Имом Абӯҳанифа ва бунёди фиқҳи ҳанафӣ

Имом Абӯҳанифа пас аз касби илм аз олимони бисёри Кӯфа, Басра ва Ҳиҷоз ба унвони барҷастатарин шахсияти илмиву маънавӣ ва сарчашмаи судури фатвоҳо ва омӯзиши фиқҳ шинохта шуд. Ӯ бо ин макони илмии худ дар муддати қариб сӣ сол вазифаи тадрис ва ифторо тавре ифо кард, ки имрӯз асоси мазҳаби ҳанафӣ пиндошта мешавад. Тайи ин солҳо ӯ ба қавли баъзе ба шаст ҳазор ва ба қавли дигарон ба ҳаштод ҳазор масоили ҳуқуқӣ посух дод, ки дар замони зиндагии вай ба унвонҳои мухталиф матраҳ шуда буданд. 

Имом натанҳо қонуни исломиро барои аввалин бор тадвин намуд, балки корнамоии  азими дигареро ба ҷо гузошта, бузургии безаволро ба таърихи ислом бахшид, зеро ӯ нахустин касе буд, ки хидматҳои бузургеро дар замони фитнаву ихтилофоти мазҳабӣ ба ислом анҷом дода, уммати исломиро аз ақидаҳои ботил наҷот дод ва посухҳои маъқулеро дар баробари пурсишҳои аҳли ботил ироа дошт. Барои расидан ба ин ҳадаф китоби арзишмандеро таҳти унвони «Фиқхи Акбар» таълиф карда дар муқобили ин гурӯҳҳои мазҳабӣ акидаи аҳли суннат ва ҷамоатро собит намуд ва дар мавқеи устувор қарор гирифт.

Имом ҷиҳати умумӣ гардонидани фиқҳи исломӣ аз роҳҳои гуногун саъйю талоши зиёде анҷом медод, барои ин ҳадаф ӯ борҳо бо пайравони гуруҳҳои хусуматдор мунозиротеро анҷом дод. 

Абӯҳанифа халои бузургеро, ки баъд аз хулафои рошидин дар низоми қонунгузории исломӣ ба вуҷуд омад ба василаи нерӯи илмӣ ва нубуғи фикрии худ пурра сохта, натиҷа ва самараи наҷотбахшеро ба наслҳои оянда гузошт.

Замоне, ки аз як қарн аз вазъи ногувори ба миён омада гузашта буд, ҳар инсони соҳиби фикр ва андеша дигаргунӣ ва нобасомониҳои дар  низоми қонунузории исломӣ ба вуҷуд омадаро дарк мекард, зеро аз як тараф марзҳои ҳукумати аз Ҳинд то Испания густариш ёфта буд ва миллатҳои мухталиф бо доштани тамаддунҳои ҷудогона ра расму оинҳои мутафовит дар он шомил шуда будан, аз тарафи дигар бошад дар дохили кишвар масоили молиётӣ, тиҷоратӣ, зироатӣ, санъатӣ, талоқу никоҳ ва идораи дохилӣ қонунҳо ва муқаррароти низоми ҳамарӯза ба вуқӯъ мепайваст. 

Дар хориҷ аз кишвар давлати бузурги исломӣ бо кишварҳои дигари ҷаҳон дар ҷанбаҳои мухталиф робитаҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, рафту омади хушкиву баҳрӣ ва масоили гумрукӣ дар сулҳу ҷанг доштанд ва мусалмонҳо дорои дини комил ва назарияи мустақилли усули зиндагӣ ва қонуни исломӣ буданд, аз ин рӯ ногузир буданд, то ҳамаи ин масоили ҷадидро дар партави низоми қонуни исломии худ ҳаллу фасл намоянд.

Матлаб ин ҷост, ки ислом ва пайравонаш аз як тараф дар муқобили ин талаботи бузурги замон қарор гирифтанд ва аз тарафи дигар дар замони ҳукмронии Уммавиён ва Аббосиён ба таври умум идораи солим ва қонунманди сарпо набуд, ки фуқаҳо гирдиҳам омада, ҳамаи ин масоилро мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва ҳалли муносиберо мутобиқ ба усули шаръӣ ва талаботи замони худ пешниҳод кунанд, то идораҳои давлатӣ ва судӣ онро дар тамоми кишвар ба сифати қонунҳои амалкунанда татбиқ намоянд.

Ин камбудиро хулафо, волиён, ҳокимон ва қозиён ҳама эҳсос мекарданд, вале барои берун рафтан аз ин мушкилӣ чорае надоштанд, зеро ҳалли ин гуна масъалаҳо ба нерӯи фикрӣ ва тавоноиву маълумоти фардии ҳар ҳоким ва қозӣ вобаста буд ва агар перомуни ҳалли як мавзӯъ якчанд фикр пешниҳод мешуд мушкилӣ ба ҷойи худ боқӣ буд.

Зеро муфтиву қозиён бо пешниҳоди назарҳои мухталиф ва гоҳо бо ҳам зид масъалаҳои ба вучуд омадаро баррасӣ ва ҳукм мекарданд ва ягон намуди тасмимгирӣ ва ҳамоҳангсозӣ вуҷуд надошт. Шояд сабаби вуҷуд надоштани чунин шӯро ин буд, ки хукумате, ки аз ӯҳдаи чунин амал мебарояд вуҷуд надошт.

Чунончи Ибни Муқаффаъ яке аз наздикони халифа Мансур барои пур кардани ин холигӣ пешниҳод мекунад, ки халифа бояд шӯрое аз аҳли илм ташкил диҳад, то дар он олимони гуногун бо афкори мухталиф гирди ҳам ҷамъ шуда, барои масоили чадид баҳс намоянд ва ҳар кадоми инҳо дар ин маврид назари хешро иброз кунад, шахси халифа (баъд аз шунидани назарҳои эшон) дар бораи ҳар як масъалаи матраҳшуда ҳукм содир намояд, ки ҳукми ӯ қонун аст.  Аммо ин пешниҳоди Ибни Муқаффаъ аз ҷониби халифа пазируфта нашуд.

Дар чунин шароит Имом Абӯҳанифа бо дирояте, ки дошт мушкил ва ниёзи ҷомеаи исломиро дарк намуда, роҳи ҷудогонаеро пеш гирифт ва бо ибтикори мӯъҷизаосои хеш маҷмааи илмии ғайридавлатиро ба ҳадафи қонунгузорӣ таъсис намуд ва халои азимеро дар сатҳи чаҳони исломӣ пур сохт.

Андеша ба чунин амали бузург ва  иқдом бар анҷоми он аз ӯҳдаи шахсе меомад, ки аз нерӯи фикрӣ, нубуғи ақлӣ  ва ғинои илмӣ комилан бархӯрдор бошад ва воқеан имом аз чунин имтиёзҳои фавкулодда бархӯрдор буд. Илова бар ин, ин абармарди таъри ҳиммат ва ҷуръати онро дошт, ки агар ӯ ба таъсиси чунин идорае иқдом кунад ва қавонини исломиро тадвин намояд, қавонини тадвинёфтаи ӯ бидуни нерӯи сиёсӣ ва қувваи нофиза танҳо бар асоси ҳусни нияти тадвинкунандагон ва мутобиқати он бо раванд ва авзои замон ва билохира ба нерӯи илмиву ахлоқиашон амалӣ шавад. Имом ва ёрони тавонмандаш бар истеъдоди корӣ ва виқори аҳлоқии хеш онқадар эътимод доштаанд, ки иқдоме ба ин амали бузург намуданд ва ҳол он ки ҳатто ҳукуматдорон бо доштани тамоми нерӯи моддӣ ва сиёсӣ иқдом бар он накардаанд.

Ифтихори узвият дар ин шӯрои илмӣ, ки дар сари он шахсияте чун Абӯҳанифа қарор дошт шогирдони ҳозиқи ӯ касб кардаанд, ки худаш солҳои тӯлонӣ онҳоро дар мадрасаӣ дарс ва даъват барои тафаккур дар бораи масоили қонунӣ ва ковишҳои илмиву равиши истинбот тарбият карда буд. Ҳар яке аз онҳо илова бар имом устод ва мутахассисҳои бузурги замонии худ дар улуми Қуръон, ҳадис, фиқҳ, луғат ва наҳв, таърих ва сияр будаанд. Шогирдони зиёди имом дар улуми мухталиф маҳорат доштаанд, масалан якеро дар қиёс ва райъ мақоми ниҳоӣ ҳосил буд, дигаре маълумот ва саъй дар илми ҳадис ва фатвоҳои саҳобаву қозиёни гузашта ва касе дар илми тафсир ё риштаи хоссе аз қонун ё дар илми мағозиву сияр маҳорат дошт.

Худи имом дар баёни шогирдонаш чунин фармуд: «Онҳо 36 тананд, ки минҷумла 28 танашон истеъдоди вилояти қазоро доранд, 6 тан аз онҳо барои исдори фатво аҳлият доранд ва ду тан аз онҳо феълан барои қазо ва фатво гумошта шудаанд».  

Аз шогирдони машҳури имом, ки дар сафи аввал қарор доштаанд чун Қозӣ Абӯ Юсуф, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Зуфар ибни Ҳузайл, Ҳасан ибни Зиёди Лӯълӯъӣ буданд ва хусусан нақши ду шогирди бузурги имом, ки ба унвони соҳибайн ёд мешаванд дар тадвини қонун ва фиқҳи ҳанафӣ аз назари ҳеҷ кас пӯшида нест.

Чунончӣ Қозӣ Абӯ Юсуф то шонздаҳ сол пас аз имом Абӯҳанифа мадрасаи ӯро аз иртибот бо давлат ба дур нигоҳ дошт.  Дар ин даврон вай фаъолиятҳои илмӣ ва таълими устодашро дунбол кард ва тавъам бо он хидмати бузургеро анҷом дода, китоби ҷудогонаеро перомуни бахшҳои мухталифи қонун омода кард, ки дар он натиҷаҳои маҷлисҳои имом Абӯҳанифа ва ақволи худро ҷой дода аст. Ин китобҳо натанҳо ҳалқаҳои илмиро таҳти таъсири худ гузошт, балки тавонист таваҷҷуҳи кормандони идороти давлатӣ ва маҳкамаҳоро ба худ ҷалб намояд, зеро дар он замон сармояи дигари муназзам ва мураттаби қонунӣ мавҷуд набуд, то ба заруратҳои ҷомеа посух кунад.  

Албатта фоидаи ин хидмати арзишманди илмӣ натиҷаи он буд, ки қонуни тадвиншуда қабл аз ба сари қудрат расидани тадвинкунандагони он бар афкор ва муомилоти мардум ҳукмрон шуда буд ва танҳо ин амр боқӣ монда буд, ки иқтидори сиёсӣ онро ба унвони қонуни кишвар эълом дорад, ки баъдҳо чунин ҳам шуд.

Абӯҳанифа мазҳаби худро бо машварати онҳо (шогирдони фозили худ) асос гузошта буд, ҷазбаи фидокорие, ки ӯ дар ҳудуди тавони худ ба хотири дин дошт ва ихлосе, ки бо камоли дараҷа ба Худованд ва Паёмбараш ва аҳли имон дар қалбаш мавҷуд буд, ба хотири он бидуни ҳузурдошти шогирдонаш анҷоми корашро аз тариқи қазовати инфиродӣ написандид.  Ӯ як-як масоилро ба шогирдонаш матраҳ мекард ва ҷанбаҳои мухталифи онро мавриди баҳсу мутолиаи дақиқ карор медод, ончӣ дар фикр ва илми онҳо буд мешунид ва ончӣ назари шахсиаш буд иброз медошт, ҳатто дар баъзе ҳолат баҳс дар атрофии як масъала ҳафтаҳо, моҳҳо ё бештар аз онро дар бар мегирифт ва билохира як райъи мӯҳкаме меомад, ки онро Қозӣ Абу Юсуф дар кутуби усул «Зоҳир ар-ривоёт» дарҷ мекунад. 

Ибни Баззози Кардарӣ дар хусуси шеваи кори ин шӯро чунин менависад: “Шогирдони ӯ пиромуни масъалае бидуни шак ба бахс мепардохтанд ва аз нуқтаи назари ҳар фан дар мавриди он гуфтугӯ менамуданд, имом дар аснои баҳс бо хомӯшӣ суханонашро гӯш мекард, сипас ҳангоме, ки имом дар бораи он суханони хешро оғоз мекард чунин сукуте дар маҷлис ҳукмфармо мешуд, ки гӯё ҷуз ӯ касе дар инҷо ҳузур надорад”. 

Абдуллоҳ ибни Муборак яке аз аъзои ин шӯро ва шогирди барҷастаи имом аз равиши кори шӯро чунин ҳикоят мекунад: «Боре дар он маҷлис дар хусуси масъалае се рӯз пайҳам баҳс сурат гирифт». 

Аз ин гуфтаҳо ва ҳикоёт чунин бар меояд, ки ин шӯро аз шеваи олӣ дар бахшҳои илми бархӯрдор буда, қарор ва тасвибҳои ин шӯро дар ҳамон маҷлис сабт мешуд ва таҳти унвонҳои ҷудогона ба шакили китоб ва фаслҳо дароварда мешуд, ки баъдан онҳоро китоби усул ва зоҳири ривоёт номидаанд.

Имом Абӯҳанифа нахустин донишманде буд, ки илми шариатро ба системаи маводи қонунӣ тадвин намуд, қабл аз ӯ касе ин амалро анҷом надода буд ва ӯ бо андешаи олиаш барои аввалин бор қонуни исломиро бо доманаи васеъ дар китоб ва унвонҳои ҷудогона ба шакли бобҳои фиқҳӣ тартиб намуда, сармояи бузургеро дар арсаи фиқҳ ва қонуни исломӣ аз худ боқӣ гузошт. Имом Абӯҳанифа тавонист дар ин шӯро хаштоду се ҳазор масъалаи қоннуниро ҳаллу фасл намуда ба тасвиб расонад. 

Дар ин шӯро танҳо масоиле таҳти баррасӣ қарор намегирифт, ки то он вақт амалан мардум ё ҳукумат бар он рӯ ба рӯ шуданд, балки суратҳои масоили эҳтимолиро фарз карда мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода, роҳи ҳалли онро ташхис мекарданд, то ҳукми масъалаҳои ҷадиди то ба он замон рух надодаро пайдо кунанд. Ҳамаи ин масоил тақрибан бо ҳар шӯъбаи қонун иртибот дошт, масалан, қонуни ҷиноятӣ, қонуни ҳарбӣ, қонунҳои иқтисодӣ, қонунҳои маданӣ ва муомилот, аҳкоми ибодат ва масоили фаровони дигар, ки ҳамаи инро метавон дар феҳристи китобҳои аз маводи қонунӣ фароҳамшудаи ин шӯро метавон дарёфт, ки тавассути имом Абӯ Юсуф сабт ва баъдан тавассути имом Муҳаммади Шайбонӣ мураттаб шудаанд. Ҳамин тавр, имом Абӯҳанифа хидмати бузургеро анҷом дод, ки на танҳо мусалмонҳо, балки тамоми башарият аз он баҳраманд шуд.

Насли имрӯза мегӯянд, ки қонуни байналмилалӣ падидаест ҷадид ва аз ҷониби қонунгузорони ғарбӣ таъсис дода шудааст, аммо касе, ки китоби «Сияр»-и навиштаи имом Муҳаммади Шайбонӣ шогирди Имом Абӯҳанифаро варақ зада бошад ба хубӣ дарк мекунад, ки ин бо тафсили васеъ дар мадрасаи Имом Абӯҳанифа ва шогирдонаш тадвин ёфта аст ва дар он ҷанбаҳои гуногуни қонуни байналмилалӣ бо тамоми масълаҳои печидаи он мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта аст. 

Ин шӯро, ки бо тадбири дақиқи илмӣ ташкил ёфта буд барои ҳадафҳои хеш бо тамоми диққат амал мекард ва қонунҳои муназзамеро тадвин дод, ки таъсири он дар ҷомеа ба куллӣ эҳсос карда мешуд. Аз чумла ин таъсир ин буд, ки фаъолиятҳои инфиродии уламо ва муҷтаҳидин, қозиву муфтиҳо яксара аз эътибор соқит шуд, зеро ин маҷлиси илмӣ таҳти сарварии шахсияти тезҳуш чун Абӯҳанифа фаъолият мекард ва зимни пажӯҳиш аҳком Қуръон ва ҳадис,фатвои саҳобагон ва уламои гузашта бо дарназардошти воқеияти ҳаррӯза татбиқ мекарданд.

Аз ин рӯ, ҳангоме ки самараи ин шӯрои илмӣ ба маҳзари ом ба номоиш гузошта шуд, мусалмонон аз қозиву ҳоким то оммаи васеъ мардум ҳама ба он руҷӯъ карданд, зеро он ба талаботи аср ва эҳтиёҷи ҳаррӯзаи мардум ҷавобгӯ буд.

Дар ин маврид фақеҳи машҳур Яҳё ибни Одам чунин мегӯяд: «Дар баробари ақволи Абӯҳанифа ақволи соири фуқаҳо сард ва беравнақ гардид, илми ӯ дар манотиқи гуногун пахш шуд ва аз рӯи он хулафо, аимма (имомон) ва ҳукком (ҳокимон) ҳукм содир мекарданд ва ҳакмаи муомилот ба меҳвари он мечархид» 

Чунин вазъият то замони ҳукмронии халифа Маъмун (солҳо 813 – 833 мелодӣ) идома ёфт, то яке аз фуқаҳои рақиби Абӯҳанифа ба Фазл ибни Саҳл, ки нахуствазири халифа буд машварат медиҳад, то ҳукми мамнӯъияти истифода аз фиқҳи ҳанафиро содир кунад. Нахуствазир ашхоси бо истеъдод ва соҳибтаҷрибаро гирдиҳам оварда, дар ин маврид ба машварат пардохт ва онҳо якдилона гуфтаанд, ки чунин ҳукм ҳаргиз қобили қабул нест ва агар чунин ҳукм қабул шуд ҳамаи сокинони кишвар бар зидди шумо юриш хоҳанд кард, ҳароина шахсе ба шумо чунин машваратро дода ноқисулақл аст. Нахуствазир гуфт: «Ман низ бо ин назар (манӯъият аз истифодаи фиқҳи ҳанафӣ) мувофиқ нестам  ва амиралмӯъминин низ бо он хушнуд нахоҳад шуд» 

Чун қавонин ва аҳком тадвинёфтаи ин шӯро аз як тараф бо нерӯи илмии фавқулодда муҷаҳҳаз буд, аз сӯи дигар имом дар ҳудуди ҳафтсад то ҳаштсад шогирдро тавре тарбият карда буд, ба шаҳрҳои мухталифи чаҳони ислом сафар намуда, ба марказҳои таълимӣ ва фатвои исломӣ сарвар шудаанд. Аз шогирдони ӯ панҷоҳ нафар дар аҳди салтанати Аббосиён ба мансаби қозӣ гумошта шуданд, аз ин сабаб мазҳаби имом ба ҳайси қонуни расмии қисми зиёди ҷаҳони исломӣ пазируфта шуд.

Дар давраҳои гуногун қонунҳо ва аҳкоми тадвиннамудаи ин мазҳаб ба ҳайси қонуни расмии давлати Аббосиён, Салҷуқиён, Усмониҳо, хонигариҳои Осиёи миёна шинохта мешуд ва имрӯз хам аз Ҳиндустону Чин то Мисру Туркия садҳо миллион мусалмон пайравони ин мазҳабанд. Илова бар гуфтаҳои боло як асари дигари тадвини қонуни исломӣ он буд, ки ин шеваи ҷадиди қонунгузорӣ барои мутафаккирон ва донишмандони мусалмон боби ҷадидеро дар тадвини қонунҳои исломӣ кушод ва мазҳабу низомҳои бузурге, ки баъдан ба вуҷуд омадаанд ба навъе аз ин шӯро мутаассир шудаанд. Агарчӣ натиҷаҳои иҷтиҳоди эшон аз аҳкоми ин шӯро фарқ мекард, вале қавонин тавассути ин шӯро тадвинёфта барои эшон намунае буд, ки роҳи эшонро ҳамвор сохт. Бадин тартиб ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ба пояи камол расид ва хидмати бузурге дар арсаи қонуну шариати исломӣ тавассути абармарди таърих имом Абӯҳанифа  анчом ёфт. Ин қавонини тадвинёфта бар асоси ихлос ва қувваи илмиву ихлоси динии тадвинкунандагони он ба унвони қонуни аксарияти кишварҳои мусалмоннишин шинохта шуд ва натанҳо мусалмонон, балки тамоми башарият аз он баҳраманд гардид.

 

Рустам Азизӣ – номзади  илмҳои фалсафа, Муовини директории Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  

Яндекс.Метрика