхароҷоттар сипарӣ мекарданд. Гӯиё сарватманду ман¬саᬬ¬дорон дар доир кардани маъракаҳои мутантан байни худ мусобиқа мекарданд. Тасвири чандин намунаи ин қабил маросимҳо дар асари «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро»-и С. Айнӣ муфассал баён гардидааст. Вале аз эҳтимол дур нест, ки дар ҳамон давраи буҳрони феодалӣ шахсони сарватманди равшанфикру ҳалолкор ҳам ёфт мешу¬данд ва онҳо барои касби савоб ва ризои Худо нисбат ба бенавоёну бечорагон ва ҳолати ободонию хуррамии кишвар рафтору муносибати инсондӯстона зоҳир менамуданд. Аммо дар маҷмӯъ накӯкорию  ҳадафҳои волои онҳо дар ҷоҳилистони мафкуравии он замон ситораи хираеро дар зулмати шаб мемонд. Ва бадбахтӣ дар он буд, ки ҳамин тарзи гузаронидани маросими ҷашну тӯйҳо ва азову мурдадориҳо рафта-рафта ба қишрҳои дигари ҷомеа низ сироят кард.

Дар аҳди Шӯравӣ, ба хусус баъди солҳои шастум аҳволи мардум андаке беҳтар шуд. Дуруст аст, ки бою сарватмандон набуданд, вале гуруснаву пойлучон низ дигар вуҷуд надоштанд. Ва аз тарафи дигар, аҳком, аҳдоф, фалсафа ва арзишҳои исломӣ ҳам аз матни зиндагии одамон дур шуда буд. Одамоне, ки улуми исломӣ, фалсафа, ҳикматҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии исломро ба дараҷаи кофӣ бидонанд, хеле кам монда буданд. Ва мардум аксари ойинҳоро ба ғайр аз идҳои Рамазону Қурбон ҳамчун маросиме талаққӣ мекарданд, ки аз ниёгонашон ё ба қавли мардумӣ аз отаву бобояшон ба мерос мондааст. Фақат се кор монда буд, ки онро ҳама – хоҳ коргар, хоҳ деҳқон, хоҳ зиёӣ ва намозхону ғайри намозхон ба таври исломӣ иҷро мекарданд: хатнаи писарон, хутбаи никоҳ, намози ҷаноза. Ҷома, ки либоси миллии тоҷикон аст, дар он давра ба дараҷаи «халат»-и хонапӯшаки русӣ расонида шуд. Ва  мардҳо тоқию ҷомаи тоҷикиро дар малаи ом фақат дар ҳамин се мавриди ёдшуда мепӯшиданд: писарча дар рӯзи хатна ҷомача ва тоқӣ мепӯшид (тоқиро баъди анҷоми амали хатна болои ҷои хатнашуда мегузоштанд); домод рӯзи хондани хутбаи никоҳ ва ҳангоми даромадан ба зери чодари арӯсӣ (чимилиқ) ҷома ва тоқии аз тарафи арӯс тӯҳфа¬шуда¬ро мепӯшид; ҳангоми азо, хусусан рӯзи намози ҷаноза ва ба хок супурдан фарзандону хешони наздики маййит ба аломати азодорӣ ҷомаву тоқӣ мепӯшиданд ва аз болои ҷома миёни худро бо рӯймоли яккабанд мебастанд. Воқеияти талх чунин буд, ки дар тӯли бештар аз ҳафтод соли мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, инчунин дигар ҷумҳуриҳои мусулмонӣ ҳазорон ҳазор марду зан намозе ба ҷо наоварда, рӯзе рӯзае надошта, оятеро аз Қуръон нахонда, боре калимаи шаҳодат ба забон наронда, луқмаи ноне борои савоби охират садақа накарда умр ба сар бурданду дунёро падруд гуфтанд. Вале боз дар ҳамин фосилаи замонӣ тақрибан марде ёфт намешавад, ки бе никоҳи мусул¬монӣ зан гирифта, ё зане бе ин никоҳ ба шавҳар баромада бошад, писаре бе хатна монда ва мурдае бе намози ҷаноза ба хок супурда шуда бошад. Танҳо баъди солҳои шастум ба он се мавриди марбут бо аҳкоми исломӣ маросимҳои нави гаронқимат зам гардиданд – дар маросими  сӯгворию мурдадорӣ худоиҳои бегоҳи сею ҳафт, бисту чил ва сари сол бағоят серхароҷот шудан гирифтанд ва таом додани бегоҳии ҷумъа ва баъзан бегоҳи душанбе ба он зам шуд.

Ба ҷашни арӯсии басо калонхарҷи «Сурх» ё «тӯи комсомолӣ» нуқлу шароби сархушкунанда бо ресторану ошхонаҳои аждаҳонарх, мутрибону ҳофизони фармоишӣ ва раққосаҳои нимбараҳнаи нимфоҳиша ҳамчун сарбории ҳатмӣ дохил шуд. Хатна худ ба тӯйе зарурат надошт, вале ба ин анъанаи хонаводагӣ боз «оши маслиҳат», «хатми Қуръон», «оши халқ», «оши занон» ва «шабнишинӣ (вечер)»-ҳо зери унвони «рӯзи таваллуди писарча» устокорона часпонида шуд ва ҳукми зарурӣ касб кард. Вале бояд гуфт, ки чунин навгониҳо дар зимни маросимҳои шодию сурур ва азою мурдадорӣ бо дастуру иҷозат ва мувофиқаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунист ва мақомоти иҷроияи шӯравӣ сурат мегирифт, зеро ҷорӣ гардидиани «тӯи комсомолӣ» ба хотири он буд, ки он ҷойгузини маросими тӯю сури никоҳи мусулмонӣ шавад: «шабнишинӣ (вечер) – рӯзи таваллуди писарча» ба хотири он буд, ки ҷойгӯзини тӯи хатна шавад; ва вусъат додану калонхарҷ кардани худоиҳои мурдадорӣ ба хотири монанд будани онҳо ба «поминка», «девятидневка» ва «сорокодневка»-и русии масеҳӣ иҷозат дода шуд.

Ба ғайр аз ин, барои қайд кардани ин ё он муносибат ва кори оддӣ маросими нави калонхарҷ пайдо мешуданд: маросиме бо куштани гову мондани дегу даъвати ҳамагон ба муносибати даъват шудан ва рафтани фарзанд ба хидмати ҳарбӣ ва айнан маросиме дигар ба муносибати ҷавоб додан ва омадани фарзанд аз хидмати ҳарбӣ барпо мешуд; барои хатми мактаб шабнишиние бо пӯшидани сарулибоси махсус ва додани зиёфат ба анъана даромад, ки ҳар сол беш аз пеш серхароҷоттар мегар¬дид. Бояд эътироф кард, ки дар замони Шӯравӣ гоҳ-гоҳ чорабиниҳое дар бобати ба танзим даровардани расму ойини мардум гузаронида мешуданд, вале аксари ин чорабиниҳо ошкоро ҷанбаи идеологӣ доштанд ва ба расму ойинҳо бештар аз лиҳози мувофиқат кардан ё накардани онҳо ба идеологияи коммунистии ҳоким баҳо дода мешуд. Доираҳои расмӣ ба муқобили баъзе аз ин расму ойинҳо ба унвони «Урфу одатҳои динӣ-феодалӣ» ҳатто муборизаи беамон мебур¬данд, дар танқиду ошкор кардани онҳо мақолаву китобҳои илмӣ навишта, ба чоп мерасониданд, аз тарафи ҷамъияти «Дониш» лекторҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафта лексияҳо мехонданд, филмҳои ҳуҷҷатию бадеӣ ба навор мегириф¬танд. Вале ин тадбирҳо хусусияти мавсимӣ ва якдафъагӣ доштанд ва роҳи ҳалли масъала ва баромадан аз ин бунбастро пешниҳод накарданд.  

Ба ҳукми тақдир ҷумҳурии мо соли 1991 ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид. Баробари ҳамаи дастоварду мушкилот ва каму беши тарзи ҳаёти нав дар шароити комилан фарқкунанда расму ойинҳои тоисломию исломӣ ва ғайриисломӣ, комунистӣ, хоназод ва аз берун воридшуда бо ҷумлаи ифроткорӣ, хароҷоти калони миёншикан, дабдабаву валвала, балки чанд баробар бештар аз пештар вориди воқеияти нави ҷумҳурии азизамон гардид. Дар марҳилаи нахустини рушди мустақилона аслан барои роҳбарияти олии кишвар фурсате доир ба баррасии ин масаълаи муҳими кору фаъолияти шаҳрвандони кишвар даст надод. Вале дар оғози қарни XXI дар кишвар зарурати ба низом ё ба чаҳорчӯбаи маъқул даровардани ин ҳама расму ойин ва маросимҳо ба миён омад. Ана дар ҳамин лаҳза таҷрибаи бойи роҳбарию кордонӣ ва фаросату заковати баланди мардумсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус дар он зоҳир намуд, ки мо бояд барои ҳалли ин қазия ҳамчун як масъалаи муҳими ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз мавқеи баланди масъулиятшиносӣ назар афканем. Дарвоқеъ, кор ба ҷое расида буд, ки тавассути масъалагузории мавсимӣ дар атрофи ин масъала, гузаронидани маҷлисҳо дар доираҳои баланди давлатию ҳукуматӣ, баргузор намудани конференсия, симпозиум ва анҷуманҳо, қабули  қарору қонунҳои маъмулӣ, баромаду гузоришҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва мақолаҳои гуногунҳаҷми илмию таҳлилию оммавӣ ва баъди гузаштани чорабинӣ якбора мӯҳри хомӯшӣ ба даҳон задан расидан ба ҳадафу мақсаде номумкин буд. Воқеият собит намуд, ки дар роҳи ҳалли масъалаи танзими ойину расму русум монеаҳои сахттару душвортар – сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва равонӣ ҳастанд, ки бартараф намудани онҳо бағоят мушкил аст ва ҳам муддати мадидеро тақозо мекунанд. Дар ҷомеаи башарӣ ниҳодҳо, қонуну қоидаҳо, расму ойинҳову динҳо, созмону ташкилот ва дигар мафҳумҳои ба ин монанд ҳамон вақт боқӣ мемонанд ва умри тӯлонӣ мебинанд, ки агар барои ҷомеа вазифаи муфидеро адо намоянд, ягон бори барои ҷомеа заруриро ба дӯши худ гирифта бошанд. Ҳатто забон, ки иншондиҳандаи ҷавҳари ҳастии мардум аст, ҳар гоҳ вазифаи асосии худ – воситаи муоширати байни одамон буданро иҷро накунад, метавонад аз байн равад. Дар ҳамин раванди ифои нақше ва доштани зарурате барои ҷомеа дину ойину русум, урфу одату маросим ва дигар мафҳумҳои ба онҳо монанд бино бар сабабҳои муайян ба вуҷуд меоянд ва дар ҷомеа боқӣ мемонанд ё аз байн мераванд. Илмҳои махсуси ҷомеашиносӣ ин мавзӯъҳоро бар-вақт омӯхта, таҳлилу таҳқиқ намуда, решаҳо, сабабҳо ва ҳолатҳои иқти¬со¬дӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, этнографӣ, омилҳои дохилию хориҷӣ ва ғайраҳои ба вуҷуд омадан, боқӣ мондан ва аз байн рафтани онҳоро муайян кардаанд. Бояд эътироф кард, ки бартарияти ташаббуси Сарвари Давлат дар зарурати қотеъонаи қабули Қонуни муваффақона амалкунан¬даи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар он буд, ки Ҷаноби Олӣ аз ниго¬ҳи манфиатҳои иҷтимоӣ ба мардум фаҳмонида тавонистанд, ки ҳамаи зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маъракаҳо ҷуз худнамоӣ ва шӯҳратпарастӣ чизи дигаре нест. Хушбахтона, мардум оҳиста-оҳиста ин ҳақиқати бебахсро дарк намуданд ва фоидаи танзимро дар беҳбуди ҳаёти рӯзмарра ва буҷети оилавии худ ба ваҷҳи писандида эҳсос намуданд. Вазифаи шаҳрвандии мо дар шароити кунунӣ аз он иборат аст, ки ҷанбаҳои мусбати қонуни мазкурро тақвият бахшида, ҳамеша дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани нуқтаҳои заъфи амалкарди он бошем ва бад-ин васила рисолати шаҳрвандӣ ва эътиқодии худро анҷом диҳем, зеро дар ҳадиси пайғамбари ислом (с) омадааст, ки «мусулмон касест, ки мусулмонон аз забону дасти ӯ солим бимонанд». 

   

Файзулло Баротзода