Иштироки Нуриддин Муминзода дар конфронси байналмилалӣ

Сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Нуриддин Муминзода дар конфронси байналмилалии «Одинадцатые Смирновские чтения по логике», ки рӯзҳои 18-21 июни соли 2019 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Мантиқшиноси љавон дар конфронси мазкур дар мавзӯи «Абу Бакр ар-Рази родоначальник логических наук в мусульманском Востоке» баромад намуд. Чи тавре аз номаш маълум аст, конфронси мазкур ёздаҳумин бор баргузор мегардад, ки он ба хотираи олимони барљастаи соҳаи мантиқ Владимир Александрович ва Елена Дмитриевна Смирновҳо бахшида шудааст. Дар конфронс олимони кишварҳои гуногуни љаҳон ба мисли Олмон, ИМА, Љопон, Русия, Гурљистон, Русия ва ғайра ширкат варзиданд. Дар рафти конфронс љаласаҳои пленарӣ гузаронида шуда, дар он чор бахши илми мантиқ фаъолият бурд: Мантиқи рамзӣ Мантиқи фалсафӣ Таърихи мантиқ Мантиқи маърифати илмӣ.

Яндекс.Метрика