Ифшогари моҳияти салафия ва тақвиятбахши руҳияи миллӣ

Виркан Музаффарпур, диншинос
(Тақриз ба рисолаи Нурулҳақов Қамар “Салафияи ифротӣ: моҳият ва таҳдиду хатарҳои он”. Душанбе, "Сарбоз", 2018. – 146 саҳ.)
Охири соли 2018 рисолаи диншиноси варзида Нурулҳақов Қамар таҳти унвони “Салафияи ифротӣ: моҳият ва таҳдиду хатарҳои он” (Душанбе, "Сарбоз", 2018. – 146 саҳ.) аз чоп баромад. Муаллифи рисолаи мазкур бо таъкиди мубрамияти омўзиши ислом дар паи тағйироти рўзафзуни равандҳои сиёсӣ ва ҷавоби сазовори илмӣ додан ба мафҳуми «хатарҳои исломӣ», ки падидаи ифротгароиву тундгароиро ба он пайвастааст, бунёдгароӣ ё худ фундаментализми исломиро мувофиқ бо салафия дониста, паи таҳқиқу баррасии ҳамаҷонибаи он камар бастааст. Дар муқаддима таъкид мешавад, ки «Пайдоиши салафияро дар фазои динии олами ислом метавон танҳо бо пайдоиши урдуи Чингиз дар фазои сиёсӣ-фарҳангии Осиёи Марказӣ яксон донист». (саҳ.5). Равияи ниҳоят тундгаро будани салафияро ба назар гирифта, онро муаллиф ҳамчун салафияи ифротӣ қаламдод намудааст.
Боби якуми рисола «Заминаҳои пайдоиши салафияи ифротӣ» ном дошта, дар он нахуст шарҳи мафҳум ва истилоҳи «салаф», «салафи солеҳ», «салафия», таҳаввули он дар тўли таърихи ислом, шахсиятҳо, уламо ва фирқаҳои ба он наздик, ки аксаран ҳадафмандона ақидаҳои ифротиро тақвият намуда, барои манфиатҳои гуруҳӣ истифода бурдаанд, баррасӣ гардидаанд. Сарчашмаҳои ақидавии салафияро ба андешаи муаллиф мазҳаби ҳанбалӣ ва таълимоти Ибни Таймия ташкил медиҳанд. Дар ин бобат хусусияти сифр арабӣ доштан, такяи бештар ба нақл, на ин ки ақл, мавҷуд будани замина барои таҳаммулнопазирӣ, инкори қиёсу мантиқ заминае мешавад барои рушди чунин ҳаракат ва фирқаҳо.
Моҳияти салафияи ифротӣ ҳамчун фирқа (на мазҳаб)-и нави исломӣ бо номи «ваҳҳобия» - «протестантизми нави исломӣ», ки дар усул бемазҳаб, вале дар фурўъ ҳанбалӣ мебошад, боз карда шудааст. Таъкид карда мешавад, ки имрўз ҳадафи салафия натанҳо мубориза бо «бидъату хурофот», инчунин инкори фарҳанги миллӣ ва дар ниҳоят эҷоди замина барои бунёди давлати исломӣ ё худ эҳёи «хилофат» аст. (саҳ.41).
Моҳияти сиёсӣ доштани салафияи ифротӣ барои амали намудани аҳдофи сиёсии доираҳои муайян, гуруҳҳои манфиатдор дар геополитикаи ҷаҳон хеле мусоид аст. Аз ин рў, тавассути гурўҳ ва зергуруҳҳои гуногуни руҳияи салафигароидоштаи мусулмонон, аз қабили «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Такфир ва-л-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзамату-т-таҳрири-л-исломия», «Ҳизбу-т-таҳрири-л-исломӣ», «Ҷабҳату-н-нусра», «ал-Қоида», «ас-Салафияту-л-ҷиҳодия» ва ғ. «…қувваҳои сиёсии беруна (ва баъзан дохилӣ низ) мехоҳанд бо дасти худи мусулмонон дар кишварҳои мусулмонӣ манбаи низоъро бо роҳи тафриқаандозии мазҳабӣ пиёда созанд…». (саҳ.72).
Бахши охири боби аввали рисола роҷеъ ба таҳрифи идеяи тавҳид аз ҷониби салафиёни ифротӣ баҳс мекунад. Дар паи тавҳиди холис ин фирқа бисёре аз расму одот ва суннатҳои маҳаллиро ширк ва куфру бидъат эълон карда, ҳатто муқобили фалсафаи исломӣ, дар бораи зоту сифоти худо фаҳмиши маҷозии онро низ инкор мекунад ва бо ин роҳ ба антропоморфизм мерасад, ки худоро инсонгуна меҳисобад. Ин бошад, баръакс, аз нигоҳи худи ислом комилан ширк аст. 
Боби дуюм «Хусусиятҳои зиддимиллӣ ва иртиҷоии салафияи ифротӣ» ном гирифтааст. Мавқеи салафия доир ба баҳси Арабу Эрон ба таври хеле муфассал дар оғози ин боб инъикос ёфтааст. Аз шиносоӣ бо ин қисмати рисола аён мегардад, ки маҳз тафовути нажодию таърихӣ, мазҳабӣ ва сиёсиву геополитикӣ миёни ин ду халқу миллат, фарҳангу тамаддун баҳси Арабу Эронро аз ибтидо то имрўз ба таври мудовим нигоҳ дошта омадааст. Шикасти эрониён дар назди аъроб ҳангоми лашкаркашиҳо, саҳми минбаъдаи боризи эрониён дар таҳаввули ислом, тафовутҳои мазҳабӣ, манофеи сиёсию геополитикӣ ва ғ. ин баҳсро имрўз низ доғтар кардаанд. Салафия ҳамчун идеологияи миллигароии махсуси арабӣ, бешубҳа, алайҳи Эрон (Аҷам) ва дар маҷмуъ ҳама халқу миллатҳои дигар, ба ҷуз араб аст.
Дар иртибот бо гуфтаҳои боло бахши дуюми боби дуюм муносибати хасмонаи салафияи ифротиро натанҳо бо мазҳаби шиа, ҳатто бо мазҳаби ҳанафӣ, ки бархоста ва созгоршуда бо фарҳанги тоҷику форс мебошад ба маъраз гузоштааст. Мисолҳои зиёд ва далелҳои равшан дар муносибати хасмонаи пайравони ин фирқа ба ҳанафиён ва исломи суннатии мардуми тоҷик, ба адабиёти пурғановати форсизабон оварда шудаанд. Дар ин муносибат мехонем: «Аз ин нигоҳ, салафия сифр як идеологияи арабгароиест дар зери қабои «исломи ноб», ки бар муқобили мардумони ғайри араб нигаронида шудааст… Масалан, муридӣ ва пайравӣ аз пирро як навъи ширк ба Худо дар ақидаю ибодат ҳисобида, ба ҳамин васила на танҳо пирони тариқат ва пешвоёни сўфия… ҳамчунин осори шуарои адабиёти классикии тоҷику форс Аттору Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил, Соиб, Иқбол ва дигар бузургонро куфр дониста, балки тамоми осори башардўстонаи онҳоро низ бидъат ва хилофи ислом мешуморад». (саҳ. 120-121).
Ҳамчунин, муносибати салафияи ифротӣ бо давлати дунявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Имрўзҳо яке аз шиор ва ҳадафҳои асосии салафияи ифротӣ аз байн бурдани низомҳои давлати демократӣ ва дунявӣ арзёбӣ шудааст. Бо ин мантиқ салафияи ифротӣ натанҳо низомҳои демократӣ ва дунявиро низоми куфр медонад, балки «ҳатто он низоми давлатҳои мусулмоние, ки қонунгузории онҳо бештар дар асоси меъёрҳои исломӣ эҷод шудаанду вале баъзе меъёрҳои дунявӣ низ истифода мегарданд, низ «куфр» ба ҳисоб мераванд. (саҳ. 123). Вале намоди салафияи ифротӣ – ДИИШ нишон дод, ки давлате, ки ин мафкура ва фирқа мехоҳад бунёд кунад, ҳеҷ гоҳ бар пояи арзишҳои исломӣ бунёд нахоҳад шуд. Бинобар ин, танҳо низоме, ки кафили озодона фаъолият кардани динҳо, бе фишор ба ҳамдигар ҳастанд, ин давлати дунявӣ мебошад.
Дар боби сеюм «Салафияи ифротӣ абзори идеологӣ-ҳарбии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ» аз оғози давраи пешравиҳои Ғарб, ниёз пайдо кардани он ба захираҳои ғании табиӣ, зеризаминӣ ва қувваи кории арзони Шарқ, кўшишҳои заиф намудани Империяи усмонӣ, бо дасти худи мусулмонон вайрон намудани он сар карда, то нақшаҳои бузурги дигари геосиёсӣ ва глобалии абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таҳлил шудааст. Ба назар мерасад, ки ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои зери ниқоби дин, махсусан дини ислом амалкунанда, чӣ салафию чӣ шиа, ки байни ҳам дар ихтилофанд, абзоре ҳастанд, ки манфиатҳои ҳамон қудратҳоро дар минтақа ва марзи кишварҳои мавриди манфиат қароргирифта пиёда мекунанд. Эҳсоси динӣ ва имондории шаҳрвандони ин кишварҳо бошад, восита ва абзори хуб ва мувофиқест барои ба роҳатӣ амалӣ кардани ин аҳдоф.
Хулоса, рисола ба хубӣ моҳият ва таҳдиду хатарҳои салафияи ифротиро ба хонанда возеҳу равшан, бо мисол ва далелҳо, таҳлилҳои ҷолиб, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, бо ҳадафи огоҳонидан ва пешгирӣ намудани гароиш ба чунин фирқаи золла боз намуда, барои пешгирии хатарҳои он пешниҳод ва маслиҳатҳои муфид медиҳад. Адабиёти истифодашуда низ муҳим ва фарогири тамоми паҳлуҳои масъалаи мавриди таҳлил мебошанд.
Рисола, бешубҳа, дастур, воситаи таълимӣ, роҳнамои хубу муфидест барои муҳаққиқони бахшҳои диншиносию исломшиносӣ, сиёсатшиносӣ, таъриху адабиёт, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои идеологӣ ва оммаи васеи хонандагон.
Яндекс.Метрика