Зарурати таблиғи улуми дунявӣ

Мусаллам аст, ки сабабгори асосии қафомонии кишварҳои мусулмоннишин дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳз дар ҳошия қарор додани илму донишҳои дунявӣ маҳсуб меёбад. Мутаассифона, дар фазои маънавии кишвари мо дар муддати тӯлонии ҳукмронии комили дин ва арзишҳои динӣ (аз пайдоиши ислом то инқилоби Октябр) фарзияти таълими донишҳои динии ба дарди ҷомеа нахӯранда дар мафкураи мардуми мусулмон то андозае ҷо гирифт, ки онро на танҳо низоми илммеҳвари шӯравӣ, балки зарурати фазои илмии имрӯза эҷоднамуда низ зудуда натавониста истодааст.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки беҳ гардидани вазъи иҷтимоии мардуми мусулмон дар саросари ҷаҳон маҳз маҳсули дастовардҳои илмии мардуми ғайримусулмон аст, ки аллакай аз давраи Эҳё, яъне 600 сол пеш зарурати рушди улуми дунявиро дарк намуда, новобаста ба фишорҳои рӯҳонияти дини масеҳӣ омӯзиш ва таълими онро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монданд. Дар худи олами ислом бошад, дар асрҳои миёна М. Ғазолӣ ва баъд аз ӯ пайравонаш ба решаи илму фалсафа чунон теша заданд, ки зарбаи он то ба имрӯз эҳсос мегардад. Боиси таассуф аст, ки дар кишварҳои мусулмоннишин имрӯз, яъне баъд аз 600 сол ҳам пешвоёни дин аз тамоми дастовардҳои улуми дунявӣ, ки дар сабук, осон ва гуворо гардонидани ҳаёти моддӣ-маишии мардум ифодаи худро ёфтааст, васеъ истифода мебаранд, аммо дар тарғиб ва таблиғи онҳо боз ҳам худдорӣ менамоянд. Онҳо дар мавъизаҳои худ то ба имрӯз боз ҳам таълими донишҳои динии моҳиятан ҳам аҳамияти амалӣ ва ҳам назарии худро гумкардаро фарз шуморида, бо ин дурӯягӣ- (агар дурӯя набошанд, бояд аз истифодаи воситаҳои техникии муосир, ки маҳсули улуми дунявиянд, даст кашанд) –и хеш ба рушди ҷомеа ва раванди беҳсозии вазъи иҷтимоии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод месозанд. Зеро он донишҳо аз баҳсҳои бебунёд ва беоқибат шакл гирифта, танҳо аз исрофи беҳудаи вақт ва нерӯи зеҳнии инсон иборат мебошанду халос.
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа ва сарчашмаи ягонаи накӯаҳволии мардум улуми дунявӣ маҳсуб меёбанд. Таблиғу тарғиби улуми дунявӣ ба дини ислом бегона нест. Аз ҷумла, ҳадиси зерин моҳиятан шахсро маҳз ба талаби улуми дунявӣ ҳидоят менамояд: «Илм зиёда аз он аст, ки баршуморӣ. Аз ҳар як чиз беҳтаринашро бигир». Комилан равшан аст, ки мурод аз чиз илму дониш аст, зеро дар ҷумлаи якум навъҳои илм бешумор зикр гардидаанд. Чун воқеияти имрӯза беҳтарин ва нафъовартарин навъи илму донишро илму дониши дунявӣ муаррифӣ менамояд, пас ҳадиси мазкур низ касби илму дониши дунявиро ҳатмӣ шуморида, барои омӯзиши он ҳидоят менамояд.
Дар хусуси зарурати рушди илму донишҳои дунявӣ сухан ронда, бояд ҳамзамон хотиррасон намуд, ки баъд аз ҷанги Бадр пайғамбар фармуд, ки ҳар асири мушрик бояд даҳ мусулмонро дониш биомӯзад ва танҳо баъд аз он метавонад, ки аз асорат озод бошад. Ҳодисаи мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки пайғамбари ислом ҳатто аз мушрик омӯхтани дониши дунявиро зарур ҳисобидааст.
Бинобар ин, масъалаи умдаи ҳар ҷомеаи мусулмоннишин, хусусан ҷомеаи мо аз он иборат аст, ки чаро пешвоёни дин аз қафомонии имрӯзаи кишварҳои мусулмоннишин, махсусан дар самти рушди улуми дунявӣ, ки аз маҳсули онҳо худ ҳарисона истифода мебаранд, ба нанг намеоянду дар бартараф намудани мушкили аз тарафи онҳо эҷодшуда чорае намеандешанд?

Сардори шуъбаи иттилоот
ва ташхиси диншиносӣ Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика