ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МАРОМИ ПЕШБАРАНДАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кутоҳи таърихӣ ба қавли асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид», ки маҳз ҳамаи он самараи ваҳдати миллист. 

Воқеан ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод истиқлолияти давлатӣ  бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа зумраҳое падид омаданд, ки аҳолии мамлакатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳаллӣ бар зидди ҳамдигар хезониданд. Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии зумраи ихтилофангез буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ чиз, ягон роҳу восита ру наметофтанд. Дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар буҳрони амиқи душворҳал ғyттавар шуда буд. Дар марказ ва ҷануби кишвар ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт. Ҳазорон нафар сокинони муқими мамлакат, ки ба зери даргирҳо монда қурбон шуданашон аз имкон дур набуд, ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Таҳдиди дастаҳои яроқнок ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе равона гардид. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофбаранггезу  яроқнокро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд, на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад. Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва нерӯҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодӣ ба амнияти  давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуданд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоди миллӣ буд, ки ҳамаи ин мушкилиҳо паси сар шуданд. Аввалин сухани президенти кишвар дар Ичлосияи 16-уми  Шурои Олӣ ин “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” буд, ки ин сухан мароми минбаъдаи пешбарандаи мардуми тоҷик ва таъсис ёфтани иттиҳоди миллӣ гашт.

Илова бар ин 27- уми июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки  мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт ва бо ҳамин ихтилоф ва муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон хомӯш карда шуданд. Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол кард. 

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиклол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Воқеан сулҳу ваҳдат дар баробари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ барои инкишофи давлату давлатдорӣ қимматтарин неъмат буда, ибораҳоеанд, ки бо ҳам тавъамият дошта, якдигарро пурра мекунанд. Агар сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва  осоиштагии миллат бошад, пас ваҳдат — ягонагӣ, тифоқӣ, таҳкими давлат ва давлатдорӣ, рушди миллат ва ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Сулҳу ваҳдат беҳтарин ва бехавфтарин роҳест барои ягонагии мардум ва пойдории истиқлолияту соҳибихтиёрии давлат.

Танҳо дар сурати сулҳу ваҳдат тезию тундиҳои зиндагӣ паси сар мешаванд, рӯзгори мардум ру ба беҳбудӣ меорад, давлат дар маҷмӯъ дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи устуворро ба худ касб намуда, бо ин васила шоҳроҳи пешрафту тараққиёт барои он кушода мешавад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон тасвир кардаанд, образи хеле зебо ва равшани  сулҳу ваҳдат мебошад, ки дар ҳақиқат  имрӯзҳо меваҳои ширини он дар чаҳор фасли сол ба дастурхони пурнозу неъмати тоҷиконаи мо зебу зиннат бахшида ҳаряки моро ба худ ҷалб намуда, водор месозад, ки нагузорем лаззати онҳо аз комамон дур шавад.  

Шоев Субҳиддин – мутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика