Вежагиҳои бадеӣ-адабии «Ҷомеъу-л-баён»-и Табарӣ ва бозтоби онҳо дар таърихномаи ӯ

Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (224-310 ҳ.) аз зумраи шахсиятҳои шаҳире буд, ки дар қарни сеюми ҳиҷрӣ зиндагии бобаракат ва фаъолияти пурсамар анҷом дода, тавассути донишу истеъдод ва фаросати баланди илмию таҳлилӣ асарҳои баландғоя таълиф намудааст ва барои худ дар матни фарҳанги мусулмонӣ нишемангоҳи сазовор муҳайё сохтааст. Аз ҳамин ҷост, ки осори илмию динӣ ва таърихию адабии имом Табарӣ дар такомули фарҳанги арабию мусулмонӣ мақоми шомихе дорад.    

Ҳарчанд Табарӣ шӯҳрати фарогире дар донистани соири улуми исломӣ ва тафсиру фиқҳ доштааст, вале унсури таъриху таърихнигорӣ ва хориқаи таърихсозаш чеҳраи муваффақи ӯро бештару беҳтар муаррифӣ кардаанд. Ба назари мо, дарки ғояву моҳияти таърих дар ақлу зеҳни ин донишманд бисёр барҷаста будааст ва ӯ дар муқоиса бо дигар фақеҳони замони худ аҳамияти анбӯҳи фаровони ахбори ровиёну гӯяндагонро дуруст баҳо дода тавонистааст. Аз мавқеи илмию иҷтимоии имрӯза фаҳмидан мушкил нест, ки дар муҳити ҳукмрони даврони ёздаҳ аср муқаддам инкор намудани ҳар матлаби шунидашуда кори осон набуд. Ва чӣ касе ҳам метавонист ҷасорат кунад, то қиссаву ривоятҳои шунидаашро аз нигоҳи саҳеҳу заиф будан радду бадал намояд. Дуруст аст, ки ҷуръати воқеъбинонаи сараро аз носара тамйиз кардан нахуст дар байни ровиёни ҳадис қувват гирифт ва ба тадриҷ ахбори бахшҳои дигарро низ ба чунин сабки нигориш мувофиқ сохт. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки ҳар гуна маводди дар шакли хаттӣ ба мо расида баёнгари воқеияти фарҳангӣ-иттилоотии давраи муайяни таърихӣ мебошад ва насри таърихдори осори Табарӣ аз ин шумор истисно нест. Фақеҳи донишманд шахси дақиқкоре буд, ки ҳам дар бораи сарчашмаҳои илмӣ-динӣ ва ҳам дар бораи сатҳи до­ни­ши олимони мухта­лиф маълумоти саҳеҳ дошт, вале бар замми ин ҷойгир намудани ахбору ривоятҳои аз назари мунаққидон но­са­ра­ ва хурофотиро дар асарҳояш дар он даврони дур амри зарурӣ ва маълумоти арзишманд донистааст. Ду асари машҳури Муҳаммад ибни Ҷарир – «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Қуръон» ва «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ ва умри ҷовидонӣ бахшидаанд ва кор то ба ҷое расидааст, ки ин асарҳо дар маъхазҳои арабию порсӣ ва пас аз он дар адабиёти Аврупо бо номи мухтасари «Тафсири Табарӣ» ва «Таърихи Табарӣ» маъруфият пайдо карда­анд. Маҳз тавассути ин асарҳо ӯ тавонистааст воқеъияти таърихии замони худро бозтоб намуда, гузаштаи таърихии дурро дар шакли содаву равони насрӣ баён кунад.     

Сазовори гуфтан аст, ки дар бораи рӯзгор, ному насаб, айёми наврасӣ, талаби илм, устодону шогирдон ва мероси илмию динии имом Табарӣ манбаъҳои адабию таърихии арабизабон иттилоот ва ахбори фаровон фароҳам овардаанд. Маъхазҳои адабию таърихӣ ва динӣ, мо­нан­ди «ал-Феҳрист»-и Ибни Надим [6, 310], «Таърихи Бағдод»-и Хатиби Бағдодӣ [17, 464], «ал-Комил фӣ-т-таърих»-и Ибни ал-Асир [1, 118], «Муъҷаму-л-удабо»-и Ёқути Ҳамавӣ [4, 181], «Вафиёту-л-аъён ва анбоу абнои-з-замон»-и Ибни Халликон [7, 191], «Сияру аъломи-н-нубало»-и Аҳмад Заҳабӣ [5, 239], «Табақоту-ш-шофиъияти-л-кубро»-и Субкӣ [10, 118], «Луббу-л-албоб фӣ таҳрири-л-ансоб» [11, 239] ва «ал-Иттиқону фӣ улуми-л-Қуръон»-и аллома Суютӣ [12, 190] ва «Кашфу-з-зунун ан асомӣ-л-кутуби ва-л-фунун»-и Ҳоҷӣ Халифа [18, ҷ.1, 39] перомуни шахсияти ин абармарди илму дин, нақши ӯ дар ташаккули илми «адаб» ва ба вежа мақому мартабаи «Тафсир» ва «Таърих»-и ӯ дар матни фарҳанги исломӣ фиқрҳои ҷолиб ва суханони писандида матраҳ намудаанд. Аксари манбаъҳо ҳикоят аз он кардаанд, ки имом Табарӣ соири улуми замони хешро фаро гирифта, ба ҳайси як донишманди энсиклопедист ва фақеҳи шофеъӣ ба камол расидааст. Дар тӯли умри бобаракат ва фаъолияти босамари илмию эҷодии худ ӯ ҳатто мазҳаби фиқҳии мустақиле бо номи «ҷаририя» таъсис додааст, ки он то охири қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ барқарор буда, пайравон ва шогирдони бешумор доштааст. Аз мазмуни тавзеҳоти манбаъҳои таърихию адабӣ чунин бармеояд, ки зимни таҳлилу баррасии онҳо дар бахши «Табарӣ» бештар осори фиқҳию таърихии Муҳаммад ибни Ҷарир дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Аз ҷумла Ибни Надим ёдовар мешавад, ки «писари Ҷарир аллома ва имоми асри худ ва фақеҳи замони худ буд. Вай тамоми илмҳои замони хеш – илми Қуръон ва наҳву шеър ва луғату фиқҳро омӯхта буд» [6, 312]. Дар «Таърихи Бағдод» чунин омадааст: «Писари Ҷарир ҳофизи Китобуллоҳ, донандаи қироат, бинандаи маъонӣ, фақеҳи аҳкоми Қуръон ва суннат ва гирдоварандаи ахбори саҳобаву тобеъин ва мардумон аст» [17, 465]. Дар ҷойи дигар Хатиби Бағдодӣ аз забони Абӯбакр ибни Хузайма мегӯяд: «Аз оғоз то ба анҷом ба он (яъне «Тафсири Табарӣ») назар кардам. Дар рӯйи замин касе донишмандтар аз Муҳаммад ибни Ҷарир ёд надорам» [17, 467]. Аллома Суютӣ заминаҳо ва зарурати пайдоиши илми тафсиру фиқҳро дар қуруни вусто таҳлил намуда, аҳли тафсирро ба се табақаи саҳоба, тобеъин ва муфассирин гурӯҳбандӣ мекунад. Сипас дар бораи муфассирони мо қабл ва мо баъди Табарӣ ва таълифоти онҳо сухан ронда, чунин хулоса мебарорад: «Китоби Ибни Ҷарири Табарӣ беҳтарини тафсирҳост» [12, 190].              

Дар асли арабии худ ва ҳам тарҷумаи порсиаш ду асари мондагори Табарӣ – «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Қуръон» ва «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» таълифоти ба ҳам тавъам ва ду тарафи як чизанд. Дар китоби «Тафсир» муаллиф барои асараш номе зикр намекунад, вале дар муқаддимаи он чунин матлабро меорад: «Ва мо дар шарҳи таъвили он ва андар баёни он чи дар таъвили маъниҳои он омадааст, агар Худо инро хоста бошад, иншо карданием китобе – фарогирандаи ҳар чизе, ки мардумро ба донистани он эҳтиёҷ афтад, – ҷомеъ ба соири китобҳо, ки аз ғайри он басанда бошад» [15, 7]. Аммо дар бораи унвони китоби «Тафсир»-и худ Муҳаммад ибни Ҷарир дар боби «Ал-қавлу фӣ халқи Одама, алайҳи-с-салом»-и таърихнома чунин ёдовар мешавад: «Ва қила: ақволун касиратун фӣ золика, қад ҳакайно минҳо ҷумалан фӣ китобино-л-мусаммо "جامع البيان عن تأويل آي القرآن", фа каруҳно итолата-л-китоби би зикри золика фӣ ҳозо-л-мавзеъ» – «Ва гуфтаанд: дар ин боб гуфторҳо бисёр аст, мо лахте аз онҳоро дар китобамон бо номи «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Қуръон» ҳикоят кардаем ва хуш надоштем, ки бо ёд кардани он дар ин ҷо китобро ба дарозо барем» [13, с. 62].

         Дар иртибот ба омӯзиш ва ҳифзу истинсохи «Тафсири Табарӣ» бояд гуфта шавад, ки нусхаҳои нахустини ин китобро дар Бағдод шогирдони Муҳаммад ибни Ҷарир дар байни солҳои 283-290 ҳиҷрӣ хушнависӣ кардаанд. Бино бар маълумоти манбаъҳои дар боло зикршуда Табарӣ китоби худро аз сӣ ҳазор варақ то ба се ҳазор варақ ихтисор кардааст. Ва ду нусхаи дигари онро ба Наҷду Ҳалаб фиристодаанд. Дар ҳоли ҳозир нусхаҳои сершумори асар дар китобхонаҳои Оя София ва Нури Усмонияи Туркия ва Хидевияи Миср маҳфуз аст. Бояд гуфт, ки мақсади омӯзиши ҷиддӣ ва таҳияи матни илмии ин сарчашмаи гаронбаҳо дар оғози қарни бистум пайдо шуд. Нашри аввали «Тафсири Табарӣ» дар сӣ муҷаллад бо кӯшишу эҳтимоми бародарон – Мустафо, Бакрӣ ва Исо ал-Ҳалабӣ дар Миср соли 1902 аз тариқи чопхонаи «Маймания» ба табъ расид [14, 17]. Соли 1904 бошад, чопхонаи ҳукуматии «Амирия» дар Қоҳира нашри дуюми онро анҷом дод. Сипас дар соли 1954 нашри сеюми асар аз рӯйи нусхаи чопхонаи «Маймания» такроран ба табъ расид ва дастраси муҳаққиқону хонандагон гардид. Бартарияти нашри сеюм дар он буд, ки як гурӯҳ донишмандони мисрӣ зери роҳбарии устод Мустафо Сақо нашри аввали «Маймания»-ро бо тамоми нусхаҳои маҳфузбуда дар китобхонаҳои Миср муқоиса ва радду бадал карданд. Пас аз тасҳеҳ нашри сеюм низ дар 30 муҷаллад ба табъ расид [14, 18]. Минбаъд низ масъалаи омода намудани нашрҳои илмӣ ва илмӣ-интиқодӣ катъ нагардид. Қадами нахустин дар роҳи омода намудани матни илмӣ-интиқодӣ аз ҷониби бародарон – Маҳмуд ва Аҳмад Шокир гузошта шуд. Онҳо бештар аз панҷоҳ сол ба омӯзиши соири нусхаҳои мавҷудаи асар машғул шуданд ва барои тасҳеҳи матолиби нохоно аз кутуби тафсири дигар, фарҳанг­номаҳо ва девони ашъори шоирони мухталиф истифода карданд. Ин нусхаи тасхеҳшудаи иборат аз 16 ҷилд солҳои 1960-1968 ба табъ расид [14,21]. Дар ихтиёри муҳаққиқон қарор гирифтани маҷмӯъаи мукаммали ин асар боиси густариш пайдо кардани тадқиқотҳои бисёрҷанба дар атрофи ин тафсир ва омӯзиши муқоисавии он бо дигар сарчашмаҳо гардид. Аммо матни ниҳоӣ ва фарогири тамоми нусхаҳои мавҷудаи «Тафсири Табарӣ» дар пояи таҳқиқоти устод Абдуллоҳ ибни Абдулмуҳсин ат-Туркӣ анҷом пазируфт, ки он тамоми дастовардҳои нашрҳои қаблиро фаро гирифтааст, вале ӯ пораҳои парокандаи чандин нусхаи маҳфуз дар Ганҷинаи дастнависҳои Донишгоҳи Қарвини шаҳри Фоси Мағрибро нусхаи асос қарор медиҳад. Ин нусха дар охири қарни чаҳорум хушнависӣ шудааст, вале ду пораи он китобате дорад, ки мансубияти онро ба соли 391 ҳиҷрӣ нишон медиҳад. Ҷойҳои ҳазфшуда ва нохонои ин нусха дар асоси нусхаҳои кадимтарини китобхонаи Оя София, Маркази малик Файсал ва нусхаҳои мисрӣ барқарор шудааст. Матни комили китоб дар соли 1422/2001 дар 26 ҷилд ба чоп расид, ки ду ҷилди охирини онро феҳристҳо ташкил медиҳанд [15].

Сарчашмаҳои мухталифи адабию таърихӣ аз он сабаб китоби Табариро беҳтарини тафсирҳо хондаанд, ки муаллифи он дар ривояти гунаҳои мухталифи таъвили оятҳои Қуръон ва дирояти возеҳи оятҳо, яъне пешниҳоди гунаи аз ҷониби ӯ пазируфташуда маҳорати баланди таҳлилӣ, дониши сарфию наҳвӣ, дуруст гузоштани эъробҳо ва пайдо намудани маънои калимаҳои гуногун дар девони шоирони давраи ҷоҳилиятро нишон додааст. Ӯ дар қарни сеюми ҳиҷрӣ зистааст, ки онро марҳилаи пурбор аз хайру эҳсони фаровони илмӣ донистаанд. Ба замми ин худи имом ҳофизаи қавӣ, зиракию заковат ва истеъдоди нотакрори фитрӣ дар андӯхти илм доштааст. Зимни баён ва таъвили оятҳо ӯ ба кадом бахши алоҳидаи илм муроҷиат карда бошад, бардошти ӯ олимона, оқилона ва тахассусӣ будааст.

Дар муҳити илмии қарни сеюми ҳиҷрӣ эҳтиёҷ ва ниёзмандии ду­чандон дар омӯзиш, тадвин ва донистани матолиби гуногуни таърихию ҷуғрофӣ, дарёфти маънӣ ва таъвили дурусти калима, вожа ва ибораҳои қуръонӣ, номи мавзеъ, исмҳои хос ва қиссаҳои қуръонӣ ба миён омада буд. Асрори нуҳуфта андаруни каломи раббонӣ на танҳо барои мардумо­ни ғайриараб, балки барои худи арабҳо низ норавшан буд ва онҳо ҳам бисёр матолиби оёту сураҳои қуръониро тавассути шарҳу тавзеҳ фаҳмида мегирифтанд. Дар ин вазъият вазифа иборат аз он буд, ки бояд, пеш аз ҳама, суннати тафсирнигории пайғамбар аз хотираҳо гирдоварӣ карда мешуд ва нақлу ривояти фаровони саҳобаву тобеъин низ бе каму кост ҳифз мегардид. Дар айни замон барои бозгӯйи қиссаву ривояти марбут ба нубувват аз замони Одам то Хотам ва сабти насри гуно­гун­ҳаҷму гуногунмавзӯъи асотирию таърихӣ, ки бештар аз сарчаш­маи муҳими ойини яҳудият «Исроилиёт» маншаъ мегирифт, бояд гуфто­ри хамон донишмандони яҳудӣ ва насронӣ ба эътибор гирифта мешуд, ки онҳо аз воқеияти ислому Қуръон огоҳии комил доштанд ва ё худашон ислом оварда буданд. Табарӣ кӯшидааст, ки ҳеҷ як таъвилу тафсири ҳаййизи аҳамият ва ҷузъиёти он ҳаддалимкон берун аз ҷаридаи сабти тафсир намонад.             Рисолати фарҳангии имом Табарӣ андаруни матни асарҳои тафси­рӣ ва таърихиаш дар гирдоварӣ намудану дастраси аҳли илм гардонида­ни ахбори таърихию асотирии гузаштагон барҷаста зуҳур ёф­тааст. Аксари қиссаҳои ибронӣ, нақлу ри­­­во­ятҳо дар бораи ҳаракати нубувват ва ҳаёти пайғамбарон, подшоҳон ва шах­­­сият­ҳои қаҳрамонию таърихии гуногун дар шакли исломишуда ифодаи тозаи худро пайдо карданд ва заминаи асосии пайдои­ши жанрҳо, образу сужетҳои қисса­пар­доз ва намунаҳои бешумори адабиё­ти асотирию шифоҳӣ гардиданд. Ин омезиш ва ғановат такони бузурге дар  ташаккули ҳунари каломӣ ва адабиёти бадеӣ ворид намуд.  

Ҷаззобият ва сиқати «Тафсири Табарӣ» ҳам дар он аст, ки ӯ тамоми ахбору ривояти гузаштагонро ҳамчунон бе каму кост, бо ҳамаи неку бадаш ва риояи амонати илмӣ дар мундариҷаи асарҳои худ ёд кардааст. Роҳу равиши тафсирии Табарӣ вежагиҳои фарқкунанда дорад. Дар баёну таъвили Қуръон оёти аз тариқи ваҳй нозилшударо ӯ ба 3 гурӯҳ тасниф мекунад: а) оятҳое, ки таъвили онро ба ҷуз Худо касе намедонад, ба мисли фаро расидани қиёмат, нузули дубораи Исои Масеҳ ва амсоли инҳо ва барои одамон танҳо донистани аломатҳои онҳо муяссар аст; б) оятҳое, ки баёну тафсири онҳо фақат барои пайғамбар ҷоиз аст; в) оятҳое, ки барои ҳар соҳибилми донандаи забони Қуръон таъвилу тафсир ва донистани баёни лафзии он дар заминаи омӯзиши мукаммал, дарки таъбирҳои маҷозӣ ва истиораҳо дастрас мегардад. Дар иртибот ба ин ҷанбаи таснифотӣ Амин Хавлӣ таъкид кардааст, ки «шахсияти адабӣ ва илмии Ибни Ҷарир китобашро ба сарчашмаи пурарзиши тафсир аз рӯйи ақлу дониш табдил додааст. Бар замми гирдоварии ривоятҳои гуногун баёни маъниҳои луғавӣ, адабӣ ва илмии ҳар як моддаи мавриди назар оварда мешавад» [15, 56]. Бадеият ва ҷаззобияти адабии ин тафсирро бештар намунаҳои шеърии зиёд, бозгӯйи сарфию наҳвии ҳар матлаби вобаста ба баёни ояту сураҳо афзун кардааст. Аз ҷониби дигар, зимни баёни қиссаи пайғамбарон, подшоҳону қайсарон ва маликони форсу руму араб муаллиф ба нақлу ривоятҳои банӣ Исроил ва анъанаҳои асотирию шифоҳӣ ва осори қаламии қавму халқиятҳои гуногун муроҷиат карда, ҷанбаи насрии матлабҳои баёншуда ва баёни соддаву равони онро тақвият бахшидааст.

Ин ахбори дар шакли катбӣ ҳифзшударо муҳаққиқон метавонанд дар сатҳи дониши салиқаи худ мавриди омӯзиш қарор дода, аз миёни анбӯҳи фаровони қиссаву ривоёт маълумоти арзишмандро тамйиз кунанд. Беҳуда нест, ки сабаби ихтисори ҳаҷми ин тафсирро аз сӣ ҳазор варақ то се ҳазор варақ дар силсилаи иснодҳои дароз ва такрори гунаҳои печидаи айни як хабар донистаанд. Муаллифи «Муъҷаму-л-удабо» дар ин бора чунин мегӯяд: «Ахбори мухтасаршуда аслан иборат аз қиссаи анбиё ва «Исроилиёт» ва зикри асотиру хурофоти эшон будааст» [4, 122]. Ин иқдом ба шевае нодуруст пайравӣ шуда, аз он пас низ кӯшиши таълифи мухтасароти «Тафсири Табарӣ» идома пазируфтааст. Тибқи маълумоти Ибни Надим Абӯбакр ибни Ихшид ва Ибни Самодеҳ мухтасароти «Тафсири Табарӣ»-ро таълиф кардаанд» [6, 319]. Ва бори нахуст ин тафсир бо ҳазфи силсилаи иснодҳои дароз ва дар шакли як хабар даромехтани матолибу қазоёи гунаҳои мухталиф ба забони порсии дарӣ тарҷума шудааст.

Ба ақидаи донишмандони эронӣ Забеҳулло Сафо [8, 620] ва Муҳаммад Тақии Баҳор [12, 15] ин тарҷума бо тарҷумаи асари таърихӣ дар як замон оғоз гардида, бояд дар ҳудуди соли 353 ё соле пешу пас бошад. Қобили зикр аст, ки дар бораи нусхаҳои маҳфузбудаи ин асар устод Ҳабиби Яғмоӣ дар муқадди­маи тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» [6, 8] ва дар бораи сатҳи омӯзиши он донишманди англис Чарлз Стори [9, 12] иттилооти муфассале дарҷ намудаанд.   

Масъулияти имом Табарӣ дар асари тафсириаш басо баланд будааст. Ӯ барои бозгӯй ва шарҳи маънии алфоз ва гоҳо калимоти ҷудогонаи сураҳои Қуръон ба манбаъҳои мухталифи таърихию адабӣ ва сарфу наҳвӣ муроҷиат кардааст, то некӯтарин ваҷҳи таъвили матлаб ба даст ояд. Ва баръакс, барои тарҷумаи роҳи рост ба забони порсӣ ва дарёфти калимаву истилоҳоти мувофиқ уламои Мовароуннаҳр то дараҷаи имконпазир маълумоти имом Табариро тасфия намуда, иснодҳои дарозро ҳазф кардаанд. Чунин бояд донист, ки тарҷумаи ин тафсири бузург дар айни замон таҳлилу коркарди мунаққидонаи анбӯҳи фаровони ахбори илмию адабӣ ва фиқҳию шаръии асли арабии асари Табарӣ ҳам хаст. Дар қолаби баёни порсии дарӣ рехта шудани маълумоти пурарзиши ин тафсир агар, аз як тараф, доираи хонандагони онро васеъ карда бошад, аз тарафи дигар, олимону фақеҳон ва шоирону нависандагонро ба истифодаи ҳамаҷонибаи қиссаву ривоят ва образу қаҳрамонҳои онҳо таҳрик дод. Падидаи аз ҳама муҳимтар он буд, ки баробари дар шакли тарҷума дастрас шудани қиссаҳои насрии қуръонӣ мусулмонони ғайриараб ба омӯзишу ҷустуҷӯи осори миллии тоисломӣ ва муқаррар намудани баробариҳои фарҳангию адабии худ дар муқоиса бо фаҳмиши исломии таърих бипардохтанд.          

Табиист, ки пас аз пайдо кардани баробариҳои форсии калимоту алфоз ва талхиси моддаи таърихӣ иснодҳо ҳамчун як чизи нобаҷо менамояд. Аз ҷумла ҳангоми тарҷумаи ояти 73 сураи Бақара чунин омадааст: «Гуфтем: бизанед куштаро бо порае аз он гов. Ҳамчунин зинда кунад Худой мурдагонро» [16, 151]. Ва баъд аз он дар тафсили ин оят меафзояд: «Ҳақ Таъоло Мӯсоро гуфт, ки бигӯ, то гове бикушанд ва порае аз он гов бар мурда зананд, то мурда зинда гардад ва бигӯяд кӣ ӯро куштааст». Имом Табарӣ барои шарҳи калимаи «қатил» аз луғатномаҳо ва девони ашъор далоили фаровон меоварад, ки дар тарҷумаи он дар шакли «пораи гови кушташуда» омадааст. Аз ин ҷиҳат иттилооти фаровон ва гунаҳои мухталифи як хабар, ки дар тафсири арабӣ оварда шудааст, барои пайдо кардани баробари порсии калимот сахт мусоидат кардааст. 

Мухтассоти нигориш ва тарҷумаи сураҳо дар тарҷумаи порсӣ чунин аст: пас аз порае иттилооти мухтасар дар бораи сура ва тарҷумаи оятҳо аз рӯи тартиби ҷойгиршавӣ оварда мешавад. Тарҷума дар ҳақиқат ба порсии «роҳи рост» аст ва дар он зикри матлаби нолозим ва таворуди тахайюли бадеӣ ҷой надорад. Тарҷума сирф илмӣ аст. Масалан, дар сураи Бақара аввал тарҷумаи 24 ояти он омадааст, пас аз он дар фаслҳои хурди насрӣ қисса ва ахбори таърихӣ ёд мешавад, ки перомуни он дар оёти тарҷумашуда ишорае ҳаст. Қобили зикр аст, ки фаслбандии матолиби таърихӣ ва тафсир сохта ва пардохтаи масъулони тарҷума аст ва ин шакл дар асли арабии худ вуҷуд надорад. Баъд аз тарҷумаи 24 ояти сураи Бақара фаслҳои насрии зеринро мехонем: қиссаи кофирон ва мунофиқони Макка; мунозира кардани кофирон бо пайғамбар, алайҳи-с-салом; ёд кардани ин масъалаҳо; ҷавоб додани пайғамбар, алайҳи-с-салом; ҷавоб додани кофирони Макка; қиссаи офаридани Одам, алайҳи-с-салом; қиссаи омадани Иблис ба замин; саҷда кардани фариштагон мар Одамро ва амсоли инҳо. Ин тартиб, яъне тарҷумаи бархе аз оятҳо ва пас аз он гузориши матлабу тавзеҳоти таърихӣ махсуси сураҳои калонҳаҷм аст, ки фарогирандаи ахбори фаровон дар бораи анбиё ва подшоҳонанд. Пас аз сураи Каҳф тартиби тарҷума ва баёни матлаб тағйир меёбад: нахуст тарҷумаи комили оятҳо ва сипас шарҳи ахбори марбут ба онҳо оварда мешавад [16, ҷ.4, 918].

Маҳдуд будани имкони баёни ахбору матолиби иловагӣ дар иртибот ба бозгӯйи ҳар оят барои муаллиф маҷоли пардози суханро сахт мунҳасир сохтааст. Аз ин рӯ, афзудани ахборе берун аз тафсир камтар ба чашм мерасад ва аҳамияти мавзӯъӣ надорад. Масалан, қисме аз ин афзудаҳо чунин аст: «Ва ин қиссаҳо, ки бад-ин сурату-н-Нисо андар аст, бархе ёд карда шуд ва бархе ёд кунем ва бархе андар ҷойҳои дигар ёд карда ояд» [16, 344]; «ва бад-ин сура андар қиссаҳо бисёр аст, аммо аз он қиссаҳо лахте ёд кунем, то ин Мусҳаф дароз нагардад» [16, 468]; ё дар ҷойҳои дигар: «ва ин ҳама қиссаҳо бигуфта омадааст ба ҷойгоҳи хеш, нахостем, ки дигар бора гуфта ояд, ки малолат гирад ва китоб дароз шавад» [16, 595]; «ва бад-ин сураи Фотир ҳеҷ қиссаи пайғамбарон нест ва он чи буд, ҳама ба тафсир возеҳ гуфта омадааст» [16, ҷ.6, 494].

Дар воқеъ, як навъ канораҷӯӣ дар масъалаи ба дарозо кашидани сухан, носозгор будани шарҳи бештари матолиби таърихӣ ва берун рафтан аз тартиби ҷойгиршавӣ ва мазмуни оятҳо дар матни ин асари тафсирӣ барҷаста мушоҳида мешавад, зеро ин ҷиҳат боиси дур рафтан аз матлаби асосӣ мегардид. Аз ин рӯ, дар китоб ишораи таъкидии «бозгаштем ба Қуръон» бисёр ба чашм мерасад. Омили таъйинкунанда дар ин маврид оёти Қуръон ва тартиби ҷойгиршавии онҳост. Қусури ин маҳдудият ва имкони дар шакли як гуфтори анҷомёфтаи насри таърихӣ ҷамъбастшударо Муҳаммад ибни Ҷарир дар таърихномаи худ баробар кардааст.

Матлаби омӯзандаи дигар дар тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» он аст, ки дар матни он вожаву калимоти зиёде аз забонҳои паҳлавӣ ва порсии қадим эҳё шудаанд. Равшан аст, ки сабку услуби нигориш дар тарҷумаи «Тафсир» ва «Таърих» ба ҳамдигар монанданд, вале омӯзиши муқоиса­вии оятҳои ҷудогона аз ин ду асар собит намуд, ки «шакли тарҷумаи дар тафсир анҷомёфта ҳангоми тарҷумаи оятҳо дар асари таърихии Табарӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст» [3, 117]. Муҳтавои ахбори таърихӣ низ фарқ мекунад. Масалан, агар дар нигориши хоби Анӯшервон ва мӯбади мӯбадон дар тафсир «уштурони араб уштурони бухтиро ҳазимат кардаанд» [16, 244] омада бошад, пас дар таърихнома «аспон» омадааст.

Муаллифони тарҷумаи тафсири бузург бо афкандани силсилаи ис­нод­ҳо­ву ҳалқаи дарози номҳои ровиён ва баргузидани як қисса аз миёни қиссаҳои мухталиф барои дарки дуруст ва хонданӣ шудани Каломуллоҳ ба забони порсии дарӣ хидмати нотакроре кардаанд. Онҳо дар қолаби тарҷума тавонистаанд забони ба тозагӣ ташаккулёфтаи порсии дариро дар доираи бебозгашти истифодаи илмию адабӣ қарор диҳанд.                                   

Падидаи барҷастаи зеҳнияти донишманди порснажод Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар мундариҷаи асарҳои «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Қуръон» ва «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» дар он зоҳир гардидааст, ки ӯ тавонист маҷмӯи мукаммали гуфтори ҳамаи гӯяндагони тоисломии арабро доир ба ҳар як далел ва ҳодисаи таърихӣ бо зикри ҳалқаи номҳои ровиён ҳифз намояд, оятҳои қуръ­о­ниро аз рӯйи тартиби хронологӣ дар таърихномаи худ ҷобаҷогузорӣ кунад, рушди мутта­сили ҳаракати нубувватро дар ҷаридаи таърих сабт намояд ва раванди марҳила ба марҳилаи ҳукмронии сулолаҳои мухталифи халқу қавмият­ҳои рубъи маскунро возеҳу равшан нишон диҳад. Ва чизи аз ҳама муҳимтар он аст, ки ин ду асар дар ташаккули насри таърихии арабию порсӣ такони бузурге ворид сохтаанд.

 

Бобоев Файзулло

          

 

АДАБИЁТ:

 

Ибн ал-Асир. Ал-комил фӣ-т-таърих. – Бейрут, 1965. – Ҷ.7.

Баҳор Муҳаммад Тақӣ. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. – Теҳрон, 1373. Ҷ.2.

Бобоев Ф. Таърихи Балъамӣ ҳамчун сарчашмаи адабӣ / Рисола барои дарёфти унвони номзади илми филология. – Душанбе, 1995.      

Ёқут ал-Ҳамавӣ. Муъҷаму-л-удабо. – Қоҳира, «Маъмун», 1938. – Ҷ.8.

Заҳабӣ Аҳмад. Сияру аъломи-н-нубало. – Бейрут, «Рисола», 1983.

Ибни ан-Надим. Ал-феҳрист. – Бейрут, Дорулмаърифа, 1979.  

Ибни Халликон. Вафиёту-л-аъён ва анбоу абнои-з-замон. – Қоҳира, «Саодат», 1948.

Сафо Забеҳулло. Таърихи адабиёт дар Эрон: аз оғози аҳди исломӣ то давраи салҷуқӣ. – Теҳрон, 1368. – Ҷ.1.

Стори Ч.А. Персидская литература: био-библиографический обзор / Перевод с англ., прераб. и доп. Ю.Э. Брегель. – М.: «Наука», 1972. – Ч.1.

Субкӣ Алӣ. Табақоту-ш-шофиъияти-л-кубро. – Қоҳира, 1965. – Ҷ.7.

Суютӣ Абдурраҳмон. Луббу-л-албоб фӣ таҳрири-л-ансоб. – Бағдод, «Мусан­но», 1971. – Ҷ.3.         

Суютӣ Абдурраҳмон. Ал-иттиқон фӣ улуми-л-Қуръон. – Қоҳира, 1969. – Ҷ.2.

Табарӣ Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русул ва-л-мулук. – Бейрут, «Дору-л-кутуби-л-илмия», 1988. – Ҷ.1.  

Тафсиру-т-Табарӣ ли Абиҷаъфар Муҳаммад ибн Ҷарир ат-Табарӣ / Таҳқиқу-д-устоз Маҳмуд Муҳаммад Шокир ва муроҷаату-ш-шайх Аҳмад Муҳаммад Шокир. – Қоҳира, «Дору-л-маориф», 1960-1968. – Дар 16 ҷузъ.

Тафсиру-т-Табарӣ ли Абиҷаъфар Муҳаммад ибн Ҷарир ат-Табарӣ (224-310 ҳ.) / Таҳқиқу-д-дуктур Абдуллоҳ ибни Абдулмӯҳсин ат-Туркӣ. –Қоҳира, «Дору-л-Ҳиҷр», 2001. – Дар 26 ҷилд. 

Тарҷумаи Тафсири Табарӣ фароҳамомада дар замони салтанати Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ, 350 то 365 ҳиҷрӣ / Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Яғмоӣ. – Теҳрон, 1339. – Дар 7 ҷилд.

Хатиб ал-Бағдодӣ. Таъриху Бағдод. – Бейрут, Дору-л-китоби-л-арабӣ, 1973.

Ҳоҷӣ Халифа. Кашфу-з-зунун фн асомӣ-л-кутуб ва-л-фунун. – Истанбул, 1932. – Ҷ.1.

Яндекс.Метрика