Бемазҳабӣ – омили ифротгароии динӣ

Дарди ихтилофу тафриқа ҷавонони мусулмонро чунон фаро гирифтааст, ки сарчашмаи он амалкарди доиёнест, ки бо роҳи суиистифода аз арзишҳои ислом онҳоро ба душмани ҳамдигар табдил дода, сабаби дур шудан аз муқаррароти мазҳабии худ мегарданд.
Аз оғози густариши ислом аҳли куфр пайваста машғули тавтеа ва ихтилофангезӣ будаанд, ки дар ин бора далолати ояти Қуръон ҳам вуҷуд дорад: “لا يزالون يقاتلونكم حتى يردوكم عن دينكم إن استطاعوا Кофирон доиман бо шумо меҷанганд, то шуморо аз динатон баргардонанд, агар битавонанд” [Бақара; 217].
Аз балоғати оят маълум аст, ки “агар битавонанд”, яъне, агар мусулмонон пайравии устувор дошта бошанд, ҳеҷ кас онҳоро шикаста наметавонад. Аҳли куфр диданд, ки мусулмононро бо тиру туфанг шикаст додан амри маҳол аст, ба тафриқа андохтан дар байни худи онҳо пардохтанд, ки дар истилоҳ онро “حارب الإسالم بالإسلام” тарҷ: (Бар зидди ислом бо ислом биҷангед) меноманд. Ин нақшаро аз тариқи гумроҳ кардани чанд нафар мусулмони муздур тарҳрезӣ намуданд. Онҳо барои фирефтани мусулмонон шиори “Қуръон ва суннат”-ро паҳн мекарданд ва мегуфтанд, ки мо танҳо ба Қуръон ва ҳадис пайравӣ мекунем. Ин бемазҳабон боз иддао доранд, ки муҷтаҳидини чаҳоргона ва дигар уламои дин маъсум нестанд, пас пайравӣ аз эшон воҷиб нест. Аз ин рӯ, тамоми қавоид ва усули марбут ба иҷтиҳод ва тақлидро нодида гирифтаанд. Аммо ҷои тааҷҷуб ин аст, ки худи онҳо аз касоне пайравӣ мекунанд, ки на танҳо маъсум нестанд, балки аз лиҳози диёнат ва тақво аслан қобили муқоиса бо соҳибони мазҳаб намебошанд.
Бемазҳабон, хоссатан салафиҳо чаҳор мазҳаби аҳли суннатро бидъат ва нописанд меҳисобанд. Онҳо бар он назаранд, ки агар ин чаҳор мазҳаб дуруст бошанд, пас ихтилофи байни онҳо баҳри чист? Дар ҷавоб бояд гуфт, ки шумо ломазҳабон ибтидо аз ҳамон саркардаҳоятон то охирин пайравонатон суннатро бидъат ва бидъатро суннат мепиндоред. Бояд зикр намуд, ки чаҳор мазҳаб (ҳанафия, моликия, шофеия ва ҳанбалия) ба иҷмои салафи солеҳ бидъат нест, зеро ҳадиси “خير أمتي قرني” шоҳиди ҳаққонияти эшон аст. Гузашта аз ин ба исноди ҳадисҳои зиёд гуногунии мазҳаб дар замони паёмбар (с) низ вуҷуд доштааст.
Маълум мегардад, ки ихтилофи андеша аз замони паёмбар (с) вуҷуд доштааст ва мунҷар ба ин чаҳор мазҳаб шуд, ки мавриди итминон қарор гирифтанд. Ва аз қарни сеюми ҳиҷрӣ то ин ҷониб ҳазорон-ҳазор мусулмонҳо пайрави яке аз ин чаҳор мазҳаб буданд. Мардуми тоҷик бошад, аз қадим пайрави мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ буда, то имрӯз ифтихор аз он доранд, ки пайрави яке аз бузургтарин мазҳабҳо мебошанд.
Ҳарчанд қонунгузории амалкунанда фаъолияти ҳизбу ҷараёнҳои муайяни ифротиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудааст, аммо ҳоло ҳам ҷавонони мо бештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ фирефтаи мубаллиғони хориҷӣ мешаванд. Онҳо бо иддаоҳои дурӯғини худ ҷавонони моро мағзшӯӣ карда, буғзи кинаву адоватро дар дили онҳо мепарваранд.
Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҷавонони мо бояд донову ҳушёр бошанд ва тибқи фармудаи Пешвои миллат зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нерӯҳои аҳриманӣ ба хотири ноором сохтани ҷаҳони мусулмонӣ ҳамеша дар такопӯ қарор доранд. Инчунин тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистонро зарур аст, ки пайрави асили мазҳаби бузурги ҳанафӣ бошанд, зеро дар ин мазҳаб тамоми ормонҳои инсонӣ ҷой дорад.
Пайравӣ ва ҳифз намудани арзишҳои суннати мондагори мазҳаби ҳанафӣ ягона роҳи наҷот ва пешгирии тундгароии динию мазҳабӣ дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши анъанаву
маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ Хоҷаев К. Р.

Яндекс.Метрика