ИНЪИКОСИ ДУ ҚАРНИ СУКУТ ДАР АСАРИ «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ»-И ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ дар муқаддимаи асари «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров зикр мекунад, ки «имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем».

Таълифоти таърихиву адабӣ ва забоншиносии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба нашр расидан ва ба забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ тарҷума гардидан, мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму фарҳанги кишварҳои зиёди олам қарор гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз асари ӯ «Забони миллат – ҳастии миллат» натанҳо мавриди омӯзиш ва баррасии забоншиносон қарор дорад, балки диққати ховаршиносону таърихнигорон ва адабиётшиносони сатҳи ҷаҳонӣ низ ба он нигаронида шудааст.

Таърихнигори тоҷик Тоҷиддин Ғуломов дар таҳқиқоти худ мегӯяд: «…агар дар асрҳои миёна барои фаҳму дарки ҳувият ва худшиносии миллати тоҷикон «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар замони Шӯравӣ «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саҳм дошта бошанд, бидуни шак ин рисолатро дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Забони миллат– ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон иҷро хоҳад кард». Воқеан ҳам ин гуфтори таърихшинос таърифи хушку холӣ набуда, балки дар зимни он ҳақиқати илмию таърихӣ ниҳон аст.

Асари тозанашри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи он асарҳоест, ки на танҳо сарчашмаи илҳомбахши дӯстдорони забони тоҷик ба ҳисоб меравад, балки дар он муҳимтарин масъалаҳои забониву таърихӣ аз дидгоҳи нави илмӣ ба майдони таҳқиқ кашида шудаанд. Рӯй овардани муаллиф ба ҳаводиси сиёсиву иҷтимоии ду қарни аввали ислом барои пажӯҳишгарон ва ховаршиносону таърихнигорон манбаи гаронарзиши илмӣ ба ҳисоб меравад.

Асари мазкур аз муқаддима, шаш боб, зерфаслҳо ва хулосаву китобнома иборат буда, масоили зиёди илмӣ, махсусан забоншиносиро дар бар мегирад. Аз он ҷиҳат, ки ҳадафи мо дар ин мақола таҳқиқи муфассали «Забони миллат – ҳастии миллат» набуда, балки пажӯҳиши мо танҳо ба масъалаи инъикоси ду қарни сукут дар ин асар бахшида шудааст, бинобар ин, андешаронии мо перомуни ҳамин масъала сурат хоҳад гирифт.

Мавзӯи мавриди баррасии мо қарордошта дар боби сеюми ин асар – «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» баён шудааст.

Муаллиф фасли аввали ин бобро «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин» ва фасли дуюмро «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр» номгузорӣ карда, дар ин ду фасл масъалаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ ва адабии замони Сосониён ва хатари аз байн рафтани забони миллии моро мавриди баррасӣ қарор додааст, то «хонандагон, махсусан насли ҷавони мо огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд».

Таърих гувоҳ аст, ки миллате нест, ки зери тасарруфи миллати дигар қарор нагирифта бошад ва миллати тоҷик низ аз ин ҳодисаи таърихӣ истисно набудааст. Ва ҳар миллате ё қавме, ки зери тасарруфи ин ё он халқият қарор мегирад, раванди адабиву фарҳангӣ ва сиёсии худро тадриҷан дигаргун месозад. Китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» ин дигаргуниҳоро ба тарзи муфассал ва бо овардани манбаъҳои дақиқ баён намуда, диққати ҳар як пажӯҳишгарро ба худ ҷалб менамояд. Дар таърихи халқи тоҷик яке аз чунин давраҳои гирифторӣ даврони истилои араб ба шумор меравад.

Донишмандон саргузашт ва ё ба ибораи дигар таъриху ҳаводиси сиёсӣ ва иҷтимоии ду қарни аввали ислом – аз афтодагии давлати Сосониён то ба сари қудрат омадани Тоҳириён дар Эронзамин (аз нимаҳои асри VII то нимаҳои асри IX)-ро ду қарни сукут ном мебаранд. Аз нуқтаи назари таърихнигорон Эронзамин дар муддати ин ду қарн зери тасарруфи тозиён буд ва чунон таҳти истилои шадиди арабҳо қарор дошт, ки «тақдири забон, фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи аҷдоди мо дар сари мӯе қарор дошт», зеро «забонҳои бумӣ аз қабили паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ аз доираи муомилоти расмӣ, илмӣ ва фарҳангӣ тадриҷан хориҷ шуда» буд.

Муаллиф дар ин фасл давраи пурталотум ва печидаву пурталоши таърихии забони миллати тоҷик ва аз ҷониби арабҳо забт гардидани Мовароуннаҳру Хуросон, сабабҳои исломпазирии мардуми тасхиршуда ва эҳёи давлатдории миллии тоҷиконро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҷанбаҳои ибратбахш ва омӯзандаи ин даврон ишора намудааст.

Пешвои миллат муносибати истилогаронаи арабҳоро дар Эрону Мовароуннаҳр ва кӯшиши аз байн бурдани ҳувияти забони аҷдоди тоҷиконро дар ин фасл бо таассуф ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид месозад, ки «ҳузури ҷамоатҳои бузурги арабҳо дар Эрону Мовароуннаҳр на танҳо боиси тағйир пазируфтани фазои диниву эътиқодӣ дар ин сарзамин гардид, балки муҳити этникӣ ва забониро низ дигаргун кард ва ҳамзистии арабҳоро бо мардуми маҳаллӣ амри воқеъ намуд. Аммо ин ҳамзистӣ ҳамзистии қавми ғолиб бо қавми мағлуб буд. Илова бар ин ҳамзистии мазкур ҳамзистии забон, фарҳанг, расму оин ва тарзи зиндагиву тафаккури ду қавм буд. Қавми ғолиб кӯшиш бар он дошт, ки пирӯзии ислом бар дини мардуми маҳаллӣ пирӯзии забону хати арабиро низ бар хату забонҳои халқҳои ориёӣ дар пай дошта бошад ва саранҷом ҳуввияту ҳайсияти милливу маънавии онҳоро аз байн барад».

Аз муҳтавои ин матлаб бар меояд, ки арабҳо аз оғози ҳол қасд доштанд, то забон ва лаҳҷаҳои роиҷи маҳалҳои тасхиршударо аз миён бубаранд ва ҳатто тибқи сарчашмаҳо бим ҳам буд, ки бо ҳамин далел қавмеро бар онҳо бишӯранд ва мулку ҳукумати ононро дар билоди дурафтодаи Эронзамин ба хатар андозанд. Ба ҳамин сабаб, арабҳо ҳар ҷо ки дар Эронзамин ба хату забон ва китобу китобхона бархурданд, ба онҳо мухолифати сахт намуданд, ҷуз каломи Худо ҳеҷ сухану китоберо қадр накарданд. «Воқеан ҳам ағлаби бегоназаминон ҳангоми истилои ин ё он кишвар қабл аз ҳама осори мактуби мардуми он сарзаминро маҳв мекарданд, зеро ин навъ осор махзани ҳофизаи таърихии халқ аст. Халқе, ки ҳофизаи таърихиаш заиф гашта ва ё аз ҳам гусехтааст, ба зудӣ метавонад дар масири таърих раҳгум занад ва ғуломи маънавии дигарон гардад».

Пешвои миллат бо ишора ба ин давраи пурталотум, ки фарзандони фарзонаи миллат тавонистанд дар чунин ҳол забонро аз нестӣ ҳифз намоянд, таъкид месозад, ки «зиндагиномаи забони мо саршор аз мисолҳои дурахшон дар бораи муҳаббат ба ватан, эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ ва қаҳрамониву ҷонбозиҳо дар роҳи дифоъ аз истиқлоли сарзамину давлати хеш аст, ки имрӯз барои дарки мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва кору хидмати содиқона ба ватан барои мо дарси ибратанд».

Нуктаи дигаре, ки муаллиф дар ин боб ишора намудааст, пазируфтани дини Ислом ва муттаҳид гардидани қабилаҳои араб, ки пеш аз Ислом бо ҳам душман буда, задухурдҳову кашмакашиҳои дохилӣ ба таври ҳамешагӣ байни онҳо идома дошт, ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла қайд карда мешавад, ки «дини нав бо даъвати худ ба бародариву баробарии мусулмонон қабилаҳои бадавии то ин дам ба ҳам душмани арабро зери ливои эътиқоди ҷадид ба Худованди яккаву ягона муттаҳид сохта, ба онҳо нерӯи тозаи рӯҳонӣ бахшид ва заминаҳои истилои араб ва пирӯзиро ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла давлати Сосониён фароҳам овард».

Муаллиф бо малакаи баланди илмӣ аз байн рафтани давлати Сосониёнро, ки беш аз 400 сол арзи вуҷуд дошт, мухтасаран баён намуда, қайд мекунад, ки дар остонаи пайдоиш ва нуфузи ислом дар ниҳоди давлати бузурги Сосониён нишонаҳои заъф ва нотавонии сиёсиву низомӣ падид омада буданд. Ин амр пеш аз ҳама натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ ва муҳорибаҳои пай дар пайи беш аз бистсолаи Хусрави Парвиз (589-628) бо ҳайтолиён, туркон ва алалхусус бо румиён буд. Ва ҳамчунин, Пешвои миллат сабаби аз ҷониби арабҳо фатҳ ва тобеъ гардидани Эрону Мовароуннаҳрро дар ин фасл маънидод карда, чунин шарҳ медиҳад: «…дар зери тасарруфи арабҳо қарор гирифтани Эрону Мовароуннаҳр пеш аз ҳама ҷудоиву парокандагии сиёсӣ ва мазҳабӣ, набудани иттиҳоди мустаҳкам миёни давлатҳои хурди ин сарзамини паҳновар, мухолифат, ҷангҳои байниҳамдигарӣ ва ҳатто хиёнату ватанфурӯшии баъзе ҳокимони маҳаллӣ буданд, ки гузаштагони моро ба шикасти сиёсиву низомӣ мувоҷеҳ карданд. Дар ҳама давру замонҳо парокандагиву ҷудоӣ, калавишҳои ақидавию динӣ, ҷангу мухолифатҳои дохилӣ қавму миллатҳоро ба гирдоби заъфу нотавонӣ кашида, онҳоро мутеъ ва асири бегонагон кардааст».

Дар баробари чунин рӯзгори пурҳавлу ваҳшатзо ва зулму хунхориҳои беамони арабҳо ва ҳамчунин, дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби ҳокимони хиёнаткори маҳаллӣ боз «ҳазорон фарзандони ҷасуру фидокор буданд, ки то нафаси охирин бо нерумандтарин қудрати замон мубориза бурда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд». Ҳамчунин, Пешвои миллат бар зиди сиёсати арабҳо шӯриш бардоштани фарзандони фарзонаи меҳанпарасти тоҷик Сумбоди Муғ, Деваштич, Ғурак, Муқаннаъ, Бобак ва чанд тани дигарро мисол оварда, таъкид мекунад, ки «ҳамин рӯҳи шикастнопазир, ҳамин меҳандӯстиву озодихоҳӣ, ҳамин фидокориву ҷоннисории фарзандони барӯманди миллати мо дар роҳи дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувияти миллии хеш буд, ки шикасти низомиву сиёсиро аз арабҳо ба пирӯзии маънавию фарҳангӣ бар онҳо табдил дод ва заминаҳои эҳёву таҷаддуд ва истиқлоли сиёсиву давлатии тоҷиконро дар аҳди Сомониён пайрезӣ намуд».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ба қалам кашидани забткориҳои араб дар Хуросону Мовароуннаҳр, тақдири забони мо дар он замон, сабабҳои исломпазирии қавмҳои тасхиршударо дар «Забони миллат – ҳастии миллат» аз сарчашмаҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, хаттиву чопӣ бисёр бо мавқеъ истифода намудааст. Ин асар аҳамияти калони илмӣ дошта, маводи зиёд ва пурқимат барои соҳаҳои гуногуни илм дода метавонад.

Аз баррасии ончи, ки дар боло ба таври мухтасар гуфта шуд, метавон гуфт, «давраи истилои араб барои тоҷикон ва халқҳои дигари ориёӣ дар баробари марҳилаи шикасту нокомиҳои сиёсиву низомӣ буданаш ҳамчунин, даврони ба зуҳур омадани рӯҳи озодихоҳиву ватанпарварии ҳазорон фарзандони ҷасуру фидокор буд, ки то нафаси охирин бо нерумандтарин қудрати замон мубориза бурда, дар набардҳои нобаробар қаҳрамонона ҳалок мешуданд.

Дар он лаҳзаҳои фалокатбори таърих, ки масъалаи буду набуди ҳастии маънавии ниёкони мо ҳал мегардид, хориқаи забон, фарҳанг ва тамаддуни бостонии мо муъҷизаосо рӯйи кор омад ва растохези маънавии қавмҳои ориёиро дар саросари қаламрави хилофат тавлид намуд. Бонги ин растохез аз оғози давраи таҷаддуду эҳёи тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёӣ башорат дод».

Хулоса, миллати моро, ки чанд қарн аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буд, лозим меояд аз таҷрибаи таърихии худ, ки тафсилоташ дар боби сеюми асари «Забони миллат – ҳастии миллат» зикр гардидааст ва барои ҳамқавмон ва ҳамзабонони хеш дарси ибрат ва таҷрибаи зиндагист, нахуст худшиносиву худогоҳӣ ва ватандориву ватандӯстӣ биомӯзем ва дар ин ҷода байти зерини сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро шиори ҳамешагии худ созем:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Раҷабалӣ ДОДИХУОЕВ,

мудири кафедраи забони тоҷикӣ

ва ҳуҷҷатнигорӣ, н.и.ф., дотсент

Бознашр аз www.apa.tj

Яндекс.Метрика