ДУ СУРУДА АЗ ДУ ОРИФИ БУЗУРГ ДАР СИТОИШИ ИМОМ АБУ ҲАНИФА (ИМОМИ АЪЗАМ)

Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит ибни Зуто ибни Марзбон (699-767м./80-150ҳ.қ.) фақеҳ ва мутакаллими номдори Кӯфа ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ яке аз чаҳор мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат аст, ки асли ҷадди ӯ аз Хуросон ва ё Мовароуннаҳр буд.  Аҳли суннат ӯро «Имоми Аъзам» ва «Сироҷу-л-аима» лақаб додаанд ва пайравони ӯро ҳанафӣ меноманд. Дар ҷаҳони ислом мазҳаби ҳанафия яке аз бузургтарин мазҳабҳои аҳли суннат ба шумор меравад ва қариб дар тамоми манотиқи дунё пайравони онро дидан мумкин аст. Абу Ҳанифа илми фиқҳ ва ҳадисро аз Ҳамод ибни Аби Сулаймон ва Иброҳими Нахаӣ, ки аз шогирди Абдуллоҳ ибни Масъуд буданд, омӯхт ва талаққӣ намуд ва дар назди аҳли суннат аз бузургтарин фуқаҳо ба шумор меравад. Муҳимтарин осори ӯ китобу рисолаҳои «Фиқҳи акбар», «ал-Васоё», «Муснад», «Рисола ила Усмон ал-Баттӣ», «Ал- Олим ва-л-мутааллим» ва ғайра  мебошанд, ки то имрӯз дастури аҳли мазҳаби ҳанафия маҳсуб мешаванд.

Бузургвор дар баҳси ҷабру ихтиёр ба озодии амали инсон муътақид аст ва феъли одамиро дар масдараш мадди назар қарор медиҳад ва далели он ин сухани ӯст: «Аъмоли башар нисбат ба қазову қадар монанди шуоъҳои хуршед аст ба худи хуршед». Аз вижагиҳои Абу Ҳанифа, ки ҳамаи муҳаққиқон ва фуқаҳо бар он иттифоқи назар доранд, сароҳату бебокии ӯ дар додани фатво буд. Имом Шофеӣ ва Имом Молик ба камолоти ӯ эътироф мекарданд ва ӯро бартар медонистанд.  

Ҳамин вижагиҳои ӯ буд, ки шахсияти ӯ ба адабиёти араб ва форсу тоҷик низ роҳ ёфтааст ва шоироне чун  Ҳаким Саноии Ғазнавӣ (асри11-12) ва Шайх Аттори Нишопурӣ (1145-1221м.) аз ӯ ва аъмоли вай дар осорашон зикр кардаанд.  

Ҳаким Саноӣ яке аз чаҳраҳои шинохта дар адабиёти ирфонии форсу тоҷик аст, ки ғазали ирфониро ба авҷи камолоташ расонид. Мутобиқи сарчашмаҳо вай аз пайравони мазҳаби Шофеӣ буд, вале  нисбат ба мазҳаби Ҳанафӣ ва бавижа ба Имом Абу Ҳанифа ҳусни таваҷҷӯҳи хосса дошт ва ин дилбастагиашро аз матлаи қасидае, ки «Эй чу Нуъмон ибни Собит дар шариат муқтадо, В-ай ба ҳуҷат пешвои шаръу дини Мустафо» оғоз меёбад, дарк кардан мумкин аст. Ҳаким Саноии Ғазнавӣ дар китоби машҳури худ «Ҳадиқату-л-ҳақиқа ва шариату-т-тариқа» дар боби савум «Андар наъти пайғоммбари мо Муҳаммади Мустафо алайҳи-с-салом ва фазилати вай» аз Имом Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит ал-Кӯфӣ зикр намуда ӯро ситоиш кардааст, ки он чунин аст:

Дин чу бигзашт аз ин ҷавонмардон,

Халқ дар дин шуданд саргардон.

Ҳамаро боз раъйи нуъмонӣ,

Оштӣ дод бо мусалмонӣ.

Офтоби сипеҳри маъруфӣ,

Бадри дин Абу Ҳанифаи Кӯфӣ.

Ҳамаро аз пайи салоҳи ҷаҳон,

Мағзи суннат ниҳода андар ҷон.

Буда дар зери гунбади азрақ,

Ҳуҷҷати сидқ дар муҳаҷҷати  Ҳақ.

Дили ӯ чун сари хирад ҳушёр,

Тани ӯ чун дили қазо бедор.

Курсии дин зи роҳи ӯ ҳад буд

Лавҳи маҳфуз шаръи Аҳмад буд.

Пешвои аимаи дин буд,

Илму ҳилм сахош ойин буд.

Карда тавфиқи подшоҳ худаш

Шоҳи шоҳони раийат хирадаш.

Аз пайи фитнату  ҳидояти ӯ,

Подшоҳон ба зери ройати ӯ.

Дида бевоситаи ҳикояту нақл,

Чеҳраи суннат аз даричаи ақл.

Ҳуҷҷати аслу фаръи имон буд,

Неъмати хони шаръи Нуъмон буд.

Чун падар дар усул собит буд,

Чун набӣ кор карду роҳ намуд.

Рӯзгораш ба илм мустағрақ,

Ҷумла осуда аз ҷидолу фирақ.

Шаҳнаи роҳи дин салобати ӯ,

Рӯҳи ишқи набӣ масобати ӯ.

