Ифротгароии динӣ: моҳият, ҷанбаҳои сохторӣ ва роҳҳои пешгирӣ

Мағфират Хидирзода
 
Ифротгароӣ ба қатори зуҳуротҳое дохил мешавад, ки пайдоиши он заминаҳои амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангию ақидавӣ дошта, мисолҳои зоҳиршавии он дар таърих хеле зиёданд. Вобаста ба ин маънидодку-ниҳои гуногуни мафҳуми экстремизм ва терроризм мавҷуд мебошанд. Масалан, дар Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ тафсири зерини ин мафҳум дода шудааст: «Ифротгароӣ ин фаъолиятест, ки ғасби зӯроваронаи ҳокимият ва бо зӯрӣ нигоҳ доштани он, ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлат, таҳдиди зӯроварона ба амнияти ҷамъиятӣ, аз он ҷумла бо роҳи ташкили созмонҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва ё иштирок дар фаъолияти онҳо»-ро ифода мекунад» [5].
Сиёсатшиноси тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон ифротгароиро маънидод намуда, менависад, ки «экстремизми сиёсӣ ин идеология, сиёсат ва қувваи экстремистию террористиест, ки аз ултраростҳо то ултрачапҳо ҳама дар муборизаи сиёсӣ барои ҳокимият кӯшиш намуда, барои ноил гаштан ба мақсадҳои худ ба корҳои «нохалаф», ба монанди қуваи зӯрӣ ва суйиқасд ба ҳаёти ҳарифони худ даст мезананд» [2, 169].
Дар китоби «Муколамаи давлат ва дин дар Тоҷи-кистон» омадааст, ки «ифротгароии динӣ фаъолиятест, ки моҳияти динӣ дошта, зери пардаи дин ба амал омадааст ва барои бо роҳи зӯрӣ тағйир додани ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва тамомияти арзии давлат мубориза намуда, барои расидан ба ин мақсад аз доман задани ихтилоф аз хусумати динӣ парҳез намекунанд. Ифротгароии асоси динидошта ҷонибдори андешаҳо ва амалҳои тундгароӣ дар дин ҳастанд» [1, 182].
Ифротгароӣ дар шаклу намудҳои гуногун зуҳур ёф-та, дар ҳама ҳолат ифодакунандаи манфиат ва мақ-садҳои гурӯҳҳое будааст, ки ба онҳо каҷрафтории иҷ-тимоӣ хос буда, дар муҳити иҷтимоии мавҷудаи ҷомеа мавқеи худро дарёфт карда наметавонистанд. Ба ин каҷрафторӣ онҳоро тафовути ақидавӣ, ки чанбаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ, динию мазҳабӣ ва миллию этникӣ доштанд, водор менамуд.
Ин аст, ки дар илми муосир мафҳумҳои ифротгароии сиёсӣ, ифротгароии миллӣ, ифротгароии динӣ ва дигар шаклҳои он мавриди омӯзиш ва истифодаи васеъ қарор дорад ва ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ дорои хусусиятҳои фарқкунандаи худ буда, дар умум бошад ифодакунандаи мавқеъ ва иделогияе мебошанд, ки дар маҷмӯъ бартарияти ақидавии худро дар масъалаҳои номбаршуда инъикос намуда, дарки мавзӯъ бидуни ҳама гуна таҳаввулоти ақидаву мафкура ва гузашту созиш ба миён гузошта мешавад. Яъне, ин шакли ташаккулёфтаи мафкураест, ки арзишҳои дар доираи системаи муайян ҷо ба ҷо кардаи онҳо хусусияти тағйирнопазир, догматикӣ, инкоркунандаи хусусияти замон ва вақт дошта, ҳама гуна талоши бозсозӣ ва бознигарии онро қабул намекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб, ифротгароӣ дар ҳама шаклҳои мавҷудааш омили таҳдидовар ба амнияти миллатҳо ва давлатҳо маҳсуб ёфта, оқибатҳои он барои тамоми низомҳо метавонад харобиовар бошад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар пайи фаъолияти ифротгароёна ҳадафҳои ҷудоихоҳӣ, бартариятҷуйӣ, бозгашт ба низоми тирания, қафоравии миллатҳо ва ҳатто тамаддунҳо хос мебошад.
Ин зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дорои сохтори мураккаби худ буда, ҷанбаҳои ақидавӣ, рафторӣ ва институтсионалиро дар бар мегирад. Муайян намудани ҷанбаҳои ақидавию рафтории он масъалаҳое мебошанд, ки дар кушодани моҳияти ин зуҳуроти манфӣ ва хатарбори ҷомеа нақши босазо дошта метавонад.
Ифротгароӣ ҳамчун ақида, идеология, мафкура ва ҷаҳонбиние мебошад, ки ба принсипҳои бартариятхоҳӣ дар низоми арзишҳо, инкори ақидаҳои дигар, ҷонибдорӣ аз амалҳои радикалӣ дар роҳи ба даст овардани мақсад ва напазируфтани низоми мавҷудаи сиёсию идоракунӣ дар давлат асос меёбад. Ҷонибдорони ин ақидаҳо баҳри ҳақ баровардани мавқеъ, дуруст нишон додани арзишҳои худ пурра ва ё қисман арзишҳои умумипа-зируфташудаи иҷтимоиро инкор намуда, қодиранд барои тасдиқи ақидаҳои худ аз роҳу воситаҳои зӯроварона истифода баранд. Масалан, дар доираи дини ислом ин амали худро бо мафҳуми «ҷиҳод» маънидод намуда, бо ин роҳ дар роҳи ҳақиқат қарор доштани худро собит менамоянд. Тавассути тафовути ҷиддии мафкуравии худ кӯшиш менамоянд, то дар зоҳир низ аз дигар аъзои ҷомеа ҳудро тавассути намои зоҳирии фарқкунанда ва дигар аломатҳо, аз қабили сару либос ва одоби муносибат ҷудо намуда, ин амали худро амали ҳақ нишон диҳанд.
Аз диди психологӣ инҳо нафароне мебошанд, ки ақл ва зеҳни онҳо дар доираи системаи муайяни арзишҳои ба онҳо таҳрикшуда карахт шуда, қобилияти дарки дигари масъаларо надоранд. Қобилияти шинохти равандҳо ва руйдоду зуҳуроти ҷомеаро ин нафарон аз даст медиҳанд. Ҳама гуна арзиши берун аз доираи мафкуравии худро ҳамчун андешаи ботил инкор мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, онҳо дар рафтори худ якрав, худхоҳ, барои ҷомеа ва атрофиён хавфнок, дар мубоҳиса таҳаммулнопазир мешаванд. Вале дар доираи фаҳмиши худ онҳо осон идорашавандаанд. Ақл, ирода ва рафтори онҳоро хоҷагон ва ё «устодони маънавияшон» осон идора мекунанд. Дар роҳи амалӣ намудани ғояи дар сар доштаи худ қатъӣ ва ҷиддӣ мебошанд. Дар ин роҳ боҷуръат, нотарс ва ҷасур мешаванд. Зеро онҳоро ба ғуломи ким-кадом ғояи рузи саодат мубаддал кар-даанд. Барои онҳо ҳаёти инсонӣ арзише надошта, худи онҳо омодаанд дар дилхоҳ лаҳза ба амалҳои даҳшатноки террористӣ даст зада, бо зиндагӣ дар ин дунё падруд гӯянд. Ин самти масъала аллакай ҷанбаи рафтории онҳоро дар бар мегирад. Яъне, мағзшуйие, ки онҳо гирифтор шудаанд, водор месозад, ки тавассути идораи беруна амалҳои тарҳрезишударо амалӣ намоянд. Сар задани садҳо амалҳои экстремистию террористӣ ҳамарӯза дар гӯшаю канори гуногуни дунё нишонаи амиқи фаъолияти қувваҳои муайяни геополитикӣ дар самти мазкур буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки паҳншавии равияҳои ифротӣ ва мафкураи ифротӣ имрӯзҳо бо суръати таҳдидовар идома ёфта истодааст.
Равияи экстремистӣ гуфта мавҷудияти чунин мафкураеро маънидод намудан мумкин аст, ки ба он бештар ҷанбаи мафкуравӣ ва ақидавӣ хос буда, маҷмӯи арзишҳо ва меъёрҳоеро дар бар мегирад, ки ифодакунандаи манфиатҳои сиёсӣ, динию ақидавӣ ва миллӣ буда, ба он бартарият додан аз нигоҳи мансубияти сиёсӣ, динию ақидавӣ ва миллӣ хос мебошад. Яъне ифодакунандаи ақидаҳое мебошанд, ки дар радифи онҳо дигар ақидаҳои мавҷуда ботил, нораво ва куфр эълон карда мешаванд. Равияҳои экстремистӣ аз ҷиҳати фарогирии худ умумиятҳое мебошанд, ки аъзои худро дар асоси садоқати ақидавӣ қабул намуда, имконият доранд минбаъд шомили ҳаракат ва ташкилотҳои экстремистии дигар шаванд.
Аз диди сохторӣ, тавре ки дар боло зикр гардид, дар мавҷудияти ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятию сиёсӣ метавон қисмҳои таркибии зеринро ҷудо намуд: гурӯҳҳои экстремистӣ ва ҳаракату ташкилотҳои экстремистӣ.
Гурӯҳи экстремистӣ ин иттиҳоди шахсонест, ки дар доираи ягонагии эътиқодӣ, мафкуравӣ ва сиёсӣ муттаҳид гашта, мақсади амалӣ намудани фаъолияти экстремистиро доранд. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ асосан шохаҳои ташкилот ва ҳаракатҳои экстремистии байналмилалӣ буда, бо нишондод ва дастгирии молиявии бевоситаи онҳо фаъолият мекунанд. Дар баробари ин фаъолияти тарғиботӣ ва ҷалбкуниро низ ба анҷом расонида баҳри густариши ғояҳои ифротӣ дар ҷомеа саҳмгузор мебошанд.
Ҳаракати экстремистӣ ин иттиҳоди дорои умумияти мафкуравӣ, сохтори муайян, аъзо ва идеология буда, дар фаъолияти худ аз консепсияҳои хусусияти экстремистӣ дошта истифода менамояд. Моҳияти ташкилоти экстремистӣ мантиқан имконият медиҳад, то онро ҳамчун созмони дорои сохтори муташаккил, захираҳои пуриқтидори молиявӣ, инсонӣ, таҷрибаи иҷтимоӣ ва таърихӣ, идеологияи ташаккулёфта ва дар ҷараёни заду-хӯрдҳои мафкуравӣ обутобёфта маънидод намоем.
Ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот террористӣ ба ҳисоб меравад, агар ақаллан яке аз ҷузъу томҳои дохилии ташкилот ё бо огоҳии ақаллан яке аз мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом диҳанд [3].
Ҳаракату ташкилотҳои экстремистӣ дар ҷаҳони муосир вобаста ба захираҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои молиявию шабакавии худ на танҳо дар доираи мамлакатҳои алоҳида, балки ҳамчун ҳаракатҳои экстремистии хусусияти байналмилалидошта низ фаъолият намуда истодаанд. Имрӯз метавон садҳо ташкилоту ҳаракат-ҳои экстремистиро номбар намуд, ки дорои сохтори мукаммали дохилӣ буда, дар онҳо тақсимоти вазифаҳо, сатҳҳои роҳбарикунанда, захираҳои молиявӣ ва техникию технологӣ амиқ муайян гаштаанд. Тибқи иттилои Академияи муколама «аз руйи баъзе маълумотҳо имрӯз дар ҷаҳон 100 созмони террористии бузург фаъолият дорад, ки бо якдигар дар робита ва ҳамкории доимӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ агар созмону гурӯҳҳои хурдро ҳам ба назар бигирем, теъдоди онҳо ҳудуди панҷ ҳазорро ташкил медиҳад» [1, 182].
