Варақаи матбуотии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва ташкилӣ дар соли 2018

Варақаи матбуотии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва ташкилӣ дар соли 2018

 

1. Самтҳои асосии фаъолияти Марказ

Мақсад ва вазифаҳои асосии Маркази исломшиносӣ таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон, таҳияи консепсияю барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа, муайян намудани робитаи мероси исломӣ ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, таъйин кардани мавқеъ ва нақши дини ислом дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир,таъсис додани хазинаи маълумот ҷиҳати таъмини иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи илмӣ-наза­рия­вӣ оид ба исломи муосир ва иттиҳодияҳои динӣ, пешбинӣ намуда­ни хатари суиистифода аз омили динӣ барои амнияту суботи ҷомеа, дурнамои инкишофи равандҳои нави динӣ-сиёсӣ ва ҷамъия­тӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардани аҳамияти таърихӣ ва амалии мазҳабҳои фикҳӣ дар ҷомеаи исломӣ ва масъала­ҳои дигари марбут ба исломшиносӣ ва диншиносӣ иборат мебошад.

2. Тибқи нақшаи кории Маркази исломшиносї барои соли 2018 ҷиҳати иҷро ва ҷамъбасти мавзӯи «Ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи тағйир­ё­бан­даи Тоҷикистон: вазъи кунунӣ, мушкилот, паёмадҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» (барои солҳои 2016-2018) самтҳои зерини омӯзиш мавриди таҳқи­қот қарор гирифтанд:

«Ҷойгоҳи ислом дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»; «Инъикоси равандҳои динӣ дар фазои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ ва таъсири он ба муҳити идеологӣ дар Тоҷикистон»;

«Масъалаи танзими муносибатҳои оилавӣ дар мактабҳои фиқ­ҳии суннатӣ (ҳанафия ва исмоилия) ва қонунгузории муосир (таҳлили муқои­са­вии таърихӣ-ҳуқуқӣ)»;

«Ҳифзи суннат ва танзими анъана ва маросимҳои миллӣва динӣдар ҷомеаи Тоҷикистон»;

«Пажӯҳиши сарчашмаҳои динӣва фарҳангии ҳавзаи Мовароун­наҳр».

3. Шӯрои илмии Марказ:

Шӯрои илмии Марказ аз 13 нафар иборат буда, дар айни ҳол аъзои онро 4 доктор ва 8 номзади илм ташкил медиҳанд.

 4. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои илмӣ-таҳлилӣ ва иттилоотӣ:

Маркази исломшиносӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҲҶТ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Шӯрои амният, КДАМ ва дигар вазорату кумита ва идораҳо дар маҷмӯъ 17 гузориши таҳлилӣ ва тавсияву мулоҳизаҳо пешниҳод кардааст.         

5. Иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, комиссияҳои ҳукуматӣ ва ниҳоду созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ:

1. Роҳбарият ва ҳайати илмии Марказ дар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ, коммиссияҳои ҳукуматӣ ва ниҳоду созмонҳои давлатию ҷамъиятии зерин иштирок карданд:

– Комиссияи ҳукуматӣ доир ба муҳокима ва таҳияи "Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин";

– Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар масъалаи анҷом додани корҳои таблиғотӣ дар миёни кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ;

– Гурӯҳи кории байни муассисаҳои давлатӣ дар баргузор намудани курсҳои бозомӯзӣ барои намояндагони иттиҳодияҳои динӣ;

– Гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷињати шарҷу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ.

6. Фаъолияти ташкилӣ.

Маркази исломшиносӣ мавзӯи илмӣ-таҳқиқотиро барои солҳои 2016-2018 зери унвони «Ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи тағйир­ё­бан­даи Тоҷикис­тон: вазъи кунунӣ, мушкилот, паёмадҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» пурра анҷом дода, натиҷаи корҳоро барои солҳои 2016-2018 дар маҷмӯаи сеҷилдаи "Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъбаст намуд.

7. Иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣва ҷумҳуриявӣ, нишаст­ҳо ва семинарҳои илмӣ:

Маркази исломшиносӣ 2 конференсияи илмӣ-амалӣва як семинари ҷумҳурия­вӣ баргузор намуд:

1. «Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  (шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб) 24 апрел ва 29 июни соли 2018.

2. «Фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа» дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд (шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара) 24-25 октябри соли 2018.

3. Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Роҳҳои мубори­за бар зидди андешаҳои ифротӣ(террористӣ)” 20 декабри соли 2018.

Дар маҷмӯъ кормандони Марказ дар 59 конференсияву нишастҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои гирд ширкат варзида, суханронӣ карданд.

Ҳайати илмии Марказ дар 9 конференсияву нишастҳои илмии байналмилалӣиштирок карданд.

8. Корҳои таблиғотӣ:

1. Кормандони Маркази исломшиносӣ дар гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба МаҷлисиОлии ҶумҳурииТоҷикистондар якҷоягӣ бо корман­до­ни вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои илмӣ ба шаҳру вилоят ва ноњияњои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар шуданд.

2. Аз тариқи телевизион ва радио 92 баромад бо иштироки корман­до­ни илмии Маркази исломшиносӣ баргузор карда шуд.

Маркази исломшиносӣдар доираи курсҳои бозомӯзии масъулини иттиҳодияҳои динӣдар шаҳри Душанбе 27 суҳбат баргузор намуд.

9. Сомонаи Марказ:

Сомонаи Марказ www.mit.tj фаъол буда, ахбору маводи таҳлилӣ, ҳамчунин мундариҷа ва фишурдаи маҳсулоти чопии Марказ пайваста дар сомона ҷойгузин мешавад.

10. Фаъолияти табъу нашри илмӣ.

Дар давраи ҳисоботӣ3 китоб аз чоп баромад:

“Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қисми 3). Душанбе, "ЭР-Граф". –295 саҳ.;

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо» / Маҷмӯаи мақолаҳои Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ. Бохтар, 2018. 88 саҳ.;

“Салафияи ифротӣ”: моҳият ва таҳдиду хатарҳои он”. Душанбе, "Сарбоз", 2018. – 146 саҳ.

Дар ин давра 58 мақолаи илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла 12 мақола дар нашрияҳои хориҷӣба чоп расид.

11. Ташхиси илмӣ-диншиносӣ.

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ теъдоди 176 китобу  маҷмӯа ва брошураҳо, 1119 саҳифа варақаи таблиғотӣ, сабти 136 адад фита, 1 планшет ва 7 телефони мобилӣ, 11 адад хоти­раи беруна (флешка), 3 адад диски сахти пешниҳод­шударо мавриди ташхис қарор дода, хулосаҳои коршиносии худро пешниҳод намуданд.

12. Фаъолияти роҳнамоииилмии таҷрибаомӯзон:

Кормандони Маркази исломшиносӣ роҳбарии таҷрибаомӯзон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишкадаи исломииТоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро бар уҳда дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани таҷрибаомӯзии онҳо роҳнамоӣ ва шароити заруриро муҳайё сохтанд. 

13. Робитаҳои байналмилалӣ:

Дар давраи ҳисоботӣ Маркази исломшиносӣ бо Маркази мукола­маи адёни давлати Қатар (ш. Давҳа) 22 феврали соли 2018 Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.

Инчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Маркази иттилоот ва омӯзиш­ҳои русӣ-арабӣ(ШАС) ҷиҳати баррасӣба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ар-Риёз ирсол карда шуд.

Ҳамчунин Марказ бо Институти “Инъикоси сулҳ ва ҷанг” (IWPR) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, коршиносони мо дар самти баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон ва ходимони дин дар Тоҷикистон тренингҳо баргузор намуданд.

Яндекс.Метрика