ИМОМ БУХОРӢ ВА “АЛ-ҶОМЕУ-С-САҲЕҲ”-И Ӯ

Тахаллус ва номи пурраи ин олими бузург, тибқи ахбори дар сарчашмаҳо омада, - Имоми муҳаддиссин, Қудвату- л-ҳуффоз ва-л муҳаққиқин, мустанаду-л-мутақаддимин ва-л мутааххирин, Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ибни Муғира ибни Бардозбеҳи Бухорӣ аст. Эшон 13-уми шавволи соли 194 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо  24 июли соли 810-и милодӣ) дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Бузургвор дар муҳити солими иҷтимоӣ таълиму тарбия ёфта, ба камол расидааст. Падараш Исмоил, ки яке аз муҳаддисини машҳури асри худ буд, ҳангоми вафоти худ гуфта буд: «Ба хотир надорам, ки дар тамоми моли ман як дирҳаме аз ҳаром махлут шуда бошад». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Бухорӣ бо луқмаи ҳалоли падар ба воя расидааст.

Ӯ аз хурдсолӣ ба таълими ҳадис рӯй оварда, дар соли 205 ҳ.қ. (821 м.) дар синни ёздаҳсолагӣ ба омӯзиши ҳадис дар назди уламои шаҳри худ шурӯъ намуд. Сипас соли 210 ҳ.қ. (825) бо модару бародараш ба ҳаҷ рафт ва ба нияти таҳсили илми ҳадис муддате дар Макка боқӣ монд. Баъд аз он, барои идомаи таҳсилу омӯзиши илм ба аксари шаҳрҳои машҳур, аз ҷумла, Шом, Миср, Ироқ, Хуросон ва ғайраҳо мусофират намуд.  Саранҷом ба Мовароуннаҳр баргашта, дар ҳамон ҷо дар соли 256 ҳ.қ. (870-и м.), дар синни 62- солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Ҳамаи шахсоне, ки дар илми шариат ба таври умум ва дар илми ҳадис ба таври хусус шуғл доранд, худро марҳуни хизматҳои шоёни ин шахсияти бузург ва донишманди нобиғаи илми ҳадис донистааанд ва аз мақоми арҷмандаш дар ин илм тавсифу тамҷид намудаанд. Имом ибни Ҳаҷар дар муқаддимааш, ки бар шарҳи “ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ”-и ӯ навиштааст, таърифу тавсифи беш аз сад олими исломро дар мавриди Имом Бухорӣ зикр менамояд. Аз ҷумла, Имом Яҳё ибни Ҷаъфари Пайкандӣ мегӯяд: «Агар қудрат медоштам, аз умри худ ба умри Имом Бухорӣ меафзудам, чун марги ман марги як инсон ва марги Имом Бухорӣ сабаби аз байн рафтани илм аст». 

Аммо дар мавриди китоби «Саҳеҳи Бухорӣ» бояд бигӯем, ки ба иттифоқи бештари уламои муслимин ин китоб дуввумин китоб баъд аз Қуръон аст. Имом Бухорӣ ин китобро дар мудати шонздаҳ сол таълиф намуда, дар он аз шашсад ҳазор ҳадиси ҷамъовардааш, танҳо 7397 ҳадисро интихобу дарҷ кардааст. 

Сабабҳои таълифи «Саҳеҳи Бухорӣ».

1) Имом Бухорӣ дид, ки китобҳои дар асри вай таълифшудаи фарогири аҳодиси Паёмбари Худо (с) пур аз нуқсону камбудӣ буда, шумораи зиёди ҳадисҳои дурӯғину ҷаълӣ низ ҷамъоварӣ шуда буданд. Аз ин ҷиҳат тасмим гирифт, то китоберо, ки фақат фарогири аҳодиси саҳеҳ бошад, тадвин намояд.

2) Имом Бухорӣ рӯзе аз устоди худ Имом Исҳоқ ибни Иброҳим Ҳанзал (маъруф ба Ибни Рохҳавайҳ) шунид, ки шогирдонашро мегуфт: «Чи хуб мешуд, агар дар китоби мухтасаре ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбар (с) ҷамъ мегардид»! Ин сухан дар қалби Имом Бухорӣ таъсир намуд ва тасмим гирифт то ҳадисҳои саҳеҳеро, ки дақиқан мансуб ба Паёмбари Худо(с) буданд, ҷамъ ва таълиф намояд. 

3) Худи Имом Бухорӣ мегӯяд: «Шабе Паёмбари Худо Муҳаммад (с)-ро дар хоб дидам, дар дастам бодзане доштам, ки бо он Паёмбари Худоро аз азияти ҳашарот муҳофизат менамудам». Муфассирон ва муҳаддисони исломӣ ин хоби Имом Бухориро чунин таъбир кардаанд, ки бо таълиф намудани китобе, ки фарогири аҳодиси саҳеҳ бошад, барои муҳофизати ҳадисҳои ростин хидмати бузургеро ба анҷом расонид. 

Мо тоҷикон ифтихор дорем, ки ин донишманди фарзона аз сарзамини фарҳангхези Бухоро ва парвардаи домони модари тоҷик мебошад. Дар замони истиқлол китоби аҳодиси саҳеҳ нахустин бор бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид.

 

Исоев Насим - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика