Воқеияти рӯзадорӣ

Бо фарорасии моҳи Рамазон мардуми мусулмон аксаран чун анъана, аз моҳияти он қисман огоҳона ва қисман ноогоҳона рӯза медоранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди рӯзагирандагон чун риояи анъанаи бобоён ва мероси динии гузаштаҳо даст ба рӯзагирӣ мезананд ва аксаран дар бораи он на дониши динӣ доранд ва на дониши илмӣ.  Моҳияти нигоҳи динӣ дар Қуръон дар оятҳои 183-187 аз сураи Бақара равшан баён ёфтааст. Тибқи ояти 183 «Эй касоне,  ки имон овардаед, бар шумо рӯза доштан лозим карда шуд, чуноне ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад, ки парҳезгорӣ кунед».  Тибқи ҳадиси қудсӣ Худо гуфтааст, ки рӯза барои ман аст ва подошашро ман худам медиҳам. Ҳадиси дигар мефармояд, ки тавассути рӯза имкон дорад, ки гуноҳҳои саѓира бахшида шаванд.

Андешаҳо доир ба таҳлили таҳаввули таърихии падидаи рӯзадорӣ моро фикран ба фарҳанги халқҳои қадим пайваст менамояд. Дар байни халқҳои қадим бо номи инитсиатсия маросиме буд, ки зимни он насли ҷавон  ё ин ё он фарди қавм барои аз як зинаи камолот ба зинаи дигари камолот интиқол ёфтан, ё барои узви комилҳуқуқи қавм гардидан аз озмоишҳои махсуси ҷисмонию равонӣ мегузаштаанд. Яъне тавассути маросими мазкур шахсро ба мушкилоти зиндагӣ ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ обутоб медоданд. Маросими мазкур баъдтар дар доираи фарҳангҳои мухталиф рангу симои мухталифро касб менамояд. Доир ба моҳи Рамазон низ чунин андешае ҳаст, ки он аз решаи феъли «рамиза» гирифта шуда, маънои «Гармии бошиддат»-ро ифода менамояд. Яъне шахс дар гармии тобистон худро аз хӯрдану нӯшидан боздошта, бо ин роҳ ҳам аз нигоҳи чисмонӣ ва ҳам равонӣ худро ба душвориҳои зиндагӣ омода менамояд. Қурайшиҳо то ислом дар даҳ рӯзи моҳи муҳаррам, ки Ошуро ном доштааст, рӯза мегирифтаанд. Яҳудиён рӯзаи «Явму Кайпур» мегирифтаанд, ки тибқи он онҳо 25 соат аз анҷом додани ҳама гуна кор худдорӣ мекардаанд. Масеҳиён низ дар тӯли сол чанд маротиба рӯза мегиранд ва рӯзадории онҳо нисбат ба рӯзадории мардуми мусулмон хеле сабуктар аст. Эрониҳои қадим низ рӯза мегирифтаанд, лекин зимни рӯзадории худ танҳо аз хӯрдани гӯшт худдорӣ мекардаанд,  зеро тибқи фаҳмиши онҳо барои меҳнати хуб ва натиҷабахш шиками сер омили асосӣ ва муҳим ба шумор мерафтааст.

Ҳамин тариқ, агар ба моҳият ва таърихи рӯзадорӣ на аз нигоҳи дини ислом, балки чун ҷузъи фарҳанги динии башарӣ назар андозем, мебинем, ки озмоишҳои қадимаи ҷисмию равонии башарӣ дар тӯли қарнҳои зиёд таҳаввул ёфта, дар шакли рӯза - худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ба замони мо расидаанд. Бо мурури замон рӯза дар байни халқу қавмҳои гуногун бо шаклҳои мухталиф реша давонда,  тадриҷан либоси қаввии диниро ба бар кардааст. Аммо маҳз дар дини ислом, ки дини нисбатан нав аст,  сахтгирии нисбатан шадидро соҳиб шудааст. Дар моҳияти худ рӯза хусусияти  ахлоқӣ дошта,  мақсад аз он худдорӣ  намудани шахс аз аъмоли танпарастонаю нафспарварона ва иҷтиноб аз гуфтору рафтори номатлуб маҳсуб меёбад.  Бинобар ин, ба рӯза на ҳамчун ба ҳадаф, балки чун ба васила бояд назар андохт, ки тавассути он раванди такмилёбии ахлоқии  шахс сурат гирад.  Аз ин нуқтаи назар чун рӯза моҳиятан васила аст, на ҳадаф, ба сабаби он заифу бемор гардонидани бадан, аз меҳнати фаъоли ҷисмонию маънавӣ даст кашида, дар таъмини аҳли хонаводаи худ халал ворид кардан аз таълимоти  ислом нахоҳад буд. Зеро идомаи ҳадиси «Муъмини нерӯманд назди Худо аз муъмини заиф хуб ва  маҳбубтар аст», чунин садо медиҳад: «…Ба чизе, ки туро нафъ мебахшад, саъй намо ва заифӣ накун». 

Абдухалилзода К.А. 

Яндекс.Метрика