Бурҳони ботили Албонӣ

Боиси таассуф аст, ки имрўз дар ҷомеаи мо ҷараёни салафияи ифротӣ реша давонида, ҷавонони моро гумроҳ менамояд. Барои ба сафҳои худ ҷалб  намудани ҷавонони бесавод пайравони салафия аслан муколамаи муғризона, ҷоҳилона ва зиддимиллию зиддидинӣ ва зиддиинсонии зерини Албониро асос  қарор медиҳанд. Албонӣ ба шахсе мегўяд: Агар аз ту пурсанд: «Ту ба кадом мазҳаб мансуб ҳастӣ?» ту чӣ ҷавоб  медиҳӣ? Он шахс мегўяд: «Ман ҷавоб медиҳам, ки ман мусулмонам». Албонӣ мегўяд: «Аммо ин кифоя нест?» Шахс мегўяд: Аллоҳу таоло моро мусулмон номидааст: «Вай (Аллоҳ) шуморо мусулмон номидааст» (ал-Ҳаҷ, 22:78). Албонӣ мегўяд: «Ин ҷавоб дуруст мебуд, агар дар солҳои аввали интишори ислом дода мешуд, вақте ки фирқаҳои мухталифи гумроҳе, ки имрўз вуҷуд доранд, намебуданд. Агар имрўз мо чунин суолро ба яке аз онҳое, ки эътиқоди динии онҳо аз эътиқоди мо фарқ менамояд, диҳем,  вай ҳам ҳамин тавр ҷавоб медиҳад. Ҳамаи ҷараёнҳои гумроҳ, мисли шиаҳои рофизӣ, шиаҳои алавӣ, хориҷиҳо ва ғайра мегўянд: «Мо мусулмонем». Аммо чунин ҷавоб имрўз кифоя нест». Шахс ҷавоб дод: «Ман мегўям, ки ман мусулмоне ҳастам, ки ба Қуръону суннат пайравӣ менамояд». Албонӣ гуфт: «Ин ҳам кифоя нест». Он шахс пурсид: «Барои чӣ?». Албонӣ гуфт: «Оё ту метавонӣ аз байни фирқаҳои гумроҳ ягон намунае биёрӣ, ки акси онро ба забон орад?»  Масалан, гўянд: «Мо мусулмононе ҳастем, ки ба Қуръону суннат пайравӣ наменамоем». Албатта, онҳо мегўянд: «Мо мусулмононе ҳастем,  ки ба Қуръону суннат пайравӣ менамоянд». Он шахс гуфт: «Дар ин ҳолат ман мегўям, ки ман мусулмоне ҳастам, ки ба Қуръону суннат пайравӣ менамояд ва инро ҳамон тавре мефаҳмад, ки салафиҳо (ин ҷо ба маънои гузаштаҳо – А.К.) мефаҳманд». Албонӣ гуфт: «Агар аз ту пурсанд, ки ба кадом мазҳаб мансуб ҳастӣ, маҳз ҳамин тавр ҷавоб медиҳӣ?» Вай гуфт: «Оре». Албонӣ гуфт: «Дар ин ҳолат бо назардошти он ки калимаи «салафӣ» нисбат ба дигар калимаҳо ин мафҳумро беҳтар дарбар гирифта шарҳ медиҳад, оё ин ифода агар кўтоҳтар дар шакли «Ман  салафиям» баён гардад,  сабуктар нахоҳад буд?!»

Бояд қайд намуд, ки муколамаи мазкур дарозу тўлонист дорад, лекин қисмати овардашуда комилан кифоя аст, ки ботил будани далелҳои Албонӣ ва бемантиқии андешаҳои ин «донишманд»-и ислом  собит карда шавад. Пеш аз ҳама, аз дастури Албонӣ бармеояд, ки оятҳои қуръонӣ барои ҳамаи одамон ва ҳамаи давру замонҳо нест. Зеро ҳукми ояти 78 аз сураи «Ҳаҷ» тибқи чунин фаҳмиши Албонӣ ба ҳамаи мусулмонон тааллуқ надорад. Вай танҳо мутааллиқи мусулмононест, ки дар ибтидои пайдоиши ислом зиндагӣ кардаанд ва ё  ки ҳамфикру ҳамақидаи Албониянд.  Ба қавли дигар, Албонӣ бо чунин фаҳмиши худ барои ҳама ва барои ҳамаи давру замонҳо будани Қуръонро инкор кардааст. Бидуни шак чунин муҳокимаронӣ мавқеи аҳли куфр  аст ва бидуни шак чунин мавқеъгирӣ дар шарҳи оятҳои қуръонӣ сабаби асосии тафриқа дар олами ислом ва омили асосии харобии маънавии ҷаҳони ислом мебошад. Сониян, аз ҷавоби Албонӣ  «Ин ҷавоб дуруст мебуд, агар дар солҳои аввали интишори ислом дода мешуд…» боз чунин хулосагирӣ карда мешавад, ки мундариҷаи мафҳуми «мусулмон» дар як муддати кўтоҳи таърихӣ  тағйир ёфтаасту вай дигар ҷавобгўи талаботҳои исломӣ нест. Ба қавли дигар, Албонӣ мехоҳад дар таълимоти Худо  нисбат ба мусулмонон тағйирот дароварда, фарзияи худро талқин намояд. Ин нуқтаи назар низ куфр аст ва комилан ба таълимоти Қуръон зид мебошад. Гузашта аз ин, Албонӣ бо ин фаҳмиш ва шарҳи худ ба сифати «ҳамадонӣ»-и  Аллоҳ шак оварда, онро «Настаизу биллоҳ» ислоҳ карданӣ шудааст. Ба андешаи ин ҷониб аз оғози ислом то ба имрўз дар ин сатҳ бадтарин куфре дар олами ислом вуҷуд надошт.

Аз ҷиҳати сеюм, вақте Албонӣ дар муколамаи бофтаи фавқуззикри хеш мафҳуми «мусулмон»-ро ба таври зер  «ман мегўям, ки ман мусулмоне ҳастам, ки ба Қуръону суннат пайравӣ менамояд ва инро ҳамон тавре мефаҳмад, ки салафиҳо (ин ҷо ба маънои гузаштаҳо - А.К.) мефаҳманд» мушаххас месозад, суоли мантиқие бармеояд, ки магар домоди паёмбар Алӣ аз аҳли салаф набуд ва оё ў Қуръону суннатро мисли Албонӣ намефаҳмид? Агар Алӣ низ аз аҳли салаф бошад ва Қуръону суннатро аз Албонӣ ва пайравони ў беҳтар мефаҳмида бошад, пас аҳли шиа ва исмоилиҳо тибқи дастури Алӣ амал  намуда, ба кадом ваҷҳ аҳли салафи солеҳ набошанд ва  барои чӣ онҳо имрўз бояд мавриди ғазаби Албонӣ ва пайравони ў гарданд? Пешвои мазҳаби  мо Имом Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит магар  аз аҳли салаф набуд ва магар фаҳмиши ў дар бораи Қуръону суннат то ба сатҳи Албонӣ ва пайравони ў нест? Таълимоти Имом Абўҳанифа ва инчунин дигар мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат дар тўли 1400 сол дуруст буданд ва имрўз бо омадани бидъаткоре чун Албонӣ нодуруст гардид. Ин магар хандаовар нест? Агар Абўҳанифа аз аҳли салафи солеҳ бошад,  магар пайравони ў имрўз аз аҳли салафи солеҳ нестанд? Агар ҷавоб тасдиқӣ бошад, бидуни шак салафиҳои имрўза бо навгонию бидъатҳои хеш ислом магар мухолифи таълимоти ислом ба ҳисоб намераванд?

Илова бар ин, ҳар яке аз ҷараёнҳои динӣ-мазҳабии имрўза чун салафиҳои имрўза  ҳақ доранд, ки маҳз худро пайрави салафи солеҳ ҳисобанд ва салафиҳоро  гурўҳи бидъаткор, хиёнатпеша, зиддидинӣ ва зиддимиллию зиддимазҳабӣ, инчунин  ҷараёни террористӣ-эқстремистӣ эълом дорад. Ин ҷо бидъаткорию хиёнатпешагии салафиҳо ниёз ба далел надорад. Аллакай муколамаи овардашуда ин сифати онҳоро сароҳатан нишон дод. Зиддидинию зиддимиллӣ ва зиддимазҳабӣ будани онҳо бо чунин далеле собит мегардад, ки онҳо худ тавлидкардашуда ва дастнигари нерўҳои абарқудрати зиддиисломии ҷаҳони имрўза мебошанд. Дар қуруни вусто ва асрҳои баъдӣ ҳеҷ яке аз  ҷараён ва ё мазҳаби исломӣ бо чунин ном арзи ҳастӣ накардааст. Ва то ба имрўз пойдории онҳо ба сабаби дастгирии он нерўҳои зиддиисломию зиддимиллӣ мебошад. Ин гурўҳ инчунин ҷараёни террористию экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Тамоми қатлу кушторе, ки имрўз дар олами ислом сурат мегирад, бо як овоз ба гурўҳи мазкур нисбат дода мешавад, ки бесабаб нест. Зеро тамоми аъмоли ваҳшиёнаи онҳо бо дастури хоҷагони беруна аслан маҳз дар кишварҳои  исломӣ сурат мегирад ва ба хотири бадном кардани ислому тафриқа андохтан дар байни мусулмонон пиёда карда мешавад.

Бинобар ин, моро пайваста суоле дунболагирӣ менамояд, ки наход барои ҷавони соҳибақли имрўзаи тоҷик ҳодисаҳои мудҳиши содирнамудаи   пайравони салафия  дар манотиқи мухталифи олам,   ба хусус ҷаҳони ислом кифоя набошаду боз ба доми бемантиқ, ҷоҳилона ва авомфиребонаи Албонӣ ва пайравони ў биафтанд?!

Каромат Абдулҳаев
сардори шўъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика