Вазъи илми мантиқ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол: мушкилиҳо ва дурнамо

 

Имрӯз мантиқ дар низоми илмҳои гуманитарӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Аз сабаби он, ки доираи донишҳои мантиқӣ хеле доман афкандааст, бинобар ин барои омӯзиши илми мантиқ, майлу завқ бояд боз ҳам афзунтар гардад. Чунки дониши мантиқӣ имконият медиҳад, ки шахс роҳҳои дурусти андешаю фикррониро аз худ кунад, фикри дурустро аз нодуруст фарқ намояд ва ҳангоми мулоҳизаю муҳокима бо хатоӣ ё иштибоҳ роҳ надиҳад. Агар хатоӣ ҷой дошта бошад, сари вақт ислоҳ карда шавад. Мантиқ илмест, ки дар раванди баҳсу мунозираҳо на фақат худро, балки музокиракунандаро метавонад назорат намояд. Табиист, ки чунин нишонаю  сифатҳои тафаккури эҷодӣ пеш аз ҳама барои омӯзгорону қуқуқшиносон зарур мебошад. Донистани қоидаву қонунҳои мантиқ барои онқоимконият фароҳам меоварад, ки ӯ нутқи касбии хешро аниқ,возеҳу равшан ва бо далелҳои мустамад мураттаб намояд. Инчунин ҳангоми суҳбат бо донишомузон дар ҷараёни таълим, аз назаргузаронии корҳои хаттии онҳо зиддиятҳоро ошкор карда тавонад; инчунин нақшаи корӣ ва ҳуҷҷатҳои хизматиро дуруст тартиб диҳад ва ғайраҳо. Албатта барои ин омӯзгор ва қуқуқшинос бояд тафаккури мантиқӣ дошта бошанд.

Ташаккули тафаккури мантиқиро бидуни дониши мантиқӣ тасаввур кардан мумкин нест. Барои ин ӯ шахсоне, ки ба фаъолияти фикрӣ машғуланд, бояд аз ин қонуну қоидаҳои илми мантиқ бархурдор бошанд. Мантиқ илмест, ки шаклҳо ва қонуну қоидаҳои тафаккури дурустро меомӯзад. Тафаккур бошад инъикоси таъмими (умумиятдодашудаи) воқеият буда, тавасути забон (калима, гурӯҳи калимаҳо, ҷумла) ифодаи худро меёбад. Яъне дар зинаи тафаккур воқеият тавассути мафҳумҳо инъикос мегардад. Дар адабиётҳои илмӣ ва таълимии муосир тафаккур ҳамчун мавзӯи омӯзиши фанни мантиқ, инъикоси бавосита ва умумият дода шудани ашё дар шуури инсон буда, воситаи муҳимтарини дониши илмӣ ба ҳисоб меравад. Тафаккур ҷараёни мураккаб, натиҷаи амалиёти фаъолона ва мақсадноки инсон буда, бо забон узван пайваст аст. Яке аз нишонаҳои тафаккури мантиқӣ дар он зоҳир мешавад, ки вай дар заминаи  инъикоси бевоситаи воқеият ташаккул меёбад. Инъикоси бевосита бошад, тавассути узвҳои ҳис дар шакли эҳсосу идрок ва тасаввурот сурат мегирад. Нишонаи дигари тафаккури мантиқӣ дар шакли мафҳумҳо инъикос гардидани ашёву падидаҳои олами зоҳир мешавад. Агар тавассути шаклҳои ҳиссии маърифат мо ашё ва хосиятҳои онҳоро бевосита дарк намоем, пас тафаккури таҷридӣ (абстрактӣ) имконият медиҳад, ки бидуни таҷриба ва маълумоти узвҳои ҳиссӣ аз як дониш дониши дигари то ҳол номаълум ба даст дароварда  шавад. Дар зинаи тафаккур, барои шинохти ашё зарур аст, ки ҳаргуна амсилаҳо ба монанди моделҳо, идеализатсияҳо, абстрактсияҳо, фарзияҳо ва чанде ба онҳо монанд конструксияҳо сохта шаванд, то ки тавассути онҳо моҳияти ашё ошкор гардад.

Тафаккури мантиқӣ имконият медиҳад, ки воқеият дар шаклҳои умумиятдодашуда дарк карда шавад. Яке аз ин гуна шаклҳо мафҳум мебошад. Мафҳум ин фикр дар бораи нишонаҳои умумию муҳими ашё, инчунин робитаю муносибатҳои байни ашё мебошад. Одатан ҳангоми ташаккули мафҳумҳо, гурӯҳи ашё дар асоси нишонаҳои муҳим ва фарқкунанда, ҷудо карда мешаванд. Агар мо барои гурӯҳи муайяни ашё силсилаи нишонаҳои умумию муҳимро номбар карда тавонем, пас метавон гуфт, ки нисбати гурӯҳи мазкур мафҳум дорем. Масалан, маҷмӯи нишонаҳои зерин мафҳуми «ҷиноят» - ро ташкил медиҳанд: амал ё ғайриамале, ки барои ҷомеа хатарнок, дорои айб ва сазовари ҷазо буда, қонунан собит шудааст; ё ин ки шакли геометрии ҳамвор, росткунҷа, ки тарафҳояш бо ҳам баробаранд, мафҳуми «мураббаъ»-ро ифода менамоянд; ташкилоти сиёсие, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳукмрон буда, барои пахш кардани муқобилияти гурӯҳҳои иҷтимоӣ нигаронида шуда, муносибати онҳоро ба танзим дароварда, тартиботи мавҷударо муҳофизат менамояд, мафҳуми «давлат»-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, нишонаҳои умумии муҳим ва фарқ кунандае, ки барои тамоми давлатҳо мутааллиқро ҷудо карда, мо мафҳуми «давлат»-ро ташаккул медиҳем. Мисли ҳамин мафҳумҳои «ҷомеа», «қонун», «инсон», «омӯзгор», «мураббӣ» ва ғайраҳо ташаккул меёбанд. Муҳаққиқон дониши ҳосилшударо ҷамъбаст намуда, тавассути тафаккури эҷодӣ қонунҳои табиат, ҷомеа ва маърифатро ошкор менамоянд ва ба моҳияти ин ё он ашё, қонунияти робитаи байни онҳо сарфаҳм мераванд. (Давом дорад)