Идеяи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва асли эътиқод дар давлати миллӣ

       Ҷомеаи шаҳрвандӣ  идеяи  чандинасраи инсоният буда, дар ҳар замон соҳибандешон кўшиш мекарданд, то як андешаи комил дар бораи мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ,  таносуби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва  давлат, ҷомеа  ва ҳуқуқ, озодиҳои шаҳрванд ва масъулияти онҳо дар назди қонун, масоили  иҷтимоӣ ва ғайра таҳия намоянд.  Масъалаи асосӣ бошад муносибати давлат ба  ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки  на ҳама вақт  ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда буд. Дар ҳоле ки институтҳои шаҳрвандӣ метавонанд бахши идеологӣ, фарҳангӣ ва ҳатто сарчашамаҳои иқтисодии хусусиро ташкил намуда, ҳамчун як институти  мустақил фаъолият намояд.

         Моҳиятан  ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар замони Эҳё шакли пурра касб карда, ҷанбаҳои гуногунро фарогир шуд ва таърифҳои возеҳтар  пайдо намуд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси эволюция мукаммал гашта,  на ҳамчун идея, балки ҳамчун ҳаракатдиҳанда дар асоси  принсипҳои адолати иҷтимоӣ- динӣ рушд меёбад. Заминаҳои асосии чунин ҷомеа на танҳо шаклҳои моликиятдорӣ: хусусӣ, давлатӣ, коопративӣ барномаҳои  иқтисодӣ балки маънавиёт ва фарҳанги миллӣ, ки бо арзишҳои динӣ омехта шудааст, мебошанд.  Вале маълум аст, ки на ҳар ҷомеа ҷомеаи шаҳрвандист, мисоли воқеии ин ҷамъияти Шўравӣ ки ҷомеаи шаҳрвандӣ надошт, вале  вазифаи онро иттифоқи касаба  то ҳадде иҷро мекард. 

        Аслан инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ, пешрафти илму техника ташаккул ёфтани муносибатҳои навӣ иқтисодӣ-сиёсӣ андешаи коршиносонро дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ тағйир дод. Вале дар ибтидо арзишҳои умумии ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар  ҳар давлат  мафҳуми хоси худро дошт:

    -римӣ- давлат хуқуқ;  юнонӣ-озодӣ, ҳақиқат, зебоӣ; яҳудӣ- 10 запавед;  насронӣ- гуноҳи аввал, муҳаббат бо наздикон, меҳрубонӣ; исломӣ- хусусиятҳои арабӣ ва морифи динӣ.  Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ягон  андешаи динӣ банд нест, балки арзишҳои умумии он дар асоси кўшиш ва натиҷаҳои  ба дастовардаи илм барои барқарор намудани ҳақиқат ва шароити беҳтарини зисти инсонро дарбар гирифта, дар ҳамин маврид дин барои баланд бардоштани маънавиёт  хусусан ислом мақоми хос  дар кишварҳои мусулмоннишин касб кардааст. Вале  ҷомеаи шаҳрвандӣ хоси на ҳамаи шаклҳои давлат ва низоми давлатдорист. Яъне дар сохтори  шоҳигарӣ ё  шакли  дигари давлатдории тотолитарӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷой нест. Ҷомеашиноси ғарб Макиавелли  шакли омехтаи давлатдорӣ, ки ҳам шоҳигарӣ ва ҳам демократия дар худ ташаккул ёбанд ва яке диагарро назорат ва такмил  намояд, пешниҳод намуд. Инчунин андешаҳои дигар низ дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо шуданд вале ба таври зарурӣ  дар  ҷомеа нақш надоштанд. Аммо назарияи асосии онро И. Кантро таҳия кард ва метавон ҳамчун назарияи ҷомеаи шаҳрвандӣ пазируфт, зеро андешаи ў на танҳо ҳамчун  мафҳум балки,  махсусиятҳои онро аз қабили озодии узви ҷамъият, таносуби ҷомеаи шаҳрвандӣ, истиқлоли узви ҷамъият ҳамчун шаҳрванд ва муносибати онро  бо дигар ниҳодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равшан баён кардааст. 

Инчунин шарҳу тафсири материалистии ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар таълимоти К. Маркс баён гардидааст: «Манфиат ягона чизест, ки аъзои ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳамдигар наздик намуда, ҳамбастагии ҳақиқӣдар байни аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣҳаёт аст».  Дар ҷомеашиносии муосир мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣбо чунин зайл таъриф шудааст. Ва шояд ин дақиқтарин шарҳи мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣбошад.

      Ҷомеае, ки ба он дараҷаҳои баланди иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣва сиёсии байни аъзои ҷомеа хос буда, аз давлат вобаста нест, вале бо давлат ҳамкории қарин дорад.2 Яъне шакли мукаммалтарин ҷомеаи инсонист, ки маҷмуи муносибатҳои ѓайрисиёсии ҷамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ, миллӣва ахлоқиву мазҳабиро дар бар гирифта, ба арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ, урфу одат анъана  робита дорад. Бо мурури замон татбиқи прнсипҳои ҷомеаи шаҳрвандӣдар ин ё он ҷомеа  ниҳоятан барои ҷомеаи демократӣзаминаи иҷтимоӣ- иқтисодӣва сиёсӣгузошт.Ташакули ҷомеаи демократӣпеш аз ҳама ба маънои комёб шудани ба дараҷаи баланди худшиносии мардум ва муайян намудани  заминаҳои озодии фардӣ, озодии  виҷдон ва эътиқод метавонад ба роҳмондани муносибатҳои навро тақозо кунад.

 

Маҳрамбеков М. Котиби илмии
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Яндекс.Метрика