Гузориш аз рафти сафари кории нақшаи муштараки Маркази исломшиноӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1.06.2021 №41253 (34) ва Нақшаи муштараки Маркази исломшиноӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми динӣ ва бегонапарастӣ аз 17 майи соли 2021 тасдиқ гардидааст, дар таърихи 7-11 июни соли 2021 бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон  мулоқотҳо доир гардиданд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Олимзода Ф., мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Наботов М., корманди шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб-Эмомов У., масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур ва кумитаҳои иҷроияии ҲХДТ шомил буданд. Мулоқотҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, И.Шарипови ноҳияи Данғара  (7.06.21),  “20-солагии истиқлол”, Гулшани ноҳияи Фархор (8.06.21), Қаҳрамон, Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (9.06.21), М.Маҳмадалиев (9.06.21), Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ (10.06.21), Зарбдор (10.06.21), Зиракии шаҳри Кӯлоб (11.06.21) баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳо Олимзода Ф. дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони истиқлол дар соҳаи дин, танзими анъана, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» ва Наботов М. дар мавзӯи «Таҷрибаи татбиқи низоми дунявият ва ташаккули худшиносии миллӣ» баромад намуданд. Дар баробари ин, ҳангоми зарурат доир ба масъалаҳои мубрами рӯз низ мубодилаи афкор сурат гирифт. 

Дар баромадҳо аз ҷумла доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шукуфоӣ ва бақои давлатдории миллии тоҷик тазаккур дода шуд. Садоқату матонат ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки дар муддати кутоҳ дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдати комил пойдор гардид. Институтҳои байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар арсаи ҷаҳон дастоварди бузургу беназир меҳисобанд ва барои татбиқ тавсия медиҳанд.

 

Дар баромадҳо Наботов М доир ба масъалаи худшиносии миллӣ изҳори назар намуда, онро асоси худшиносии фардӣ ёдрас кард. Иловатан қайд гардид, ки таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Номбурда идома дод, ки Сарвари давлат таъкид сохтаанд, ки бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро борњо таъкид карда, њифзи арзишњои миллиро дар мадди аввал гузоштааст. Аз ҷумла мавсуф аз китоби “Тоҷикон дар ойинаи таърих. Китоби якум.Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои муаззами миллат иқтибоси зеринро овард: “Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас њар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад. Ба ифодаи дигар, агар инсон таърихи гузаштаи худро наомӯзад, табиист, ки аз роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқие одамсурат, вале бепарво, бемасъулияту бенишон умр ба cap мебарад...

Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотироти таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таъри¬хи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем». 

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки шаҳрвандон имрӯз аз сиёсати созанда ва иқдомҳои пайвастаи бунёдкоронаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушнуд буда, дар ҳар ҷаласа бо изҳори қаноатмандӣ ва шукргузорӣ аз ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистону даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ андешаҳояшонро баён менамуданд.

 

Мудири шуъбаи пажуњиши њуќуќї исломї                   Наботов М.

Яндекс.Метрика