Дурӯғу буҳтонҳои навбатии М. Кабирӣ

Бегумон мундариҷаи суханони М.Кабирӣ доир ба ҳодисаҳои 6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати музтариби равонии ӯ баъд аз сафари бобарори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шветсария ва Фаронса сахт алоќаманд аст. М.Кабирӣ бо ҳампешагони худ дар сӯҳбатҳои пешини худ табли шодӣ мезад, ки чанд соли охир роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ роҳ намеёбад. Бидуни шак баъд аз сафари бобарори Пешвои миллат ба кишварҳои ИА дар пиндору гуфтор ва рафтори роҳбарияти гурӯҳи хурди ҷиноятпешае бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» нобасомонӣ, бемантиќӣ ва берабтии назаррасе ба мушоҳида мерасад. Таваҷҷуҳ бояд кард, ки ӯ ҳукумати Тоҷикистонро ба дурӯғгӯӣ гунаҳгор менамояд, аммо худи ӯ бидуни андеша ва бедарназардошти он ки одами бадахлоќтаринро низ имоне ва виҷдоне ҳаст, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ДОИШ ҳампеша донистааст. Гӯё ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДОИШ як сиёсат ва ва як стратегия дошта, шарики стратегӣ бошанд. Албатта, дар хусуси бевиҷдонии ӯ доир ба ин сатҳи дурӯғ ва тӯҳмат аҳли ҷомеа ҳукм менамояд, аммо комилан яќин аст, ки ӯ ба ҳукми ояти 10 аз сураи «Баќара» «Ва ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд, барои онҳо азоби дардиҳанда ҳаст» бовар надорад. Агар ӯ ба азоби Худованд барои дурӯғгӯӣ бовар медошт, то ба ин ҳад дурӯғи бемисл намегуфт. Чӣ тавр ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба ДОИШ монанд намуд дар ҳолате, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу оромӣ, ҳамчун натиҷаи фаъолияти ҳукумат ҳукмфармо асту дар макони ќадамниҳодаи ДОИШ нооромӣ ва таркишу куштор?! Чӣ тавр онҳоро шабеҳ донист, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун маҳсули фаъолияти ҳукумат рушд намуда, рӯз ба рӯз обод гардида истодаасту ДОИШ маҳв гардида, рӯзҳои вопасини худро паси сар карда истодааст?! Чӣ тавр онҳоро ҳамҳадаф метавон номид, ки тоҷикзабонони машҳури дунё аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат ба хубӣ истиќбол намуда, эълом доштанд, ки Тоҷикистон аз таҳќиру нанге, ки моро фаро гирифта буд, раҳо кард (Ба суханронии Масъуди Миршоҳӣ дар ҳамоиши ба ќарибӣ дар Душанбе ба хотири таҳќиќи фарҳанги бостон суратгирифта таваҷҷуҳ намоед)?!
Гумон меравад, ки баъд аз дурӯғи мазкури М. Кабирӣ худи пайравону ҳаммаслакони ӯ аз санъати баланди фиребу дурӯғгӯии ӯ дар ҳайрат монда, ба суханони минбаъдаи ӯ бо шак менигаранд ва эътимодашон ба ӯ боз ҳам заифтар мегардад.
Дурӯғи дигаре, ки М. Кабирӣ дар ҳаќќи Пешвои миллат баён намудааст, аз он иборат аст, ки гӯё бунёди ҳама гуна иншоот дар ќаламрави кишвар ба Роҳбари давлат нисбат дода мешавад. Ин дурӯғи маҳз аст. Зеро агар ба раванди ободонӣ дар кишвар оќилона нигариста, ба матни суханони Пешвои миллат зимни кушодашавии иншоотҳои мухталиф таваҷчуҳ намоем, мебинем, ки иншооти мазкур бо заҳмати бевоситаи ин ё он соҳибкор бунёд гардидааст ва ба ӯ «аҳсан» эълон намуда, даъват ба амал меоранд, ки дигар соҳибкорон низ дар ободонии диёри худ мисли чунин соҳибкор саҳмгузор бошанд. Аммо аз чӣ бошад, ки М. Кабирӣ ин ҳаќиќати пайваста ва такроршавандаро таҳриф намуда, дурӯғи осмонӣ гуфтааст. Дар воќеъ ҳам суханрониҳои ахири Кабирӣ аз тарзи суханрониҳои пешинаи ӯ комилан фарќ менамояд. Сабаб дар чист? Сабаб эҳтимол дар он дастовардҳои рӯзафзуни кишвар бошад, ки дар аќли Кабирӣ нобасомонӣ эҷод намудааст.
Хеле тааҷҷубовар аст, ки М. Кабирӣ дар охири суханони худ баъд аз дурӯғҳои бепоя ва подарҳавои худ боз пешниҳод менамояд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин бояд дигар ба ҳам сангпартойӣ накунанд ва якҷоя кишварро обод намоянд. Аҷабо! Суханони ӯ алъон аз аввал то охир аз сангпартойӣ иборат буд, аммо соате нагузашта боз пешниҳод мекунад, ки аз амали мазкур даст бояд кашид. Сониян, аз пешниҳоди ӯ чунин саволе пайдо мешавад, ки дар тӯли 18 соле, ки мухолифин дар кишвар озодона фаъолият менамуданд, куҷоро обод карда буданд, ки имрӯз бо чанд нафар афроди ифротӣ ободие мекарда бошанд?!
Хулоса, шахсияте, чун М. Кабирӣ, ки дурӯғу тӯҳматро пешаи худ ќарор додаастдар гумон аст, ки на танҳо манфиатҳои дини ислом, балки манфиатҳои муќаррарии мардуми меҳнаткаши тоҷикро ифода карда тавонад.
К. Абдулҳаев - сардори Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика