Дар ганҷинаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ду нусхаи нодири Қуръон маҳфузанд, ки дастнависи яке аз онҳо ба асри 12 мансуб аст

Дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шумораи 5570 ва 4384 ду нусхаи нодири Қуръони карим маҳфуз аст, ки он шомили матни асл ва тарҷумаи форсии тоҷикии таҳтуллафзӣ аст. Дастнависи шумораи 5570 ҳарчанд ноқис бошад ҳам, вале бисёр қадимӣ аст ва муҳаққиқон онро аз рӯи навъи қоғаз ва ҷилдбандӣ ба охири асри XII, яъне пеш аз ҳуҷуми муғул мансуб донистаанд.  
Ин нусха солҳои панҷоҳуми қарни гузашта дар ҳудуди Тоҷикистони муосир дар ҳолати бисёр ногувор бозёфт шудааст. Аз ин рӯ, онро барои тармим соли 1974 ба шаҳри Санкт-Петербург бурда, баъд аз анҷом додани корҳои тармим ва беҳсозии варақҳои фарсудашуда боз ба Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардониданд.

Бояд гуфт, ки қисмати оғоз ва анҷоми ҳамин нусха бо сабаби ҳазф шудани матни аслӣ бо матни асли арабӣ бе тарҷума иваз карда шудааст. Матни асосӣ аз ояти 77-уми сураи Бақара шурӯъ мешавад. Дар нусхаи ба таври рақамӣ аксбардоришуда сураи Оли Имрон дар акси 9419, сураи Аъроф дар акси 9453,  сураи Анфол дар акси 9472 ва сураи Юнус дар акси 9493 оғоз мешаванд. Мушоҳидаҳо собит намуд, ки як миқдор сураҳои калонҳаҷм дар дохили матн мавҷуд нестанд. Нусха бо матни норавшани сураҳои Шамс, Зуҳо, Фаҷр, Балад ва Лайл хотима меёбанд. Охири нусха низ бо афзудани матни арабии сураҳои қисмати ниҳоии Қуръони азимушаън мукаммал гардонида шудааст. Вале матни боқимондаи тарҷумадор аз нигоҳи намунаи насри форсии тоҷикӣ буданаш дорои аҳамияти бузург аст. Ин тарҷума бо тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» қаробати забонӣ ва услубии зиёд дорад.
Аммо нусхаи рақами 4384 дастнависи комил буда, тамоми сураҳои китоб бо нақшу нигори исломӣ музайян ва сатрҳои он бо ранги сиёҳ навишта шуда, матни асл аз боло ва поён мастара (хаткашии мутавозин) ва байни онҳо бо хатти тиллоӣ зарандуд шудааст. Дар зери сатри матни аслӣ матни тарҷумаи форсии тоҷикии оят оварда мешавад, ки онҳо бо ранги сурх истинсох гардидаанд ва ҳаҷми ҳарфҳо низ андаке хурдтар аст.
Бояд гуфта шавад, ки пас аз роиҷ гаштани тарҷумаи расмии Қуръони карим ба забони порсии дарӣ дар асри Х мелодӣ, ки он дар доираҳои илмии дарбори Сомониён бо номи тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» машҳур аст, дар қаламрави Мовароуннаҳри таърихӣ тарҷума ва тафсирҳои бешумори китоби муқаддаси мусулмонон ба вуҷуд ома­данд. Ва дар миёни аҳли илму таҳқиқи Вароруд ба ғайр аз тарҷумаи фавқуззикр инчунин «Тарҷумаи Ҳусайнӣ”-и Мавлоно  Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри XV) ва тафсири тарҷумадори “Фатҳу-л-Раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон” (асри XVIII) дар таълифи Шоҳ Валиюллоҳ ибни Абдулраҳими Деҳлавӣ ҳам маъруфияти бештар касб намуданд.
Тоҷикон таърихи китоби муқаддаси дини худро бо эътимод ба онҳо тиловат мекарданд, маънии онро ба забони модарии худ мефаҳмиданд, меомӯхтанд,  хешу дарвешро меомӯзониданд ва дар бораи улуми қуръонӣ ва исломӣ китобҳо менавиштанд.
Илова бар ин дар давраи салтанати амирони Бухоро дар байни аҳли илм ва муншиёну дабирони доираҳои дарборӣ як иқдоме ба ҳукми анъана даромада буд, ки ҳар гоҳ амири нав тоза ба тахт менишаст ё аз оғози ҳукмрониаш як марҳилаи муайян сипарӣ мешуд, ба ин муносибат як идда китобҳоро ба таври фармоишӣ истинсох мекарданд. Дар байни онҳо ҳатман як нусхаи армуғонии Қуръон музайян ва тарҷумаи таҳтуллафзии форсии тоҷикӣ дошта мавҷуд буд.
Дар анҷом додани ин қабил тарҷумаҳо тамоми дастгоҳи илмии аморат, фақеҳон, шоирон ва нависандагон ширкат менамуданд, то тамоми назокат ва имконоти луғавии ҳамон давраи забони порсии тоҷикӣ дар матни ин тарҷума инъикос шавад. Аз ин сабаб, дар аксари нусхаҳои армуғонии Қуръон номи тарҷумон ва рӯзу таърихи таълифи он зикр намешуд.
Аз ин мавқеъ, бо сабаби сабт нашудани таърихи таълиф ва номи котиби дастнавис нусхаи рақами 4384-ро муҳаққиқон мансуб ба асри XV мелодӣ донистаанд. Бояд эътироф кард, ки мавҷудияти ҳар як дастнависи мансуб ба тарҷумаи Қуръон аз ду ҷиҳат муҳим аст: якум, он намунаи насри адабии замони муайян аст; дуюм, дар матни ҳар тарҷума кӯшишҳои дарёфти гунаи некӯтар маъонӣ, вожа, ибора ва бозгӯи оятҳои Қуръонӣ ба мушоҳида мерасад. Дар хотима таҳлили муқоисавии ин намунаҳои Қуръони тарҷумадорро ба ихтиёри донишмандони забоншинос вогузор намуда, бо овардани тарҷумаи чанд оят аз оғози сураи Банӣ Исроил барои нишон додани тафовути тарҷума ва ташаккулу сайқал ёфтани он дар тӯли қарнҳо иктифо мекунем.
Тарҷума аз нусхаи 5570: «Пок аст он Худое, ки бибурд бандаи Худро дар як шаб аз Масҷиди Ҳаром, айй (яъне) Макка ба сӯи Масҷиди Дуртар. Он ки баракат фиристодем гирд бар гирди он, то бинмоем ӯро аз оятҳое, ки бар ваҳдонияти Мо далел аст. Ба дурустӣ ки ӯст шунавои бино».
Тарҷума аз нусхаи 4284: «Пок аст Он, ки бибурд бандаи Худро шабе аз Масҷиди Ҳаром ба сӯи Масҷиди Ақсо, ки баракат ниҳодем гирдогирди он бо намоиши баъзе нишонаҳои Худ. Ҳаройина ӯст шунавои бино».

директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода

Яндекс.Метрика