Дунявият танҳо ҷудоии дин аз давлат нест

Баъзан дар раванди баъзе муколама ва мунозираҳо эҳсос мегарад, ки на танҳо мардуми оддӣ, балки баъзе зиёиён низ аз мундариҷаи мафҳуми дунявият дуруст огоҳ нестанд. Дар мафкураи онҳо мутаассифона,  бештар фаҳмиши асримиёнагии он – ҷудоии дин аз давлат ҳукмрон аст. 

Бештар равшанӣ андохтан ба мундариҷаи мафҳуми мазкур ҳам аҳамияти амалӣ ва ҳам назарӣ дорад . Аҳамияти назариявии раванди мазкур дар дуруст муайян намудани самти андешаи шахс, ки оё ӯ тамоюл ба дастгирии арзишҳои динӣ дорад ё арзишҳои дунявиро афзал мешуморад, ифода меёбад. Аҳамияти амалии раванди маърифатии зикршуда дар он ифода меёбад, ки вай имкон медиҳад, то мавќеи инфиродию ҷамъиятии шахс дуруст муайян гардад. 

Пеш аз равшанӣ андохтан ба мафҳуми дунявият зарур мегардад, ки худи калимаи дунявият аз нигоҳи забонӣ возеҳ гардад. Дунявият худ исми маънист. Он тавассути суффикси исмсози «-ят» пайдо шуда,  ҳамчун мафҳум маҷмӯи падидаҳо, робитаҳо, муносибатҳо ва арзишу меъёрҳоеро ифода менамояд, ки инъикоскунандаи ҳаёти заминӣ – дунёиянд. Сифати дунявӣ аз исми моддии дунё тавассути суффикси сифатсози «-явӣ»   сохта шудааст. Вай тамоми сифату аломатҳои марбут ба дунё (на уќбо), ҳаёти заминӣ (на ухравӣ)-ро тавсиф менамояд. 

Дар асрҳои миёна воќеан ҳам фаҳмиши маҳдуди дунявият ҳукмрон буд. Маҳдуд будани мундариҷаи мафҳум ба муҳити маънавии ҳукмрон вобастагӣ дошт. Чун муҳит муҳити динӣ буд, ҷудоии дин аз давлат иќдоми аввалин ва асосие дар раванди ташаккули низоми дунявӣ маҳсуб меёфт. Бо амалигардии иќдоми мазкур тавсифи аввалини дунявият оѓоз мегардад. Бояд ќайд намуд, ки ҳама гуна мафҳум сохта ва бофтаи тафаккури инсонист. Тафаккурҳо бошанд маҳсули муҳити моддӣ ва маънавие мебошанд, ки дар он инсонҳо зиндагӣ менамоянд. Чун муҳити имрӯзаи инсонӣ аз муҳити асримиёнагии ӯ комилан фарќ менамояд, пас мундариҷаи мафҳуми дунявият низ тафовут пайдо намуда, фарохтар гардидааст. Муҳити дунявии ҳоло дар ҷомеа ҳукмрон мундариҷаи мафҳуми дунявиятро бою ѓанӣ гардонида истодааст. Ба ќавли дигар, равшан эҳсос мегардад, ки фаҳмиши асримиёнагии дунявият рӯ ба осорхона ниҳодаасту маонии нави дунявият ҷои онро забт намудааст.  Ҳамчун оќибати равандҳои мазкур метавон муҳити имрӯзаи ҷомеаи башариро муҳити дунявии устувор номид. Бояд ќайд намуд, ки даќиќ муайян намудани мундариҷаи мафҳуми дунявият дар таърифи пешниҳоднамудаи “Доиратулмаорифи Бритониё” равшан эҳсос мегардад: «Ҳаракати иҷтимоиест, ки бар ивази масоили ухравӣ ба масоили дунявӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Вай ҷузъе аз афкори инсонӣ маҳсуб меёбад, ки аз замони Эҳё,  замоне, ки бар ивази канорагирии беандоза аз ҳаёту тааммул бар Худо ва рӯзи охир ба баланд бардоштани шаъни инсон ва умури марбут ба он даъват менамояд, ҳукмрон будааст».  

Таваҷҷуҳ ба маонии нави дунявият аз он ҷиҳат бештар мубрам гардида истодааст, ки дар фаъолияти ҳам зиёиён ва ҳам намояндагони ходимони динӣ самтгирӣ ба арзишҳо даќиќкории  бештарро таќозо менамояд. Махсусан, манфиатҷӯёни динӣ дар ҳаёт ва фаъолияти инфиродию ҷамъиятии одамон ҳар чӣ бештар ҳукмрон гардидани арзишу талаботҳо ва манфиатҳои дунявиро равшан эҳсос намуда, барои барќарор  кардани мавќеи аздастрафта ба гуфтору рафтори гӯшношунид даст зада истодаанд. Албатта, рафтори онҳо як шакли эътироз ба муќобили муҳити дунявии ҳукмрон аст. Онҳо ҳамзамон афзалияти муҳити дунявиро амалан собит намуда, бо афкори ифротӣ ва бунёдгароёнаи худ маонии нави дунявиятро  ҷилои бештар бахшида истодаанд. Ба ќавли дигар, тавассути зидмаъно моҳияти маъно равшан гардида истодааст. 

Ҳамин аст,  ки имрӯз  дар фазои маърифатии ҷомеа мо бо калимаву ибороте дучор меоем,  ки воќеан ҳам аз тавсеа ёфтани мундариҷаи мафҳуми дунявият дарак медиҳанд. Андешаҳоро  мухтасаран  ҷамъбаст намуда гуфтанием, ки дар таносуби байниҳамдигарӣ таҳлилу баррасӣ намудани маонии ибораҳое, чун низоми дунявӣ - низоми динӣ, тафаккури дунявӣ – тафаккури динӣ, андешаи дунявӣ – андешаи динӣ, кутуби дунявӣ – кутуби динӣ, адабиёти дунявӣ – адабиёти динӣ, арзишҳои дунявӣ – арзишҳои динӣ, ќонунҳои дунявӣ – ќонунҳои динӣ ва ѓайра моро ба доираи маъниҳои нави дунявият ворид месозанд ва далели ќатъӣ бар исботи гуфтаҳои боло маҳсуб меёбанд.

Абдулҳаев К.А. - сардори Шуъбаи иттилоот  ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика