Ифротгароии динӣ омили асосии нооромии ҷомеа

Ифротгароии динӣ падидаи номатлуби ҷаҳони имрӯз буда, дар худ хусусиятҳои тарҳрезикунанда ва маҳвкунандаи ғояҳои пешбурди ҷомеа дорад. Хусусияти дигари амалкарди гурӯҳои ифротӣ дар он мушоҳида мегардад, ки пайравони онҳо фаҳмиши амиқи динӣ надошта, сӯиистифода аз номи дини мубини Ислом мекунанд. Ҳарчанд чунин гурӯҳҳо худро ҳамчун ташкилоти динӣ муаррифӣ мекунанд, вале дар асл гурӯҳҳои сиёсии ифротианд. Ичунин созмону ташкилотҳое, ки аз шахсони ифротӣ иборатанд, танҳо баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ дар ҷомеаи имрӯза ва ба сари қудрат баромадани онҳост, ки дар чунин ҳолат ҷомеаро ба бесуботию нооромӣ оварда мерасонад. Омили асосии гаравидани афроди ҷомеаи имрӯза, ба хусус ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ аз надоштани донишҳои воқеӣ ва эътиқоди кӯркӯронаи динии онҳо дарак медиҳад.
Паҳншавии ҳадафҳои сиёсии гурӯҳҳои ифротӣ маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ сурат мегирад, ки ҷомеаи имрӯза аз чунин шабакаҳо васеъ истифода мебаранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамарӯза Ҳукумати кишвар ва вазорату кумитаҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд. Намунаи боризи онҳо ташвиқу тарғиботи гурӯҳи «АВАНГАРД»-и Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аммо ин ҳама ташвиқу тарғибот танҳо дар доираҳои махсус сурат мегиранд ва бархе аз фишурдаҳои онҳо дар сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд. Бояд ҳар чи бештар тавассути барномаҳои ВАО ва сомонаҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа гузаронида шавад ва тибқи амру фармонҳои роҳбари давлат таъсиси муассисаву ташкилотҳои таълимӣ, фарҳангию фароғатӣ ва ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда шавад.
Маҳз кӯшишу талошҳои ҳамаҷониба роҳбарияти давлатамон аст, ки ҷомеаи имрӯзаи мо дар фазои орому осудаи кишвар умр ба сар мебаранд. Чун аксари ҷомеаро насли ҷавону наврас ташкил медиҳад, таваҷҷӯҳи бештари роҳбари кишварамон низ барои пойдор нигоҳ доштани солимии ҷомеа ба насли ҷавону наврас дида мешавад.
Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст дар таълиму тарбияи насли ҷавону наврас саҳмгузор бошанд ва барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии пешрафти ҷомеа аст, зиракии сиёсӣ нишон диҳад.
Одинаева Шарифамо