Донишҷуёни тоҷик дар шаҳри Варшава конфоронси илмию амалӣ баргузор намуданд

Шоми 20 сентябри соли 2019 дар яке аз толорҳои пуршукӯҳи шаҳри Варшава бо ташаббуси  Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Полша Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистони муосир: ҳамбастагии миллӣ дар муқобили таҳдидҳои ифротгароӣ» баргузор гардид. 
Ба чорабинии мазкур муҳақиқони лаҳистонӣ, олимон ва коршиносони тоҷикистонӣ, намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар кишварҳои мухталиф ва  инчунин ҳамватанони  муқими ин кишвари аврупоӣ даъват шуда буданд. 
Дар ҳамоиши мазкур муҳақиқи шинохтаи лаҳистонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Мариуш Маршевский,  мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ, олими тоҷики муқими шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҳокимшо Муҳаббатов ва чанде дигарон маърӯза намуданд. 
Конфоронси мазкурро роҳбари “Маҳфили ҷавонони тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” Хусрав Аюбов ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро хайрулмақдам гуфт. Аз ҷумла ӯ изҳор дошт, ки:  “мо хушҳолем, ки дар ин толор шахсиятҳои барҷастаи миллӣ, намояндагони шеваҳои гуногуни фикрӣ ва мавқъҳои гуногуни сиёсӣ гирд омадаанд. Аммо ҳамаи моро як мафҳуми муқаддас муттаҳид мекунад, ки он Тоҷикистон аст. Кишвари ягонаи мо, ватани ягонаи биҳиштии мо. Тоҷики ватандору ватандӯст, тоҷики парваришёфта дар арзишҳои миллию ватании тоҷикӣ дар ҳар куҷое бошад, бо табассум, бо гармӣ ва бо дидаи бози тоҷикӣ бо ҳам мепайвандад”. 
Хусрав Аюбов мақсаду мароми ташкили конференсияро ба таври мухтасар барои ҳозирин иброз намуда, риштаи суханро ба Абдуллоҳи Раҳнамо дод.        
Мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Полша оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир маълумот дод. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз пеш солгарди навбатии истиќлолияти давлатии худро ҷашн гирифт.  Дар ин муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи басе мураккаб ва ҳассосеро сипарӣ намуда, аз оташи чандин бӯҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузашта, имрӯз ҳамчун як кишвари орому босубуот ва зебову шукуфон дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст”.
Коршиноси шинохтаи лаҳистонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Мариуш Маршевский аз ҳузури олимони тоҷикистонӣ дар ин конференсия изҳори хушнудӣ намуда, хоҳиши густариш додани робитаҳои илмии дуҷонибаро дар миён гузошт. Ӯ ҳамчунин аз умумиятҳои забонӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику лаҳистонӣ маълумот дод. 
Дар идомаи ҳамоиш олими тоҷикистонии муқими шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҳокимшо Муҳаббатов ва чанде дигарон маърӯза намуда таҳқиқотҳои худро дар мавриди хатарҳои муосири ифротгароӣ ба давлатдории миллии тоҷикон қироат карданд.
 
Аз номи ҷамъиятҳои тоҷикони кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон ва шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Иноятулло Валиев ва Аминҷон Абдураҳмонов суханронӣ карданд.
Дар охири конфоронс аз номи донишҷуёни тоҷики муқими Лаҳистон Муминҷон Абдуғафоров баромад намуда, барои маърӯзаҳои пурмуҳтаво ба ҳамаи баромадкунандагон изҳори миннатдорӣ намуд. Таъкид кард, ки ҷавонони тоҷикистонӣ, новобаста аз таблиғотҳои муғризонаи гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, барои ба таври арзанда муаррифӣ намудани миллати хеш дар Полша ҷидду ҷаҳд хоҳанд намуд.