ДАР МАДҲИ МОДАРОН – ФАРИШТАГОНИ ЗАМИНӢ

ДАР МАДҲИ МОДАРОН – ФАРИШТАГОНИ ЗАМИНӢ
Хокро гуфтам:
Метавонӣ, оё, дили модар гардӣ?
Осмонӣ шавию хирмани ахтар гардӣ?
Гуфт: «Не, не ! Ҳаргиз !
Ман барои ин кор бӯстон кам дорам,
Дар дилам ганҷи ниҳон кам дорам».
Ин ҷаҳонро гуфтам:
Метавонӣ, оё, лафзи модар гардӣ?
Ҳама рифъатро, ҳама иззатро, ҳама шавкатро.
Баҳри як сония бистар гардӣ?
Гуфт: «Не, не, ҳаргиз !
Ман барои ин кор.
Осмон кам дорам
Ахтарон кам дорам.
Қудрату тобу тавон кам дорам».
Он ҷаҳонро гуфтам:
Метавонӣ, оё, лаҳзае домани модар бошӣ?
Маҳди раҳмат шавию сахт муаттар бошӣ?
Гуфт: «Не, не, ҳаргиз!
Ман барои ин кор Боғи рангини ҷинон кам дорам. Он чи дар синаи модар бувад, он кам дорам!

Модарони азизу мушфиқ! Эй фариштагоне, ки Худованд биҳиштро дар зери қадамҳои шумо қарор додааст, эй нафароне, ки паёмбар мартабаи шуморо аз падарон се маротиба боло донистааст, эй ононе, ки Синою Абӯҳанифа, Бухорию Саъдӣ ва дигар бузургонро ба дунё овардаед, эй ононе, ки ҳамаи паёмбарону бузургон аз шумо зода шудаанд, эй ононе, ки канори шумо амнтарин макон барои фарзандон аст, эй ононе, ки фариштахиcолед, аммо ба хотири фарзандонатон ба осмонҳо парвоз кардан намехоҳед, эй ононе, ки ризои шумо ризои Парвардигор аст!
Эй дуогӯёни мушфиқу меҳрубони фарзандон! Эй ононе, ки бо ҳастии худ ҳаёту рӯзгори моро рушноӣ ва гармӣ мебахшед, эй ононе, ки аз дурии фарзандонатон ранҷ мекашед ва ба хотири фарзандон молу ҷони худро дареѓ намедоред, эй ононе, ки офияту хушнудии фарзандон орзуи ягонгаву ҳамешагии шумост!
Ҳамаи шумо модарони азизро бо рӯзи идатон табрик гуфта, аз даргоҳи Яздони бузург бароятон саломатии бардавом таманно мекунем, орзӯи онро дорем, ки меҳри оламгири шумо ҳамеша сафобахши ҳаёту рӯзгори фарзандонатон бошад!