Интернет – манбаи тарғиби ифротгароӣ буда метавонад.

Таҳлилу омӯзиши маводи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки на ҳама вақт маводи интишоршуда аз рӯи мазмуну моҳияти худ хусусияти илмӣ- ё иттилоотӣ дорад. Мутаассифона, имрӯз сомонаҳои иҷтимоӣ ба воситаи таблиғи ифротгароӣ ва даъвати ҷавонон барои пайванд шудан бо ҳаракатҳои террористӣ истифода бурда мешаванд. Таҷриба собит намуд, ки шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ аз тариқи интернет даъват шуда буданд. Албатта барномаҳои таблиғотиро ашхоси дорои касбӣ коркард мекунанд. Зеро маводи дорои мазмуни динӣ аз нигоҳи равонӣ хеле ҷолиб аст. Агар хонанда як- ду бор онҳоро мутоила карду ҳаваси пайдо кардани чунин маводҳоро кард, пас ин шахс дар доми мубаллиғон афтид, ки дигар ба осонӣ халос шуда наметавонад. Дар саҳифаи интернетии баъзе  шаҳрванд  аксҳои мавҷуданд, ки аз рӯи моҳияту мазмуни худ гӯё даъват ба  адолат ва  даст кашидан аз зулму истибдоди мардуми мусулмони Сурия доранд, вале дар асл бошад  дар онҳо даъват ба муқобили ҳукумати  Сурия ва  кишварҳои дигари мисли  Руссия, Эрон ва Туркия  мебошанд. Дар асл ҳадаф даъвати ошкорои мубориза бо ин кишварҳоро доранд. Ин ҳадафҳои сиёсии худро бо вазифаи имонии мусулмонон пайванд месозанд ва ҳодисаҳои сиёсиро бо мавзӯи ҷиҳод шарҳу тафсир намуда, айният ва зарурати онро дар айни замон ҳатмӣ меҳисобанд. 

Мутаасифона, аз тариқи истифодаи техникаи муосир  аксҳои марбут ба ҷанг дар кишвари Сурия ва Ироқ сохта мешаванд, ки тамоман аз ҳақиқати ҳол дуранд. Дар баробари ин кӯшиш мекунанд, ки дар аксҳои онҳо ваҳшиёнати пайравони ДИИШ ва Ҷабъат-ун-нусра» дида нашавад ва артиши давлатиро ба ваҳшоният гунаҳкор кунанд. Чунин усуули коргузорӣ баръкс мусулмононро гумроҳ карда, барои гаравидан ба ДИИШ барои мубориза ба муқобили кишварҳои худашон даъват мекунад.

        Хусусан имрӯз  аз ҷониби аъзоёни ташкилоти «Союз чести», тарғиботи ифротгароӣ миёни муҳоҷирони кишвари Русия хеле ривоҷ дорад. Албатта онҳо шароити вазнини муҳоҷирони тоҷику узбек ва қирғизро  дида, онҳоро гуё аз ин машақат наҷот медиҳанд ва барои кор ба кишварҳои дигар мебаранд.  Вале  шахсе ки дар доми чунин гуруҳои ифротгароӣ афтид, халос хӯрдан аз онҳо корӣ осон нест. Дар асл аз ин ташкилот аз ҷониби тоторони зидди Руссия дар хориҷи кишвар таъсис дода шудааст ва ҳар як ахбороте, ки паҳн мекунад, бевосита ба ҳамин самт равона шудааст.

Паҳн намудани чунин аксҳои дорои мазмуни ифротгароӣ ва даъват ба ҷанг бо яроқу аслиҳа метавонанд ба тафаккури кудакон ва навҷавнон  таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин  ҳар як волидайн масъул аст, ки вақти истифодаи интернет ва кадом сомонро истифода кардани кудаконро бояд назорат кунад. Дар сурати ихтиёр ба дасти кӯдакон додан, маънои бетараф будан ба тақдири ояндаи онҳост.

         Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика