ЗАРБАҲОИ ҲАВОӢ БА СУРИЯ ВА БАЪЗЕ ОҚИБАТУ ДУРНАМОИ ОН

1. Оғози асри ХХI дар саҳифаи таърих аслан бо бадном кардани ислом ва муқаддасоти фарҳанги мусулмонӣ дар матни сиёсати геополитикии ҷаҳон нақш баст. Ҳоло дар мафкураву ҷаҳон¬бинии мардуми сайёра чунин ақидае ҷойгузин шудааст, ки ҳама гуна зуҳуроти вобаста ба радикализм, экстремизм ва терроризмро маҳз зода ва парвар¬даи муҳити ҷомеаҳои мусулмонӣ медонанд. Бояд эътироф кард, ки созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» дар шарманда кардани арзишҳои фарҳанги мусулмонон таъсири ниҳоят манфур расонид. Вазъият ба он андозае хусусияти эҳсосотӣ гирифтааст, ки ҳатто дар ҳолатҳои рух дода¬ни ягон ҳодисаи нохуши техникӣ ва садамавӣ ҳам нахуст оид ба ҳузури унсури исломӣ дар ин рӯйдод ҳама ба як овоз ҳушдор медиҳанд.
2. Қаламрави давлати Сурия дар ин масир аз ҳама бештар зарари сиёсию маънавӣ ва иқтисодию инфрасохторӣ дидааст. Ҳарчанд ин кишвар ба муқобили терроризму ифротгароии динӣ ва фишорҳои байналмилалӣ истодагарӣ нишон медиҳад, вале мушкилии асосӣ дар он аст, ки амалн ҳудуди он ба минтақаҳои нуфузи чандин давлатҳо тақсим шудааст. Илова бар ин, ҳизбу гурӯҳҳои сиёсию динии мусаллаҳ, ки тибқи баҳогузории коршиносон теъдодашон тақрибан ба бештар аз 100 адад расидааст, барои ором шудани вазъияти дохилӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Ба чӣ кор машғул будани ин гурӯҳҳои хурдро танҳо кишвар¬ҳои барои фаъолияташон манфиатдор муайян карда метавонанд. Таҷ¬ри¬баи талхи ду даҳсолаи нооромиҳо дар Ховари Миёна собит менамояд, ки чунин ҳизбу ҷараёнҳои худсохти беназоратро барои анҷом додани ҳама гуна амалиётҳои бадномкунанда истифода бурдан бисёр осон аст. Шояд чунин таҷриба дар вазъияти чанд моҳи ахир дар Сурия ҳам роҳандозӣ шуда бошад.
3. Чунин менамояд, ки бояд зарбаҳои ҳавоии се кишвари аъзои Шӯрои амнияти СММ сабабҳои фарохтаре аз маҳви маводи кимиёвӣ ва корхонаҳои истеҳсоли онро ба ҳадаф дошта бошад. Вале ҷанбаи сиёсию идеологии масъала, ба андешаи мо, фарогиран¬даи омили зерин аст: ибтидои асри ХХI дар олами ислом як идда киш¬вар¬ҳо тавонистанд рушди устувори худро тавре таъмин намоянд, ки онҳо ҳамчун давлатҳои бонуфузи минтақавӣ шинохта шаванд (Туркия, Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Малайзия); аммо ҷанбаи иқтисодию иҷтимоии масъала дар он зоҳир мегардад, ки кишварҳои арабию мусулмонӣ дар коркарду фурӯши маҳсулоти нафтӣ, тағйир додани инфрасохтори иқтисодӣ, тавсеаи соҳаҳои саноати истеҳ¬со¬лӣ ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гар¬ди-данд. Дар натиҷа фаъолнокӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ беҳтар гардида, имиҷи як идда кишварҳо ва таваҷҷуҳи сайёҳон ба онҳо афзун гардид, ММД-и ин кишварҳо нишондиҳандаҳои қобили мулоҳиза касб кард; дар бобати ҷанбаи динию мазҳабӣ бояд гуфта шавад, ки афзоиши демогра¬фии аҳолии пайрави ислом дар дунё аз ҳама зиёд аст, ки боиси нигаро¬нии кишварҳои абарқудрат гардидааст. Имрӯз агар масеҳиён 33,0% (2,5 млрд.) аҳолии ҷаҳонро ташкил диҳанд, пас мусулмонон бо 24,1% (1,8 млрд) дар ҷойи дуюм меистанд ва онҳо дар 120 давлати ҷаҳон ҳузуру будубоши дастҷамъона доранд. Тибқи ҳисоботи омории ниҳод¬ҳои таҳли¬лии ИМА то соли 2050 теъдоди мусулмонон ба 29,7% (2,76 млрд) аҳолии ҷаҳон расида, бо масеҳиён баробар мешаванд. Агар ҳамин суръати демографии кишварҳои мусулмоннишин идома ёбад, пас то соли 2070 пайравони ислом аксарияти аҳолии ҷаҳонро ташкил хаҳанд кард, ки аз ҳоло сабаби нигаронии сахти кишварҳои абарқудрат шудааст.
4. Шиддати сахти ҷангҳои динию мазҳабӣ дар Ховари Миёна пояҳои иқтисодию молиявии ин буҳронро фош карда истодааст. Ҳифзи монополияи кор¬кард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби кишварҳои абарқудрати манфиатдор дар маркази муборизаҳо қарор гирифтааст. Нафту гази минтақа аз ҷиҳати сифат ва нарх аз газу нефти тахтасангӣ (сланцевый газ) фарқи калон дорад ва дар ҷойгоҳи наздик ва дастрас барои минтақаҳои пешрафтаи иқтисодӣ воқеъ гардидааст. Собит шуд, ки гази нав ҷойи гази классикиро иваз карда наметавонад. Ин ҳолат бозори энер¬гетикиро ба макони рақобати сангин табдил додааст ва сиёсати нисбатан мустақилона бурдани кишварҳои нафтии Ховари Миёна ба ҳама маъқул нест. Акнун дар баробари харидори асосии газу нафт будани Иттиҳоди Аврупо кишварҳои минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором низ ҳамчун рақиби сазовор пайдо шудаанд.
5. Пас, аз идома ёфтани нооромӣ кӣ фоидаи мебинаду кӣ зарар? Зарари асосӣ ба маънавиёт, иқтисодиёт ва инфрасохтори як идда давлат¬ҳои мусулмонии Ховари Миёна ворид гардида, аксари кишварҳои олами ислом ба проблемаи бузурги тундгароии хушунатомез, ифротга¬роии динӣ, таъсиргузории идеологияи беруна ва мағзшӯии бесобиқаи ҷавонон мувоҷеҳ гардидаанд. Зарурати мубориза бар зидди ин равандҳои номат¬луб роҳбарияти сиёсии кишварҳои арабию мусулмониро маҷбур карда¬аст, ки ба пешгирии ин қабил равандҳои номатлуб аҳаммияти бештар зоҳир намоянд. Табиист, ки дар чунин вазъияти пойбандии сафи пеши мубориза бо экстремизму терроризм қарор доштан суръати рушди киш¬вар¬ҳои мусулмонӣ, ба хусус лидерҳои пешрафтаи минтақа Туркия, Миср, Эрон ва Арабистони Саудиро заиф мегардонад. Шояд ҳадафи асо¬сии зарбаҳои ҳавоӣ ҳарчи бештар дар ҳолати ифротзадагӣ ва номуайянӣ нигоҳ доштани Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзадаи минтақа бошад, то масъалаи ҷобаҷогузориҳои геополитикӣ ҳалли ниҳоии худро пайдо кунад. Аммо барои Иттиҳоди Аврупо дар заминаи нооромиҳои минтақа, ба андешаи мо, ду бартарият ҳосил гардид: якум, як теъдоди муайяни мутахассисону кормандони муҳандисию техникии миёна дар дохили анбӯҳи бузурги муҳоҷирон ҷойгузини кишварҳои гуногуни аврупоӣ шуданд; дуюм, хароб гаштани усули классикии интиқоли нафту газ аз тариқи лӯлаҳои сершумор ба соҳилҳои Баҳри Миёназамин боиси ихтирои технологияҳои пешрафта дар бахши саноати киштисозӣ асосан дар Аврупо гардид ва флоти ҷаҳонии танкерҳо равнақ ёфт. Созмони ҷаҳонии дорандагони танкерҳои боркаш «Ин¬тер¬тан¬ко» имрӯз бо 2000 танкер дорои зарфияти ҳамлу нақли 170 млн тн бор дар як сол аст. Ҳоло фурӯши нафту газро дар Ховари Миёна онҳо назорат мекунанд ва ин¬т謬қо¬ли лӯлаӣ дигар нодаркор шудааст. Акнун кишварҳои аъзои интиқоли транзитии нафту гази минтақа дар ҳолати ногувори иқтисодӣ афтоданд. Аз ин ҷиҳат, гуфтан мумкин аст, ки андаруни фаъолияти созмони террористии «давлати исломӣ» рӯпӯш кардани ифротгароии динӣ то андозае дар худ хусусиятҳои ифрот¬га¬роии иқтисодӣ, миллӣ ва геосиёси¬ро низ таҷассум намудааст.
6. Дар ҳолати буҳронӣ боқӣ мондани вазъият дар кишварҳои арабию мусулмонии Ховари Миёна ва заиф гардидани имкониятҳои иқтисодию молиявии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи манфӣ дорад. Зеро ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ аз ҷониби кишварҳои Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва умуман ниҳодҳои иқтисодии умумимусулмонӣ дар чунин вазъият камсамар гаштааст. Аз ҷониби дигар, норомии воқеӣ ва хатарзо дар минтақа зарурати ба роҳ мондани ҳама гуна намудҳои додугирифт ва ҳамкориро аз мавқеи эҳтиёткорона ба вуҷуд овардааст. Ҷониби сеюми доғ будани мавзӯъ дар он ифода мегардад, ки ҳама гуна масъалагузорӣ доир ба фарҳанги мусулмонӣ, лоиҳаҳои исломӣ, адабиёти динӣ, озодии виҷдон ва муассиса¬ҳои динӣ, масҷиду меҳроб ва бовару эътиқод дар фазои итилоотии ҷомеа бо эҳсосоти ғайримуқаррарӣ ва дардноку аламовар пазируфта мешавад. Дар мисоли Тоҷикистон чунин муносибат комилан асоснок аст, зеро ба таъбири мардумӣ «моргазида аз ресмони ало метарсад». Нодида гирифтани тамаркузи гурӯҳҳои парокандаи ҷангиёни ДИИШ дар қис-мати шимолии Афғонистон мувофиқи мақсад нест ва будубошашон ҳатман ҳадафҳои нопок ва муғризона дорад, «саломашон саломатӣ» намеоварад. Ин тағйиротҳои нохушоянд аз ҷомеаи шаҳрван¬дии Тоҷикистон баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии миллиро тақозо менамояд ва дар айни замон дар ҳолати «омодабош» қарор доштани ниҳодҳои қудратиро ба миён мегузорад.
7. Раванди нави ҳамкориҳои боварибахш, ки бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистону Ӯзбекистон танинандоз гардид ва фазои нави муносибатҳои конструктивиро ба вуҷуд овард, аҳа¬мияти бузурги иқтисодӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ ва динӣ-мазҳабӣ дорад. Устувор гардидани ҳамкориҳои судманд бегумон шиддати ифротгароии динӣ ва ба доми фиреб афтодани ҷавонони ноогоҳро ба маротиб коҳиш медиҳад, кишварҳои дӯсту бародари минта¬қа¬ро ба шоҳроҳи ояндаи дурахшон ва рушди устувори иқтисодӣ раҳнамун месозад.

Файзулло Баротзода