Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми имсолаи Сарвари давлат ба марҳилаи ниҳоят мурракабу ҳассос, махсусан, дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ, буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омадани кишварҳои ҷаҳон рост омад. Дар Паём таъсири ногувори паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ба вазъи имрӯзаи ҳаёти иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ бо далелҳои равшан арзёбӣ гардиданд.

Дар Паём зикр гардид, ки новобаста аз таъсири манфии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд ва ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуд. Пеш аз ҳама маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ бознигарӣ гардид ва барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд. Кишварамон тавонист, ки бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ пайомадҳои ногувори бемории сироятии коронавирусро ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ пешгирӣ намояд. Дар ин самт ташаббусҳои муфид ва роҳнамоии Сарвари давлатамон хеле бузург аст. 

Дар ҳаёти иҷтимоии кишвар Паёмҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеа, нерӯи фаъолгардонии шаҳрвандон, дастурамал ва роҳнамои фаъолияти ташкилоту институтҳои иҷтимоӣ баромад менамояд. Паём ҳуҷҷати муҳими дурнамои тамоми ҷабҳаҳои ҳаёту фаъолияти ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи бурду бохти ҷомеа ва роҳнамои рушди минбаъдаи хоҷагии халқи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар як Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон як такони ҷиддӣ мебахшад. 

Аз ташаббусҳои муҳимтарини Сарвари давлатамон дар ин шароити вазнин дастгирии кормандони тиб, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, мисли пешниҳоди сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба соҳибкорони ватанӣ, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ба шаҳрвандон додани имтиёзҳо вобаста ба қарздорӣ, зиёд гардидани нафақапулиҳо, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбиро номбар намудан мумкин аст.

Масъалаи шуѓли аҳолї ва беҳтар кардани сифати бозори дохилии меҳнат аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад ва имрӯз дар Тоҷикистон бояд ба ҷавонон омӯзонидани ихтисоси нави барои истеҳсолот зарур ҷорӣ карда шаванд. Яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи Тоҷикистон – ин бекории аҳолии қобили меҳнат мебошад, ки барои коҳиш додани шиддати он Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат тамоми чораҳоро меандешанд.  

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар соли оянда бояд имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода гарданд ва ҳалли проблемаҳои рӯзмарраи аҳолӣ таъмин карда шавад. Махсусан, Сарвари давлат ба масъалаи амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Имтиёзҳое, ки барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳод шуда буданд, барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуданд. Дар Паём махсус таъкид карда шуд, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро таъмин намоянд. Ташаббусу ғамхории Сарвари давлат дар он зоҳир мегардад, ки бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд. Бешак, ин пешниҳоди Сарвари давлат барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва расидан ба ҳадафи амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд. 

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз давраи аввали истиқлолияти кишварамон ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан, соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба вазъи иҷтимоӣ-демографӣ ва талаботҳои рӯзафзуни аҳолӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тамоми шароити зарурӣ муҳайё гашта, мақоми омӯзгор дар ҷомеа торафт боло меравад. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон, ошкор намудани истеъдодҳои нодир дар байни наврасону ҷавонон озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявӣ бо номи «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шаванд ва ғолибони озмунҳо бе имтиҳон аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ қабул гарданд. Бо дилпурӣ гуфта метавонем, ки ин ташаббусҳои Роҳбари давлат баланд гардидани сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмии аҳолӣ, махсусан, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ такони ҷиддӣ медиҳанд. 

Масъалаи дигаре, ки Роҳбари давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд – ин фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Сарвари давлат қайд намуданд, яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ: ширхоргоҳ, ширхоргоҳ-кӯдакистон, кӯдакистон, мактаб-интернат, хонаи кӯдакон, маркази инкишофи кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. Аммо бунёди муассисаҳои томактабӣ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ҷавобгӯ нест.

Ба сифати омили асосии ҷойивазкунии иҷтимоии ҷавонон ва тарбияи захираҳои зеҳнии кишварамон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баромад менамоянд. Рушди иќтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон ба омода намудани мутахассисони касбї ва баландихтисос вобастагии калон дорад ва хароҷот ба низоми таҳсилот маблаѓгузорї ба ояндаи шахс мебошад. Маориф набояд ба гузашта, балки ба оянда ба ҳалли он мушкилотҳое равона карда шавад, ки тавассути дониш ва илм бартараф карданашон имконпазир гардад. Барои он ки низоми таҳсилот рисолати худро иҷро намояд бояд дар самти рушди он, махсусан, дар масъалаи сифати таълим ва омода намудани кадрҳои ба талаботи соҳаҳои гуногун ҷавобгў тадбирҳои ҷиддї андешида шавад. 

Масъалаҳои асосии низоми имрӯзаи талимоти Тоҷикистон сифати таълим, дастрасии таълимот ва таълимоти бетанаффус мебошад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Роҳбари давлат низ хотирасон карданд, ки дар кишварамон 41 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 245 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони касбӣ ва тарбияи кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад, махсусан, ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шавад. барои рушди илму маориф, ҳавасмандгардонӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки стипендияи онҳо аз 1–уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад. Албатта, чунин ғамхориҳо барои самаранокии корҳои илмии олимону муҳаққиқони ҷавон такони ҷиддӣ мебахшад. 

Самти дигари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлатамон дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, нафақахӯрону маъюбон, пиронсолону бепарасторон, ятимон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Сатҳи инкишофи ҷомеа, нуфузу мақоми миллату давлат пеш аз ҳама аз вазъи иҷтимоии гурӯҳҳои эҳтиёҷманд вобастагии калон дорад. Имрўз масъалаи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, кўдакони ятиму бепарастор яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, заиф гаштани таъсири урфу одат ва анъанаҳои инсондўстонаи аҷдодии мо кўдкони ятиму бепарастор ва оилаҳои онҳо аз ҳарваќта зиёдтар ба ҳифзу дастгирии иҷтимої ниёз доранд. Ҳукумати кишвар барои дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Бо мақсади идомаи дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18 - сола ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароитҳои зиндагонии иҷтимоии маъюбон беҳтар гардад. Инчунин Роҳбари давлат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои ятимони кулл мактаб – интернатҳои Президентӣ бунёд намоянд ва барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Хулоса, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали рушди устувори Тоҷикистон мебошад, ки дар амал тадбиқ намудани он барои баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии аҳолӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ташкили зиндагии шоистаю сазовори мардуми кишварамон мусоидат менамояд. “Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад” . Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамо ва сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳад ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон саҳми босазои худро гузорад. 

Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши исломи 

муосири  Маркази исломшиносӣ дар назди

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Баҳромбеков В.А.

Яндекс.Метрика