Таҳлили мазмунӣ ва сохтории ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти онҳо ба таври хаотикӣ набуда, балки ҳамчун сохтори муташаккил, дорои низоми муайяни муносибатҳо, аз он ҷумла муносибатҳои иерархӣ, идеологияи пуриқтидори ташаккулёфта, иқтидорҳои шабакавии муосир ва захираҳои боэътимоди инсонӣ мебошанд. Мубориза ба муқобили чунин зуҳуроти таҳдидовари глобалӣ андешидани чораҳои қатъиро дар ин самт тақозо менамояд.
Дар муқовимат ба муқобили ин хатар низомҳои сиёсӣ метавонанд фаъолиятро дар ҷодаи муносибатҳои байнисистемавӣ ва дохилисистемавӣ амалӣ намояд.
Фаъолияти байнисистемавӣ дар марҳилаи кунунӣ, ки ҳамбастагии ҷаҳони муосирро зич гардонда истодааст, бағоят муҳим аст. Воқеияти сиёсии муосир нишон дода истодааст, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ ба пуррагӣ наметавонад ин хатарро решакан намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҷаҳони имрӯза терроризму ифротгароиро ҳамчун хатари умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили онҳо мувофиқи мақсад мешуморад [4, 123].
Механизмҳои дохилисистемавӣ гуфта он ниҳодҳоеро дар назар дорем, ки фаъолияти онҳо дар сатҳи ҷомеа амалӣ гашта, муносибатҳои иҷтимоӣ аз ҷониби онҳо тавассути низоми мавҷудаи ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ, урфу одат ва анъанаҳо амалӣ карда мешаванд.
Қисми таркибии механизми дохилисистемавиро бе мавҷудияти ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва анъанавӣ тасаввур кардан номумкин аст. Дар ин самт фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои анъанавӣ бағоят муҳим мебошад. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчун иттиҳодияҳои хурди одамон дар самти татбиқи ҳадафҳои муайяни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ фаъолият намуда, қудрати таъсиррасониро ба афкори омма тавассути барнома ва лоиҳаҳои худ доранд. Ин аст, ки ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба пешгирии амалҳои ифротгароӣ дар сурати фаъолияти ҳамоҳанги онҳо бо мақомоти давлатӣ метавонанд василаи сама-рабахш дар ин самт гарданд.
Институтҳои анъанавӣ, аз он ҷумла Шӯроҳои ка-лонсолон, шахсони обрӯманди маҳалла ва кӯчаҳо, занону ҷавонони фаъол, ходимони дин, олимон ва аҳли зиё, ки табақаи таъсиррасону бонуфуз ва обрӯмандро ташкил медиҳанд, метавонанд тавассути ташкили фаъолияти тарғиботию маърифатӣ баҳри пешгирии ин равияҳо саҳми босазо дошта бошанд. Зеро ин гурӯҳи шахсиятҳо дар ҷомеа тавассути дарки баланди воқеият, илм, ғояҳо, фикру ақида ва донишҳои илмию динии худ метавонанд баҳри дарки воқеии моҳият ва мазмуни равияҳои ифротӣ мусоидат намоянд.
Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки баҳри қувват гирифтани зуҳуроти ифротгароӣ таъсир расонида ис-тодааст, ин пурқувват гаштани ҷанбаи гендерии он мебошад. Омӯзиши раванди ифротгароӣ нишон ме-диҳад, ки дар баробари мардон ҳарчи бештар ба ин ҳаракату ташкилот ва гурӯҳхо занон низ ҷалб шуда истодаанд.
Дар робита ба ин суолеро матраҳ намудан зарур аст, ки кадом омилҳо қодиранд баҳри гароиши инсон ҳамчун субъекти сиёсат ба ин равияҳо мусоидат намояд.
Чуноне ки олимон муайян намудаанд, яке аз сабаб-ҳои асосии гаравидани занону ҷавонон ба ҳизбу ҳара-катҳои ифротӣ ин номуваффақ будан дар мутобиқати иҷтимоии онҳо мебошад. Ногуфта намонад, ки дар раванди иҷтимоишавии инсон мутобиқати иҷтимоӣ ҷузъи асосӣ ба шумор меравад. Мутобиқати иҷтимоӣ мутобиқати фардро ба муносибатҳои иҷтимоӣ, талаботҳо, меъёрҳои сохти иҷтимоӣ муайян менамояд. Маҳз мутобиқати иҷтимоӣ фардро водор месозад, ки механизми за-рурии фаъолиятро дар давраҳои муайяни ҳаёт интихоб намуда, онҳоро дуруст истифода барад [4, 185]. Дар баробари ин метавон якчанд омилҳои дигар, аз қабили таъсири тарғиботи шабакавӣ дар вазъияти паст будани сатҳи донишҳои динӣ ва дунявӣ, итоаткории ғуломона дар муносибатҳои оилавӣ, надоштани ҷуръати қабули қарори мустақилона дар вақтҳои заруриро низ номбар намуд, ки боиси зиёд гаштани теъдоди занон дар сафи гурӯҳҳои ифротгаро гашта истодааст.
Ҳамин тариқ, таҳлили моҳият ва ҷанбаҳои сохтории ифротгароӣ нишон медиҳад, ки ин зуҳурот сиёсати тарҳрезишудаи қувваҳои манфиатдори геополитикӣ буда, яке аз стратегияҳои то имрӯз муваффақ дар назария ва амалияи бархӯрди тамаддунҳо маҳсуб меёбад. Аз натиҷаи баррасии омӯзишҳо чунин бармеояд, ки дар замони бархӯрди тамаддунҳо тамаддунҳои пурқувват тамаддунҳои хурдро фурӯ мебаранд. Вале тамаддуни исломӣ имрӯз тамаддуне нест, ки онро ба осонӣ фурӯ бурда шавад. Бинобар ҳамин ҳам яке аз усулҳои стратегии заифгардонии он ҳамин таъсиси даҳҳо ва садҳо гурӯҳу равияҳои тундгаро ва ифротӣ мебошад, ки аз диди иқтидори демографию иқтисодӣ ва зеҳнӣ ҷаҳони исломро заиф мегардонад. Ин стратегияи хавфнок буда, воқеияти сиёсии ҷаҳони имрӯза онро собит на-муда истодааст. Бинобар ҳамин зарур аст, ки дарки ин хатар аз ҷониби ҳар як узви ин тамаддун эҳсос карда шавад.
 
Адабиёти истифодашуда:
1. Муколамаи давлат ва дин дар Тоҷикистон//Ализода Б.П., Абдухолиқов А.А., Искандаров Қ.И., Ниёзов А.С., Нуриддинов Ҳ. Душанбе, 2010.
2. Муҳаммад Абдураҳмон. Инсон. Сиёсат. Ҷомеа. Ду-шанбе, 2018.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»(Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 77, аз 12.05.2007 № 246, аз 6.10.2008 № 421, аз 01.08.2012 № 879, аз 13.06.2013 № 969, аз 27.11.2014 № 1138, № 1139, аз 25.12.2015 № 1266).
4. Хидирзода М.У. Роҳҳои пешгирии терроризм ва ифротгароӣ // Истиқлолият ва стратегияҳои муваффақ. Душанбе, 2018.
5. Шанхайская Конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом // Ратифицирована Постановлением Маджлиси Намояндагон Маджлиси Оли РТ от 30.01.2002г. № 513 (в редакции Протокола от 5.09.2003г.).
 
Маҷмӯаи мақолаҳои

конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои

амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

ш. Бохтар – 2018, саҳ. 6-14
Яндекс.Метрика