Дар забон аммо ҷудо буд

Забон неъмати бебаҳоест, ки инсониятро аз дигар махлуқоти худовандӣ фарқ мегузорад. Маҳз тавассути забон инсоният бо ҳам муошират намуда, афкори худро баён мекунад. Дар саросари ҷаҳон зиёда аз се ҳазор забон мавҷуд аст, ки ҳар қавму миллат ба худ забони хос дорад. Тибқи ҳисоботи оморӣ ҳар сол панҷ забони хурд аз байн меравад ва ин нишонаи он аст, ки дар баробари аз байн рафтани забон фарҳанг ва суннату анъанаҳои соҳибони он забон низ аз байн меравад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки барои пойдории забони модарии хеш саҳме дошта бошад. 

Миллати тоҷик аз қадимулайём бо забон ва фарҳанги волои худ дар ҷомеа мақоми хосса доштанд ва доранд. Маҳз кӯшишу заҳматҳои абармардони ин миллат буд, ки забони тоҷикӣ то кунун арзи ҳастӣ карда, рӯз то рӯз ташаккулу таҳаввул намуда истодааст. Бузургони ин миллат аз Рӯдакӣ то Донишу Айнӣ барои пойдории ин забон заҳматҳои зиёде кашидаанд. Новобаста аз он ки забони давлатӣ забони арабӣ буду тамоми осори илмӣ ба забони арабӣ навишта мешуд, аммо боз ҳам Синою Фирдавсӣ тавонистанд осори худро ба забони форсӣ-тоҷикӣ китобат кунанд. Дар баробари шоирону нависандагон, фақеҳон ва дигар бузургон барои ҳифзи забон кӯшишҳо кардаанд. Дар ин росто зикри хизматҳои Салмони Форс ва пири мазҳаби ҳанафӣ Нуъмон ибни Собит ба маврид аст. 

Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии Салмону Абӯҳанифа нагузошт, ки забони хешро фаромӯш кунанд, балки эшон аввалин поягузороне ҳастанд, ки забони форсии тоҷикиро дар қаламрави Ислом густариш доданд. Маҳз кӯшишҳои Салмони Форс буд, ки аввалин бор оятҳои Қуръони каримро ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуданд. Ӯ нахустин бар таъбири маъмули “بسم الله الرحمن الرحيم”- ро “Ба номи Яздони бахшоянда” тарҷума намудааст. Инчунин шефтагӣ ва ширинии забони форсӣ-тоҷикӣ буд, ки паёмбари гиромии Ислом дар баъзе ҳадисҳо вожаҳои форсӣ-тоҷикиро истифода кардааст. Чуноне ки Икрима аз Ибни Аббос ривоят мекунад, рӯзе Салмони Форс ба назди Паёмбар омад, он ҳазрат ба забони форсӣ-тоҷикӣ ба вай гуфт: «درسته و سادته». Ба назари баъзе муҳақкиқон мафҳуми ин ибора  «Ба тандурустӣ ва шодӣ» аст , ки тарҷумаи таҳтулафзии «اهلاً و سهلاً» (аҳлан ва саҳлан)-и арабӣ мебошад. Дар ривояте дигаре омадааст, ки дар китоби Саҳеҳ Бухорӣ дар боби «من تكلم بالفارسية والرطانة» аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки Ҳасан ибни Алӣ ҳангоми хурдсолӣ хурмоеро аз хурмоҳои садақа барои хӯрдан гирифт, вақте хурморо ба даҳон андохт, паёмбар (с) бо забони форсӣ-тоҷикӣ ба ӯ гуфт: «کخ کخ» (ких-ких), яхне нахӯр-нахӯр, зеро хӯрдани садақа ба хонаводаи паёмбар (с) манъ карда шудааст.  

Поягузори мазҳаби ҳанафӣ Нуъмон ибни Собит нияти намозро ба забони тоҷикӣ ҷоиз шуморид. Ин буд, ки мусулмонони ҳанафимазҳаби дигар қавму миллатҳо, ба ҷуз арабҳо нияти намозро баъзан ба забони тоҷикӣ мехонданд ва ҳоло ҳам мехонанд.

Аз ин маълум мегардад, ки забони тоҷикӣ забони ширин ва гуворост. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои ҳифз ва рушду нумӯи ин забон саҳми худро гузорем.   

Одинаева Ш. – мутахассиси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика