Зарарнок будани афкору ақоиди ислоҳотгарони динӣ барои ҷомеаи мо

Афкору ақоиди ислоҳотгарони динии охири қарни XIX ва ибтидои қарни XX метавонанд объекти маърифат бошанд, аммо онҳо на танҳо орӣ аз аҳамият ва мубрамиятанд, балки барои ҷомеаи солими инсонмеҳвар ҳатто дар қарни XIX низ зарарнок маҳсуб меёбанд. Барои муқоиса, агар мо таълимоти донишмандони замони Эҳёро пеши назар оварем мебинем, ки онҳо бо афкор ва ақоиди инсонмеҳвару табиатмеҳвари худ пояҳои ҷомеаи мутамаддин ва ҳаматарафа пешрафтаи имрӯзаро заминагузорӣ намудаанд, аммо ислоҳотгарони охири қарни XIX олами ислом бошад, ҳатто баъд аз 500 соли замони Эҳё низ, яъне баъди айёнан мушоҳида намудани дастовардҳои иқтисодӣ ва илмии Аврупо дар қарни XIX барои пешрафти воқеии ҷомеаҳои худ назарияи куллии илман асоснок ва муфид пешниҳод карда натавонистанд. Аз андешаҳо ва ғояҳои ислоҳотгарон дар хусуси «тозагии азаллии дин», «эҳёи ислом», «муосирсозии ислом», «муттаҳид намудани тамоми мусулмон дар зери як давлат бо номи хилофат» маълум мегардад, ки онҳо ҳамчун ашхоси аз ҷиҳати маърифат нисбатан пешқадами ҷомеа аз ҳукмронии 1200-солаи таълимоти динӣ бо ихтилофҳои зиёди ақидавӣ, бархӯрдҳои шадид бо афкори илмӣ ва низою муноқишаҳои ақидавӣ ва қавмии пайваста ва аксаран бо хунрезиҳо ба анҷомрасида сабақи дуруст ҳосил накардаанд, ки боз дар пайи бунёди ҷомеаи динмеҳвар афтодаанд.
Таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки ғояҳои ислоҳотгарон аз тарафи ҷараёнҳои ифротӣ низ васеъ истифода мегардидаанд. Махсусан, пайгирӣ намудани ғояҳои «бозгашт ба исломи ибтидоӣ» ва «муттаҳид намудани мусулмонон дар зери як хилофат», ки баҳри татбиқи онҳо ислоҳотгарон мекӯшиданд, аз айнияти ҳадафҳои ислоҳотгарон ва ҷараёнҳои ифротӣ дарак медиҳад ва аз ин нуқтаи назар таълимоти онҳоро барои ҷомеаҳои дунявии мусулмоннишини имрӯза зарарнок низ метавон арзёбӣ намуд.
Ақоиди ислоҳотгарон дар хусуси инкишофи улуми дунявӣ ва озодии занҳо дар ҷомеаҳои бар асоси дин бунёдёфта асоси илмӣ надоранд. Зеро барои воқеан татбиқ намудани ду ҳадафи зикршуда, яке рушди улуми дунявӣ ва дигаре озодии занҳо зарур аст, ки баъзе принсипҳои бунёдии дин, аз ҷумла ҳукми ояти «Нест табдилдиҳандае барои суханони Ӯ» мансух карда шаванд. Аммо то ба имрӯз дар бораи оятҳои мансухшуда ва носихкунанда аз тарафи донишмандони дин ё муҷтаҳиддин фатвои мушаххасе содир нашудааст.
Умуман, маҳдудии замонӣ ва маконии афкору ақоиди инслоҳотгарон ба онҳо имкон надодааст, ки дар бораи муносибати байниҳамдигарии дин (дар кадом шакле, ки набошад) ва илм хулосаи дуруст бардошт намоянд. Ислоҳотгарон аз пешрафти ҳаматарафаи ҷомеаи Аврупо ҳасад бурда, дарк накардаанд, ки пешрафти мазкур маҳсули маҳдудии дин аст, на натиҷаи таълими динӣ. Барои ҳифз ва устувории асосҳои дини ислом кӯшиш намуда, ислоҳотгарон нафаҳмиданд, ки асосҳои дин, хусусан дини ислом бо ҳама гуна навъи илм дар ҳолати тазод қарор доранд. Ҳамбастагии дин ва илм ҳамчун ду навъи мутазоди инъикоси воқеият ба моҳияти онҳо заъф ворид намуда, онҳоро аз асли хеш дур месозад. Ин ҷо суоли мавриди матраҳ аз он иборат аст, ки магар таҳқиқ намудани таълимоти чунин ашхос барои ҷомеаи мо мубрам ва аҳамият маҳсуб меёбад? Албатта, барои ҷомеаи охири қарни XIX ва ибтидои қарни XX, ки роҳи пешрафти дунявиро пеша намудааст, не.
Вақте дар хусуси озодии занҳо сухан меронем, бояд масъалаи будубоши занҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ширкати онҳоро дар мусобиқаҳои варзишӣ бо либосҳои варзишӣ, будубоши онҳоро дар маъракаҳои дилхушкунанда, пӯшидани либосҳои аврупоӣ ва амсоли инҳоро аз мадди назар дур насозем. Дар акси ҳол масъалаи гузошташуда муаллақ боқӣ хоҳад монд.
Аз ин рӯ, рушди улуми дунявӣ ва озодии занҳо, ки дар баъзе кишварҳои мусулмоннишин ба мушоҳида мерасад, на маҳсули афкору ақидаи ислоҳотгарони динист, балки натиҷаи таъсири фарҳанги Аврупост, ки ба кишварҳои мусулмоннишин низ шуълапардозӣ карда истодааст.
Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ – Абдухалилзода К.

Яндекс.Метрика