Гузориш аз натиҷаи баргузории машварати корӣ ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ВМКБ

Рӯзҳои 19 ва 20 июни  соли 2019 дар МИҲД-и  ВМКБ ҷаласаи машварӣ ба муносибати и  10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа муовини аввали раиси ВМКБ Мирзонаботов А. таъкид намуд, ки маҳз қабули қонуни мазкур на танҳо шароити мусоид барои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ фароҳам овард,  балки қонун пеш аз ҳама ҳуқуқи шаҳрвандонро дар таъмини озодии виҷдон кафолат медиҳад. Аз ҷониби шаҳрвандон талаботи қонун бояд иҷро шавад.

Дар суханронии худ Вализода Одинашо мудири  шуъбаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак медиҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рӯ оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  хеш таъкид намуданд: «Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».

Таҷрибаи татбиқи қонуни миллӣ исбот намуд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода шавад. Бинобар ин, дар давоми 12 сол ба қонуни мазкур се маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010 ва 28 августи соли 2017) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки марҳалаи фаҳмондадиҳӣ бомуваффақият амалӣ гардида,, ягон нафар ҳуқуқи маънавии поймол намудани талаботи  онро надорад.

Давоми 12 сол дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобчаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо теъдоди як миллиону 100 ҳазор ва тафсири он бо теъдоди 60 ҳазор чоп гардида, ба ҳар як оила расонида шудааст.

То қабули қонуни миллӣ ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд.

Мулоқотҳои минбаъдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим бо роҳбарони сохторҳои дахлдор ва фаъолони мамлакат 24 майи соли 2007,  4 июли соли 2013 ва 11 июли соли 2017 баргузор карда шуд.

Бо дарки масъулият гуфтан мумкин аст, ки ин мулоқотҳои Сарвари давлат заминаи фарҳангии ҳастии миллатро мустаҳкам намуда, бо суханҳои хирадмандона ва пандомӯз барои ояндаи дурахшони насли наврас — асос, барои фаъолони мамлакат — дастури коргузорӣ ва барои миллат – созандагиро роҳнамоӣ мекунад.

Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2016) ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.

Ин пешниҳоди Президенти мамлакат тақозои замон буда, омӯзиши анъанаву ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи хуби ибрат шуд. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

Агар ба таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин назар афканем, барои ҳалли мусбати чунин масъалаҳо, пешгирӣ намудани ҳаракатҳои ифротгаро аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ташхиси муносибати усулии давлат бо дин ва ташкилотҳои динӣ, муқаррар кардани ҷойгоҳи ҳуқуқиву қонунии онҳо дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон зарурияти куллӣ дошт. Аз ин ҷиҳат, минбаъд ин гуна муносибати усулӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва қонунҳо, ки самтҳои алоҳидаи ин ҳолатҳо ва муносибатҳоро ба танзим медароранд, муайян гардидаанд.

Мувофиқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад ва давлат оҳоро эътироф риоя ва ҳифз менамояд. Аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳуқуқ медиҳад , ки муносибати худро бо дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намоянд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намоянд. Мутобиқи моддаи 8 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон соҳибистиқлол дар асоси равияҳои гуногун и сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, вале мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Бо шукригузорӣ аз сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллӣ ки имсол 22-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ бо кулли дастовардҳояш, аз ҷумла эҳёи ганҷинаи бойи фарҳангӣ, расму русуми ниёгон, ойину сунатҳои хоси миллӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногун ҷашн мегирем. Маҳз бо шарофати истиқлолият мо имкон пайдо намудем, ки дар баробари дигар саодатҳо соҳиби озодии виҷдон ва эътиқодоти динӣ гардем. Имруз шаҳрвадон бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар иҷрои маросимҳои динӣ озоданд. 

Инчунин МарамбековМ.-котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ  ҷанбаҳои тарғиби андешаҳои иғвоангез ва ифротӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоиро мавриби таҳлил қарор дода, иброз намуд,ки  имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ  ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Мубаллиғони ҳаракатҳои ифротгароӣ шабакаҳоро ҳам дар тарғиби андешаҳои ифротӣ ва ҳам барои ҷамъ кардани маблағ барои дастгирии пайравони гурӯҳҳои ифротӣ истифода мебаранд. Имрӯз дар шабакаҳои ичтимоӣ чандин сомонаҳои ғайрирасмӣ ба таблиғи андешаҳои ифротғароӣ ба забони тоҷикӣ машғул буда, ҷавононро ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ мекашанд. Инро мо аз таҷрибаи ДИИШ дида будем. Ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Ба ин мақсад онҳо неруҳо ва воситаҳои гуногун – аз агентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ то ВАО – и ватанӣ хориҷиро ҷалб мекунанд.  Ифротгароии иттилоотӣ ба ташаккули тафаккури динӣ- иҷтимои таъсири манфи  расонида,омили  барангехтани ҷанги иттилоотӣ мегардад ва  муҳити мусоидро дар шабака омода месозад.таблиғ менамоянд. Имрӯз фаъолияти сомонаҳои расмии муассисаҳои илмӣ низ бояд дар муқобили чунин тарғибот тақвият дода шаванд ва нақши онҳо бояд назаррас ва  ҳадафманд бошад.волҳо 

Баъди ба анҷом расидани маърӯзаҳо муҳокима ва саволу ҷавоб шуданд. Дар рафти он намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, ҷавонон саволу таклифҳои  пешниҳод карданд.

 

 Собиров Ғ