ДОИР БА ХУСУСИЯТИ МИЛЛӢ ДОДАН БА САРУЛИБОСИ ДИНӢ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии ойинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос яке аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро ба осонӣ муайян мекунанд. Дар воқеъ, рафтори нохушоянди як идда занону духтарони мо, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъйиноти пероҳанҳои гуногун нишон медиҳад.    

Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рӯйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибос ва намудҳои он баҳогузорӣ мекарданд.  Пӯшида нест, ки дар шароити пайдоиш ва ташаккули динҳои ҷаҳонӣ нерӯҳои низомӣ дар корномаҳои динию сиёсӣ, ба мисли кишваркушоӣ барои густариши ойини нав, ғазавоти исломӣ ва ҷангҳои салибӣ сафарбар мешуданд. Дар ин замина андешаи сарулибоси ягонаи низомӣ ба зарурати фикр карда баромадани сарулибоси худвежаи динию мазҳабӣ сироят кард. Имрӯз аз рӯйи сарулибос рӯҳониёни пайрави динҳои гуногунро ба осонӣ шинохтан мумкин аст. Яъне, сипоҳиёну диндорон моҳиятан пештозони ифроту ҳадгузорӣ дар масъалаи сарули¬бос будаанд. 

Истилоҳи сарулибоси исломӣ бошад, маҷмӯи талаботу муқарра¬роти муайянро ба пероҳани мусулмонон дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ислом ба занону мардони мусулмон иҷозат медиҳад ҳар гуна либосеро бипӯшанд, ки бе зиёдаравӣ ва халали ҳадду ҳудуд пӯшиши ҷисми онҳоро вобаста ба аҷзои муайяни бадан адо кунад ва иффати онҳоро таъмин намояд. Мувофиқи он мардон бояд баданҳои худро аз зонувон боло то ноф пӯшида нигоҳ доранд, ҳамчунин аз пӯши¬да¬ни либосҳои абрешимӣ ва истифодаи маҳсулоти тилловорӣ худдорӣ намоянд. Аммо барои занон ба ғайр аз кушода будани рӯй ва панҷаи дастон аҷзои боқимондаи баданашон аврат маҳсуб мешавад. Ин матлаб дар сураи Нур, ояти 31 ва сураи Аҳзоб, ояти 59 бо тафсилоти равшан омадааст.   

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала на танҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқку¬нан¬даи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае кушоду бороҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад.  

Сазовори гуфтан аст, ки бо сабаби ҷузъи назокат ва зинати занон будани мӯйи сар дар оятҳои зикршуда ва аҳодиси марбут ба ин мавзӯъ ишораи бевоситаи пӯшонидан ё пинҳон кардани мӯйҳо вуҷуд дорад ва тамоми фақеҳони исломӣ зарурати пӯшонидани тамоми бадан, ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастонро таъкид кардаанд. Ҳамчунин як ҷиҳати дигари масъаларо ба инобат гирифтан ба мантиқ мувофиқ аст, ки шаклу навъ¬ҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳои мусулмоннишин аз ҳам тафовути калон доранд. Вале ба ҳар бобат талаботи динии либоспӯшӣ аз рӯйи мазмун ва муҳтаво бо назардошти вежагиҳои анъанаҳои фарҳанги миллӣ мутобиқ гардонида мешуд. Масалан, пероҳанҳои Машриқи исломӣ бо шароити табиию ҷуғрофӣ ва гармои ҷонкоҳи Мағриби арабӣ созгор намеафтоданд. Пӯшиши либосҳои газворашон пахтагин ва ғафс хоси минтақаҳои кӯҳистон буд, вале бо истифодаи ин қабил газвору пероҳан баданро сахт печонидан дар шароити Африқои Шимолӣ боиси дар муддати чанд рӯз ба касалиҳои пӯстии гуногун гирифтор шудани ҳиҷобпӯшон мегардид. Дар минтақаи ҷуғрофии Моварроуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан милли¬доштаро ба бар мекарданд. Ин сарули¬бос дар як вақт ҳам ифодагари баланди фарҳанги миллӣ ва ҳам гӯёи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон пероҳани мардумии тоҷикон дар марҳалаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар ноҳия¬ҳои Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯши¬данд, дар маҷмӯъ як сиккаи зарандуди суннати аҷдодӣ бошанд, дар алоҳидагӣ бозгӯяндаи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати ҳар як водию иқлими Тоҷикистони азизу маҳбуб низ ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз будааст. Газвору шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳво¬нӣ риққатовару хушунатангез набудааст, ки матои атласу адраси ранго¬ранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.    

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар па¬зи¬руфтани шакли сарулибоси муосир низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо исти¬лҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва сароғоз дар Брито¬ниёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкило¬ту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Намудҳои зиёди кодекси либос муқаррар гар¬ди¬дааст, ки ба тарҳи меъёрии пероҳани шахсони мансуб ба касбу корҳои гуногун аҳамияти махсус зоҳир менамояд, ҷузъиёти таркибии пӯшишҳои маъқул ва номақбулро ба тартиб меандозад ва дар ҳолати риоя накарда¬ни он чораҳои ҷазоро пешбинӣ мекунад.

Раванди ҷаҳонишавӣ ва густариши ҳамкории ҷумҳурии мо бо киш¬вар¬ҳои арабию мусулмонӣ дар масъалаи шаклу намуд ва тарзи ли¬бос¬пӯшии миллии мо таъсири нигаронкунанда расонида истодааст. Ин таъсир бештар дар мӯди муосири сатри исломии занону бонувони мо ба мушо¬ҳи¬да мерасад. Бояд эътироф кард, ки пешниҳоди дизайн ва тарҳи сару¬либоси исломӣ асосан аз ҷониби тарроҳони кишварҳои аврупоии узви G7 (ҳафтгона) ба амал баро¬вар¬да мешавад. Ҳатто Туркия дар масъа¬лаи пӯшиши исломӣ нусхабардори тарроҳони аврупоӣ мебошад.  

Пас дар вазъияти кунунӣ чӣ бояд кард? Ба андешаи мо, ба эътибор гирифтани ҷиҳатҳои зерин мувофиқи мақсад менамоянд: 

1. Маросими ҳаҷ ҷойгоҳи муносиб барои ба маъраз баровардани тарҳҳои нави фарҳанги муосири сарулибоси динӣ ба шумор меравад ва табиист, ки ҳоҷиёни кишвари мо низ аз ин намоишгоҳ мутаассир меша¬ванд. Ба хотири ҳифзи амнияти фарҳанги миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ қавми ба ҳаҷ рафтаи моро ба таври шоиставу боиста зарур меояд, ки аз тақлидкорона пӯшидану ворид кардани ҳар гуна либосҳои қавму мил¬лат¬ҳои дигар ба қаламрави ҷумҳурӣ худдорӣ кунанд. Баръакс, бояд ҳоҷиёни ҷумҳурии мо ҳангоми адои маносики ҳаҷ сарулибоси динии миллӣ ба бар кунанд.           

2. Бояд эътироф намуд, ки талабот ба сарулибоси динӣ ва сатри исломӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳ¬су¬лоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабил либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани онҳоро гирифта метавонад. Зарурати ҳифзи амнияти давлатӣ ва фарҳанги миллӣ тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайни пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ҳам ниёз¬ҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро қонеъ гардонанд, аз ниго¬ҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва ҳам таваҷҷӯҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд.  

3. Дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои порс¬на¬жод анъанаи сиёҳ пӯшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надошта¬аст. Ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекардаанд, ки то имрӯз пайгирона идома дорад. Сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеал¬ҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии милли¬шудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти дини¬ро таҷассум кардан ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.    

4. Дуруст аст, ки нозил шудани ояти ҳиҷоб сатр кардан, яъне пӯшо¬ни¬дани баъзе аъзои бадани занонро воҷиб гардонид. Вале дар фарҳанги тоҷикӣ сатр ба маънои “сару гарданро бо рӯймол пӯшонидан” тибқи муқаррароти суннату анъанаҳои миллӣ ва шароити табиию ҷуғрофӣ навсозӣ карда шуд. Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармо¬наю ношоиста ва таблиғи сатру ҳи¬ҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои ман¬фи¬ат¬дор, мутаассифона, қишрҳои аз ни¬го¬ҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб карда меша¬ванд. Ин қабил бесатрону сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас¬та¬гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест. Дар паҳнку¬нии сатри араби¬шу¬да ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракат¬ҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва кинофилмҳои маҳворавӣ низ бисёр қавӣ аст. Боло рафтани рӯҳи¬яи бесобиқаи диндории мардум, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маъри¬фа¬ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии онҳо ба мураккаб шудани вазъият таъсири манфӣ гузошта истодааст. 

Ҳассоияти ин масъаларо дар байни намояндагони ҷинси латиф ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ибрози андеша карда буданд: "Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем... Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштако¬риро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд". 

 

Маркази исломшиносӣ дар назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Яндекс.Метрика