Осмон раъйу муштарӣ дидор,

Муттақии халқу мунтаҷиби  кирдор.

Карда дар шоҳроҳи фатҳу зафар,

Шоху бехи ҳудо  чу номи падар.

Мекунад рӯзу шаб дуо афлок,

Аз дили офтоб рушану пок.

Бод дар роҳи ҷони бадамалон,

Дасти ӯ чорагоҳи тангдилон.

Дил ҳамегӯяд аз тариқи дуо,

Ба тазарруъ  чун модари шуҳадо.

Ки равони Абу Ҳанифа зи мо,

Шодмон бод то ба рӯзи ҷазо.

 

                  * * *

Чун даромад ба боғи дини набӣ

Кард рӯшан чароғи дини набӣ.

Роҳи дин бар халоиқ осон кард,

Ҳамаро дар усул яксон кард.

Ҳар кас аз худ гирифта роҳе пеш,

Ин раҳи дин гирифта в-он раҳи кеш.

Бар гирифт аз фалак пулангиро,

Дур кард аз ҷаҳон дурангиро.

Илму ӯ кард ҷумларо якранг,

Гашт ночиз ризқу ҳилату ранг.

Тоҷ бар фарқи ҳар хатиб ӯ буд,

Тахт дар зери ҳар адиб ӯ буд.

З-он инон сӯйи осмон бартофт,

То чу хуршед бар ҷаҳон бартофт.

Теғ аз рӯйи чашм бар накашид

Сипар аз ҳеч хасм дар накашид.

Қобили тобаш нубувват буд,

Лавҳи маҳфуз шаръу суннат буд.

Буд мифтоҳи ганҷи хонаи худ,

Буд мисбоҳи осмони вуҷуд.

Сураташ девро парюш кард,

Сираташ мағзи нофаро хӯш кард.

Дар тариқат давоҷи уммат буд,

Дар шариат сироҷи уммат буд.

Караму ҷудаш аз шитоби навол ,

Аз ҷаҳон бар гирифт расми суол.

Дар раҳи Буҳанифаи Кӯфӣ

Поятон ҳамчу хирқаи сӯфӣ.

Боз баҳри камолу касби ясор,

Дастатон чун қабои рӯзи баҳор.

Боз пойи ҷаҳон ба вақти сабуҳ,

Дар раҳи ӯ чу дасту дил мафтуҳ.

Сидқи ӯ дар қазои қуддусӣ,

Бозгашта чу боли товусе.

Халқ пеши вай аз тариқи савоб,

Монда ҳайрон чу гӯй дар табтоб.

Ҳама худро гирифта андар чанг,

Ҳама бо дину суннат андар ҷанг.

Дода ӯро барои давлату дин,

Дилу ҷонаш ба фазлу илми яқин.

Чун нашуд озу кибр аз амалат,

Пас маҳ илми ту боду  маҳ (ъ)амалат.

Нақши маънӣ зи хати ӯ дар садр,

Бувад рӯз нуҳуфта дар шаби қадр.

Бахти ӯ чун баҳори амири ҷаҳон,

Хирадаш чун шукуфаи пиру ҷавон.

Хуррам аз илми ӯ равони расул,

К-ӯ бар уммат нигоҳ дошт усул.

Бар равонаш зи мо дуруду салом,

Бо ваям ҳашр кун ба дори салом.

Ҳар имоме, ки гуфт хоҳад қол,

То қиёмат варо буванд айол. 

 

 Сурудаи дигар аз бузургтарин сухансароёни адабиёти форсу тоҷик, шоири маъруфи ориф Шайх Фариддудини Аттори Нишопурӣ (1145-1221м.) аст. Шайх Аттор дар китоби «Хусравнома»-и худ дар фазилати Абу Ҳанифа қитъаи шеърии зеринро сурудааст:

Ҷаҳонро ҳам имому ҳам халифа,

Киро медонӣ илло Абу Ҳанифа?

Ҷаҳони илму дарёи маъонӣ,

Имоми аввалу Луқмони сонӣ.

Агар аидои дин бисёр ҷамъанд,

Зи кори Буҳанифа сар чу шамъанд.

Чароғи уммат омад он сарафроз,

Чароғе к-ӯ адуро мениҳад гоз.

Қазо карданд бар вай арза ногоҳ,

Бин напазируфт яъне ҷони огоҳ.

Қазорову қадарро муътабар ёфт,

Валекин ин қазо андар қадар ёфт.

Чу Нуъмон сурхрӯй ҳақ чу лоласт,

Қазо чи кунад ба шогирдаш ҳаволаст.

Қазо дар ҷанги ӯ омад фурӯтар,

Ки аз Юсуф ҳама чизи накӯтар.

Чу ту Юсуф қазоро ин замон бас,

Маро қозии акбар ҷовидон бас.

Чу дар дини Муҳаммад доди дин дод,

Муҳаммадро чунин буду чунин дод.

Чу ӯ устоди дин омад дар асрор,

Чу ту бигзашти аз Қуръону ахбор.

Агар дар фиқҳ сад ҷомеи кабир аст,

Зи як шогирдаш он ҷомеъ сағир аст.

Муҷаррад шав агар кӯфишиорӣ,

Барафшон чун алиф чизе ки дорӣ.

Раҳи кӯфаят мебояд, равон шав,

Алиф донӣ ту боре ҳамчунон шав. 

 

 

М.Шодиев.

Яндекс.Метрика