Баъзе андешаҳо перомуни фарҳанги таҳаммулпазирӣ

Дин аз замони қадим ҳамчун омили муттаҳидкунанада ва ҳам ҷудоиафкан буд ва то ҳанӯз боқӣ мондааст. Аммо риоя накардани таҳаммул-па¬зирӣ дар ифодаи динию мазҳабии он ҳатто дар ҷомеаҳои муосир сабаби ҷангу фоҷиа ва харобию нооромӣ мегардад. Эътироф накардан ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба эҳсосот ва арзишҳои эътиқодии пайравони динҳои дигар боиси сар задани ҷангҳои хунин, пора-пора шудани давлатҳо ва ба мушкилот мувоҷеҳ шудани миллатҳо гардидааст.
Дар айни замон ҳузури таҳаммулнопазирӣ ё таассуби динӣ дар дохили ҷомеа метавонад ҳамчун абзори таъсиргузор дар дасти давлатҳои манфиат-дор барои тафриқаандозӣ истифода шавад. Ба ҳамин хотир, аз даврони қадим рафтори ношояме ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои таблиѓотӣ бо номи мубашширон барои паҳн кардани меъёрҳои динӣ ва арзишҳои миллии худ роҳандозӣ мешуд, ки ҳатман ҳадафҳои пинҳони сиёсиро низ пайгирӣ мекарданд. Мафҳуми «толерантиа»-и лотинӣ, ки дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои таҳаммулпазирӣ, дар арабӣ – «тасомуҳ», дар русӣ – «толерант¬ность» машҳур гаштааст, маънои «пурсабрӣ, шикебо будан ва қабул доштан»-ро дорад. Ҳамчун истилоҳи ҷомеашиносӣ он пазируфтор будан ба ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёт, рафтор ва анъанаҳои дигарон аст. Таҳаммулпа¬зирӣ ҳеҷ гоҳ муодили бетафовутӣ ё беэътиноӣ нест. Он ҳамчунин маънои пазируфтани ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти дигаронро надорад, балки ҳамон аст, ки бар дигарон ҳам ҳуқуқи зиндагӣ кардан аз рӯйи ҷаҳонбинии худро медиҳад». 
Тибқи эъломияи ЮНЕСКО соли 1995 принсипҳои таҳаммулпазирӣ ба таври зерин муайян карда шудааст: 
«Арзиш ва меъёри иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ҳуқуқи ҳамаи афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода мешавад, то гуногун бошанд, ҳамоҳангии пойдор байни динҳои мухталиф, гурӯҳҳои сиёсӣ, нажодӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардад, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва халқҳои мухталиф риоя гардад, омодагӣ ба дарку ҳамкорӣ бо одамони аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, забон, эътиқодот, расму оинҳо ва бовариҳояшон фарқкунанда  баён шавад».   
Тавсифи мафҳуми таҳаммулпазирӣ дар пешгуфтори Эъломияи Созмо-ни Милали Муттаҳид ба таври зерин сабт шудааст: «Пурсабрӣ нишон додан ва бо якдигар дар шароити сулҳ ҳамчун ҳамсоягони хуб ҳамзистӣ кардан аст». Дар ин ҷо ифодаи мазмун на танҳо як тобиши муассири иҷтимоӣ касб менамояд, балки он ҳамчунин ба унвони шарти иҷтимоикунонии  муваффақ дар ҳамгироии муносибатҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад ва шомили тавоноии зиндагӣ карда тавонистан ҳам бо худ ва ҳам бо ҷаҳони одамони дигар – муҳити саѓир ва кабир аст».  
Дар оѓози истиқлолиятҳо нодуруст фаҳмидани арзишҳои таҳам-мул¬па¬зирӣ як навъ кӯшишҳои муаррифӣ ва интишори намудҳои гуногуни ҷунбишҳои мазҳабию тоифавӣ дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро ривоҷ дод, ки онҳо асосан ба заиф гардонидани ҷомеа аз дохил равона гардида буданд. Бо сабаби он ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати атеистӣ дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ мешуд, дар оѓози раванди расидан ба истиқлолият ҳама гуна таблиѓоти хусусияти динӣ доштаро бе таҳлилу баррасӣ қабул кардан ва сахт динзада шудани шаҳрвандон дар байни пайравони ҳамаи динҳо хусусияти буҳронӣ касб намуд. Ва Тоҷикистон, мутаассифона, аз ин рӯйхат истисно набуд, ки он асосан ба фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ бастагӣ дошт.
Ин ҷо барои муайян кардани аҳамияти фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа як руҷӯи таърихӣ кардан ба оѓози бархӯрд¬ҳои фарҳангҳои миллию динӣ мувофиқи мақсад менамояд. 
Зуҳури ислом мансубияти динии миллату давлатҳоро ҳамчун меҳвари асосӣ ба омили тавонои муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ табдил дод. Гап дар сари он аст, ки сипоҳи исломиён ба кишварҳои масеҳитабор ва минтақаи густариши фарҳангҳои қадим – қибтиён, бобулиён, сурёниён ва порсиён ҳам футӯҳот анҷом дода, онҳоро мусулмон карданд ва таъ¬сир¬гу¬зории фарҳангиашонро хира гардониданд. Афзун бар ин, онҳо як қисмати умдаи минтақаи густариши фарҳанги ҳеллинистиро ба таври доимӣ тасарруф намуда, аз тариқи вилояти Андалусияи Испания ба амнияти умумии Аврупо хатари ҷиддӣ ворид кардан гирифтанд. Ислом дар зоти худ хусусияти бунёдгароии динии тавсеапазир нишон дод. Ҳамин воқеият нахустин иттиҳоди кишварҳои Аврупоро дар пояи ҳамгироии иқтисодӣ ва динию сиёсӣ бо номи «ҷангҳои салибӣ» (Cruzada) ҳамчун муқовимат бар муқобили тавсеаи мусулмонӣ ба вуҷуд овард.
Дар шароити қурунивустоӣ империяҳои теократии мусулмонӣ  тақвият ёфтан гирифтанд ва муқовимати олами масеҳият ва ислом дар ҳавзаи баҳри Миёназамин хусусияти доимӣ касб кард. Ва ҳар ду ҷониб зимни масъалагузориҳо аз мавқеи бунёдӣ корбарӣ мекарданд. Барои собит кардани даъвоҳои худ онҳо ба матнҳои муқаддас такя мекарданд, ки ин равиши бунёдгароӣ (фундаментализм)-ро дар динҳо ба вуҷуд овард. Ҳар ҷониб мехост ҳаққу ҳуқуқи худро дар асоси қудсияти китобҳои осмонӣ талаб намояд. 
Арабҳо дар навбати худ падидаи зуҳури пайѓамбари ислом (с), фарҳанги мусулмонӣ ва Қуръону суннатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекарданд. Дар баробари ин забони арабӣ низ нерӯи қавии глобалӣ шуд. Аз ҷониби дигар, қабилаҳои арабитабори нимҷазира ба ҷуз ҳамин кашфиёт дар таърихи мавҷудияташон чизе дигаре ҳамчун дастовез надоштанд ва дар атрофи ҳамин идеяи динӣ ва миллӣ муттаҳид шуданд.  
Матлабҳои баёншудаи таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли асрҳо маҳз набудани низоми ягонаи мабнӣ бар асоси андешаи баробарӣ ва таҳам¬мул¬пазирӣ ба маънои пазируфтани андеша, рафтор ва ойину фарҳанги дигарон вуҷуд надошт, ки ин боиси ҷангҳои тӯлонии қавмию мазҳабӣ мегардид. Аз ин рӯ, масъалаи риояи таҳам-мул¬пазирӣ барои таъмини амнияти ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим аст. Таҳам¬мул¬пазирӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ѓаразҳои сиёсии нерӯҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ бозида метавонад. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳам¬мул¬пазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва мазҳабҳо метавонад мӯҷиби аз дохил заиф гардидани иқтидори давлатҳо ва хурӯҷи нооромиҳо шавад.
Принсипи таҳаммулпазирӣ дар фаҳмиши муосири он нахуст дар осори маорифпарварони фаронсавӣ Волтер ва Жан-Жак Руссо ҳамчун механизми таъминкунандаи ҳамзистии мусолиматомези намояндагони қавм, мазҳаб ва фарҳангҳои гуногун пешниҳод мешавад. Маҳз Руссо аввалин бор принсипи таҳаммулпазирӣ ва паймони ҷамъиятиро бар хилофи андешаи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» ва «инсон барои инсон гург аст»-ро пешниҳод мекунад. Баъд аз инқилоби Фаронса (1792) аввалин бор баробарии мардум дар асоси принсипи шаҳрвандӣ новобас¬та аз мансубияти нажодию мазҳабӣ эълом гардид. Баъдан ин принсип дар ИМА ва сипас дар тамоми ҷаҳони мутамаддин татбиқ гардид. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ дар муқобили даъвоҳои бебунёди исломгароёни наҳзатӣ дастгирии худро аз принсипи дунявият ва таҳаммулпазирӣ эълон намуд. Ва ин асл дар моддаи якуми Конститутсия дарҷ ёфтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Прнсипҳои усулии дар ин модда баёншуда дар тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши дин пайгирона риоя мегардад. Дар пешгуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис-тон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баёни возеҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Дар ин ҷо бозгӯ намудани чаҳор принсипҳои асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр муҳим аст: 
Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Бояд гуфт, ки ин принсип метавонад танҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқи амалӣ пайдо кунад. Ва ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намудаанд ва ҳизбҳое, ки ба худ сифати исломӣ, мисли ТТЭ ҲНИ гириф¬таанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 
Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дунявият мумкин аст, ки бароба¬рии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоиву судӣ имконпазир гардад. Дар давлатҳои теократӣ хоҳ масеҳӣ, хоҳ мусулмонӣ ва хоҳ динҳои дигар меъёрҳои воқеии таъмини адолат барои ҳамагон вуҷуд надорад (масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субйекти комили муносибатҳои ҳуқуқӣ нестанд. Мусулмон ѓайримусул¬монро «наҷас» ва масеҳӣ ѓайримасеҳиро «паганный» (палид) мегуфтанд. Наҳза¬ти¬ён касонеро, ки бо онҳо ҳамақида набошанд, ѓайримусулмон ва киш¬ва¬ри Тоҷикистонро бидуни роҳбарияти худ «дору-л-куфр» меномиданд). 
Сеюм, «дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо». Бояд гуфт, ки фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намоянда¬го¬ни дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳу¬рии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.  
Чаҳорум, «бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки ба мероси маънавӣ ва динии ниёгони худ эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон» махсус таъкид гардидааст. Сиѓаи ифодаи ин матлаб ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равияҳои дигари дини ислом, ба хусус исмоилия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи вежа дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабии форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад.  
Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад.   
Агар Пешвои муаззами миллат ҳангоми таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир ба ҷойгоҳи иҷлосияи таърихӣ дар таърихи Тоҷикистони навин сухан ронда, оѓози «роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқ¬бунёд, дунявӣ ва ягона» муайян карда бошанд, пас дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи тайшудаи ин шоҳроҳи бузургро чунин баҳогузорӣ намуданд: «Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад». Пас, моро зарур аст, ки ба хотири сулҳу субот ва оромии ҷомеа паҳлӯҳои гуногуни суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва диниамонро мутобиқ ба талаботи замони муосир эҳё карда, кишвари азизамонро ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.